Нашрияи Омӯзгор

Ҳамоиши судманд

Сана: 2021-01-22        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

Дар мактаби миёнаи № 8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ семинар - машварати омӯзгорони математика ва физика барпо гардид, ки дар он аксари омӯзгорони фанҳои математика ва физика ҷамъ омада, масъалаҳои рӯзмарраро муҳокима ва табодули таҷриба намуданд. 
Дар кори семинар 62  нафар  омӯзгори математикаю физика иштирок намуданд. Дар семинар мушовири кабинети методии шуъбаи маориф Н.Беҳбудов, роҳбари иттиҳодияи методии омӯзгорони фанни математика Л.Ҷабборова, мушовир Б.Ҷумъаев  ва даъватшудагон, муаллифи китобҳои дарсии фанни математикаи синфҳои 5 ва 6, алгебраи синфи 7, дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, роҳбари гурӯҳи ҳамоҳангсоз оид ба таҳияи китобҳои дарсӣ аз математика А.Шарифзода иштирок намуданд.  
Мавзӯҳои ироанамудаи “Усулҳои ҳалли системаи муодилаҳои якҷинса ва симметрӣ”, “Ҳалли масъалаҳо доир ба бисёррӯяҳо”, ки аз тарафи омӯзгорони литсейи №3 Б.Шодиев ва М.Султонов диққатҷалбкунанда буданд. 
Дар семинар мутахассиси  соҳа А.Шарифзода оид ба таҳияи китобҳои дарсӣ аз фанни математика сухан ронд. Ӯ қайд намуд, ки китоби дарсӣ  дастурест, ки дар он мазмуни асосии маводи таълимӣ дар асоси барномаи таълимӣ таҳия мешавад.  Самаранокии таълими фанҳо аз сифати китобҳои дарсӣ вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, ба таҳияи китобҳои дарсӣ бояд диққати зарурӣ дода шуда, онҳо бояд аз тарафи олимони  соҳа, методистҳо ва омӯзгорони ботаҷрибаи  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳия карда шаванд. Иштирокдорони семинар, инчунин, доир ба баъзе камбудию норасоиҳои китобҳои дарсӣ, аз ҷумла, китоби  алгебраи синфи10, (муаллифон Н.Усмонов, Р. Пиров нашри соли 2017),  китобҳои дарсии фанни геометрияи синфи 8-ум ва геометрияи синфи 9-ум (муаллифон Ҷ. Шарифов, У.Бурҳонов) сухан ронданд. 


Н. ДАГИЕВ,
мутахассиси пешбари  
Маркази ҷуҳуриявии 
таълимию методии назди
 Вазорати маориф ва илм,
М.АЗИЗОВА,
омӯзгори математикаи 
литсейи ДМТ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш