Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши навбатӣ

Сана: 2021-01-29        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо барномаи «Шукуфаҳои Тоҷикистон» - и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷонишинони директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои методии вилоят ба муддати як ҳафта давраи бозомӯзиро ба роҳ монд. Дар омӯзиш шунавандагон оид ба усулҳои нави таълим, истифодаи самараноки воситаҳои техникӣ дар дарс ва корҳои беруназсинфӣ, баён ва таҳлили дарсҳо бо далелҳои мушаххас, инкишофи тафаккури интиқодии хонандагон ва усулҳои нави кори таълимӣ маълумот гирифтанд.
Он чиро ки омӯзгорон тайи ҳафтаи охир дар семинар ёд гирифтанд, баъди бозгашт ба муассисаҳои таълимӣ ба ҳамкасбони худ меомӯзонанд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш