Нашрияи Омӯзгор

15 медали тиллои хонандагони тоҷик

Сана: 2021-01-30        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

20-уми январи соли равон даври 4-уми олимпиадаи байналмилалии “BRICMATH-2020” аз фанни математика бо иштироки беш аз 2 миллион хонанда аз 7 кишвар  ба таври фосилавӣ баргузор гардид, ки дар он 22 нафар хонандаи литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, соҳиби 15 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. 
Тибқи иттилои Сурайё Неъматова, директори литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд, дар олимпиада Сарвар Ибрагимов, Меҳрвар Раҳимов, Раҳимҷон Ибрагимов, Абдухолиқ Тоҷибоев (хонандагони синфи 11), Назокат Акрамӣ (хонандаи синфи 8), Анӯшервон Каримов, Мирзоибодулло Абдуқодиров, Меъроҷ Собирзода, Абӯбакр Раҳимов, Наврӯзшоҳ Раҷабов, Абӯбакр Орипов,  Баҳодур Шукуров, Самад Аҳмадов (хонандагони синфи 7), Мубин Фозилов ва Сулаймон Асрорӣ (хонандагони синфи 6) соҳиби медалҳои тилло шуданд. 
Дар олимпиадаи ҷаҳонии “BRICMATH-2020” хонандагони синфҳои 1-11 аз кишварҳои гуногуни олам иштирок мекунанд ва он соли 4-ум аст, ки бо забони англисӣ баргузор мегардад. ҳадафи асосии озмун ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ, аз ҷумла, риёзӣ мебошад.
Дар соли хониши 2020-2021 шогирдони литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ дар кишварҳои Таиланд, Туркия, Федератсияи Россия иштирок намуда, 39 медал  (22 медал тилло, 8 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ) ба даст оварданд. 
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш