Нашрияи Омӯзгор

Хобгоҳи 12-ошёна дар Шаҳраки донишҷӯён

Сана: 2021-01-29        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

22 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор дода, бо шароити дар он фароҳамгардида шинос шуданд.
Иншоот дар доираи сохтмони навбати 2-юми бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бунёд гардида, аз таҳхона, 12 ошёна ва 207 ҳуҷраи хоб барои донишҷӯён иборат буда, дар маҷмӯъ барои бештар аз ҳазор нафар донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.
Ҳуҷраҳои хобгоҳ бо тамоми лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуда, дар бино барои донишҷӯён шароити муосири истиқомат фароҳам гардидааст.
Хобгоҳ ҳамзамон аз ошхона, ҳуҷраҳои маъмурият, нуқтаи тиббӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар бинои нави хобгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат барои донишҷӯён синфхонаи компютерӣ, толорҳои дарстайёркунӣ, ҷойи истироҳат, хонаҳои либосивазкунӣ ва нуқтаи хӯроктайёркунӣ таъсис дода шудааст.
Дар маҷмӯъ ҳар як ошёнаи хобгоҳ дорои толор барои дарстайёркунӣ ва ошхона, ҳаммом ва дигар утоқҳои зарурӣ мебошад.
Дар бинои нав ҳамзамон дар асоси лоиҳа лифт насб карда шуда, дар байни ошёнаҳои он се адад зинапояҳои оҳану бетонии зиддисӯхтор сохта шудааст.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити мусоиди фароҳамгардида барои донишҷӯён дар шафати хобгоҳи нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои оғози корҳои сохтмони боз ду бинои нави хобгоҳ, қисмҳои “Б” ва “В” асос гузоштанд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз имконоти мавҷуда барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии донишҷӯёни шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат дар шаҳри Душанбе тамоми тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ҷиҳати истифодаи пурра аз шароити фароҳамгардида ва ба роҳ мондани курсҳои забономӯзию касбу ҳунарҳои муосир барои донишҷӯён дар хобгоҳҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

President.tj
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш