Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ дар ДМТ

Сана: 2021-01-29        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

22 январи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавзеи “Шаҳраки донишҷӯён” бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави таълимии факултаи иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои бонуфузи олии таълимии мамлакат ба шумор меравад.
Донишгоҳ дорои 19 факулта бо фарогирии 118 кафедра, Институти илмӣ - тадқиқотӣ, литсейи равияи табиӣ-риёзӣ, китобхонаи илмӣ, китобхонаи электронӣ, 103 озмоишгоҳи илмию таълимӣ, 14 озмоишгоҳи илмию тадқиқотӣ, 10 маркази интернетӣ, 39 синфхонаи компютерӣ, 9 синфхонаи лингофонӣ, маркази биотехнологӣ, парки технологӣ, маркази омӯзиши забонҳо, Институти Конфутсий, маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардон, маркази тестӣ, технологияи иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, курси тайёрӣ, 4 толори варзишӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, осоишгоҳ ва бунгоҳи тиббӣ мебошад.
Дар 118 кафедраи донишгоҳ 1310 нафар устодон, аз ҷумла, 180 нафар доктори илм, 545 нафар номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шуда, фаъолият менамоянд.
Дар донишгоҳ 725 нафар устодони дорои унвони илмӣ фаъолият доранд, ки 55,3 фоизи онҳо кормандони асосии донишгоҳро ташкил медиҳанд. Ин шумора яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамчунин, дар донишгоҳ 13 нафар академики Академияи миллии илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 12 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
Имрӯз шумораи донишҷӯён дар донишгоҳ 25 ҳазору 746 нафар мебошад. 
Давоми солҳои истиқлоли давлатӣ, маротибаи ҳаштум аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, дар чорабиниҳои муҳими ин муассисаи олии таълимии мамлакат ширкат меварзанд ва дар ҳар як боздид барои бунёдкориҳои азим иқдоми нав амалӣ мегардад.
Аввалин маротиба соли 1993 Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ба донишгоҳ ташриф оварда, бо ҳайати устодону кормандон вохӯрӣ анҷом доданд.
12 сентябри соли 1998 дар ҷумҳурӣ ҷашни 50-умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Ба ин муносибат бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академӣ - драмавии опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ ҷамъомади идона баргузор гардид.
Ташрифи сеюми Пешвои муаззами миллат ба Донишгоҳи миллӣ ба 31 августи соли 2007 рост меояд. Зимни ин боздид Сарвари давлат бинои хобгоҳи рақами 7-ро барои донишҷӯдухтарон ифтитоҳ карданд.
Маротибаи чорум 5 сентябри соли 2007 Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллӣ  ташриф оварданд. Зимни ин боздид Пешвои миллат барои бунёди биноҳои нави таълимии Шаҳраки донишҷӯён хишти аввал гузоштанд.
Бахшида ба 60-умин солгарди таъсисёбии донишгоҳ Пешвои миллат 24 октябри соли 2008 ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, аз як қатор биноҳои мавҷуда ва иншооти нави сохтмонашон идомадоштаи донишгоҳ дидан карданд. Президенти мамлакат баъди боздид аз донишгоҳ бо устодону донишҷӯён дар толори Кохи Ваҳдати пойтахт вохӯрии хотирмон анҷом доданд.
1 сентябри соли 2010 бахшида ба Рӯзи дониш дар Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ бо иштироки Пешвои муаззами миллат ифтитоҳи 4 бинои нави таълимии донишгоҳ - бинои факултетҳои физика, биология, геология, механикаю математика ва факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Беларус доир гардид.
6 марти соли 2015 Пешвои миллат ба Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, барои сохтмони бинои аввали хобгоҳи нави он санги асос гузоштанд.
Ташрифи ҳаштуми Сарвари давлат ба Донишгоҳ 20 майи соли 2020 сурат гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои созандагии хобгоҳи нави донишгоҳ, ки аз 12-ошёна иборат аст, боздид намуданд.
Маҳз бо талошҳои созандаи Пешвои миллат барои рушду такомули ин боргоҳи илм тадбирҳои арзишманд амалӣ шуд. Аз ҷумла, дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат барои 8 факултет бинои наву замонавӣ бунёд гардид. Имрӯзҳо дар ҳамаи иншооти ҷавобгӯи талабот устодони донишгоҳ ба таълиму тарбия машғул буда, ҷавонон - насли ояндасози Ватан ба омӯзишу соҳибкасб гаштан фаро гирифта шудаанд.
Бинои нави таълимии донишгоҳ барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 5048 нафар пешбинӣ шудааст.
Иншооти мазкур аз ду қисми 7-ошёнагӣ иборат буда, дар он факултети молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ ҷойгир мебошад.
Иншоот аз осорхона, 73 синфхонаи дарсӣ бо ғунҷоиши аз 14 то 50 ҷойи нишаст, 5 толори калони маҷлисӣ дорои 100 ҷойи нишаст, 4 кабинети лингофонӣ ҳар кадом дорои 16 ҷойи нишаст, 8 синфхонаи компютерӣ, озмоишгоҳи таълимии “1 С” барои омӯзиши нозукиҳои илми муҳосибӣ ва озмоишгоҳи инноватсионии технологияи муосири информатсионӣ иборат мебошад.
Дар факултети молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар бинои наву замонавӣ ҷойгир карда шудааст, дар маҷмӯъ, 17 кафедра ва 27 ихтисос мавҷуд буда, 192 нафар устод, аз ҷумла, ҳайати бонуфузи академикҳо, номзадҳои илм ва профессорон ба таълиму тарбияи 5048 нафар донишҷӯ машғуланд.
Дар ошёнаи якуми бинои факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси таъсиси марказҳои инноватсионӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмии омӯзгорон ва муҳаққиқон “Маркази инноватсионӣ” таъсис дода шудааст.
Ҳамзамон, дар таҳхонаи иншоот 2 китобхона бо 308 ҷойи нишаст ташкил карда шудааст, ки донишҷӯёну омӯзгорон метавонанд аз онҳо ба таври васеъ истифода намоянд. Ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ бо технологияи муосири информатсионӣ, аз ҷумла, компютер, тахтаи электронӣ ва видеопроекторҳо муҷаҳҳаз мебошанд.
Дар ҳар як ошёна ҳуҷраҳои кории устодону кормандон, синфхонаҳои компютерию кабинетҳои лингофонӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар утоқҳои лозима барои  омӯзгорону донишҷӯён бунёд гардидааст.  
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ифтитоҳи иншоотро туҳфаи навбатии Ҳукумати мамлакат дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, аз устодон ва кормандони соҳаи илму маориф талаб намуданд, ки дар самти тарбия намудани ҷавонони худогоҳу худшинос ва мутахассисони варзидаи талаботи бозори меҳнат таваҷҷуҳи бештар мароқ зоҳир карда, дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълим дар бинои нави факултаи иқтисодию молиявии донишгоҳ Сарвари давлат ба масъулини вазорати маориф ва илм ва роҳбарияти донишгоҳи миллӣ дастур доданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ-русию англисӣ аз курси 1 то 5, яъне дар тамоми ҷараёни донишомӯзӣ ба роҳ монда шавад. Супоришҳо инчунин оид ба масъалаи ташкили шароити хуби иҷтимоӣ, аз қабили бунёди қаҳвахонаву ошхона ва ҷойи дастурӯшӯӣ дар ҳар як бинои таълимӣ, таъмини ободии атрофи биноҳо, корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии саҳни донишгоҳ дода шуд. Дар оянда бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои насли ояндасоз бо бунёди иншооти наву замонавии биноҳои таълимӣ шароити муосири таҳсил фароҳам оварда мешавад.
Зимни муаррифии лоиҳаи бунёди иншооти нав Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бинокорон дастур доданд, ки дар вақти таҳияи лоиҳа ҳамаи талаботи меъёрҳои меъморӣ, масоҳати заминҳои ҳудуди мавзеъ ба инобат гирифта шуда, ба масъалаи муҳлат ва сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш