Таҳаввул маънои тағйирёбию дигаргуншавӣ ва тараққӣ маънии болоравӣ ва пешравиро ифода мекунад. Раванди таҳаввулу тараққӣ, қабл аз ҳама, ба сатҳи ташаббусу ибтикори қишри зиёӣ ва ниҳоди мадании ҷомеа, ки бо илму дониш мусаллат аст, бастагӣ дорад. Дунёи пешрафта ва ба истилоҳ, ҷаҳони модерн дунёи дониш, маърифат, фазилат ва биниши наву ҷадид аст. Дунёи пешрафта бар мабнои хиради фардӣ ва фазилати ҷамъӣ сохта мешавад ва барномарезиҳое, ки дар ин замина рӯйи кор меоянд, танҳо дар маҳдудаи давлати дунявӣ татбиқ мегарданд. Дар он ҳар инсон, вобаста ба сатҳи тафаккур, шуур, фарҳанг, эҷод, ҳунар ва ҷаҳоншиносиаш ҷойгоҳ ва мақоми шоиста дорад. Инсон дар натиҷаи хирадварзӣ ва фазилатмандӣ дунё ва тафаккури модерн меофарад ва таҷаддудро ба сифати меъёри зиндагӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ решадор месозад. Ба ин маъно инсони тавонманд ҳамонест, ки хирадро ба унвони асл ва меъёри зиндагӣ шинохта, дар партави фазилат ҷаҳони наву модерн ба вуҷуд меоварад. Ин ки дар фалсафа ва афкори фалсафии муосир инсон ба унвони меҳвар ва маънои вуҷуду ҳастӣ талаққӣ шудааст (манзур фалсафа ва ҷараёнҳои муосири фалсафианд, ки инсонро дар маркази таваҷҷуҳ қарор медиҳанд), маънои онро надорад, ки дар давраҳои қадим ва асрҳои миёна андешаҳое, ки бар мабнои инсонмеҳварӣ ироа гардидаанд, вуҷуд надоштаанд. Чи дар Шарқ ва чи дар Ғарб анвои андешаҳое, ки дар қолаби осори манзуму мансур ҷамъоварӣ гардида, вежагии инсонмеҳварӣ доштанд, кам набуданд. Гузашта аз ин, ҳакимону файласуфон ва мутафаккирони шарқию ғарбӣ барои аз асорати фикрию идеологӣ ва ақидатию иҷтимоӣ наҷот додани инсон саъю кӯшиш карда, дар ин замина, осори арзишманди адабӣ, бадеӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва ҳунарӣ ба мерос гузоштаанд. Мероси арзишманди ҳиндӣ, чинӣ, эронӣ, мисрӣ, юнонӣ ва румӣ гувоҳи он аст, ки мавзӯи инсонмеҳварӣ дар тавъамӣ бо хирадварзӣ ва меҳрпарастӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор доштааст. Ҳарчанд ки дар осори фарҳангии бостонӣ ва асримиёнагӣ, махсусан, мероси шарқӣ мавзӯоти динӣ ва ирфонӣ бештар инъикос ёфтаанд. Муҳимтар аз ҳама, дин ва мазҳаб аз қадимтарин замонҳо ба сифати қудрати сиёсӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маданӣ дар ҷомеа нуфуз доштааст ва сардамдорони динӣ на танҳо умури мазҳабӣ ва оинӣ, балки тамоми фаъолиятҳои инсониро таҳти назар мегирифтаанд. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки муносибати мутақобили “дин ва сиёсат” тайи 5 ҳазор соли ахир ба масъалаи дин ва назорати он иртибот мегирад. Дин ва назорати аҳли ҷомеа тайи асрҳои тӯлонӣ, ки ба даврони набуди осори хаттӣ марбут мешавад, масъалаи меҳварӣ будааст. То падид омадани давлат дин тавассути васила ва усулҳои сиёсӣ ҷомеаро идора мекард ва аз ин тариқ бо системаи сиёсӣ пайванд ёфт. Муҳокимаи инсонҳо, бадарға ва муҷозот кардани онҳо дар доираи фармудаҳои динӣ дар ҷомеаҳои ибтидоӣ иттифоқ меафтодааст ва ин навъ муносиботи аввалияи иҷтимоӣ алоқамандии динро бо сиёсат дар давра ва мароҳили ибтидоӣ таҳаққуқ бахшидааст. Гузашта аз ин, муборизаи равшанфикрону мутафаккирон бо динмадорону рӯҳониён, ки аз пуштибонии бевоситаи шоҳону амирон ва сиёсиёни даврон бархӯрдор буданд, далели он аст, ки инсон ва озодиҳои фитрию зотии ӯ сарчашмаи баҳсҳои ҷиддии ҳар давру замон будааст. Агар дар Шарқ маобиди динӣ ба унвони ҷабҳаи сиёсию идеологӣ ва фикрию ақидатӣ хидмат мекарданд, дар Ғарб калисо минҳайси неруи тавонои сиёсию мафкуравӣ ва динию мазҳабӣ дар пушти давлатҳо қарор гирифта буд. Ба сухани дигар, калисо дар Ғарб ба дастгоҳи пурқудрати ақидатӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфта, бо давлат ва сиёсат дар иртиботи қавӣ қарор гирифта буд ва ин ду неру (калисо ва давлат) тамоми умури зиндагиро назорат мекарданд. Ҳамин тариқ, бо ибтикороти табақаи равшангари ғарбӣ дар Аврупо мавҷи нави таҳаввулоту пешравӣ ба вуҷуд омад, ки онро ба таври истилоҳӣ “Даврони Эҳё” ном бурдаанд. Даврони Эҳё дар Аврупо илм ва хирадро дар муқобили хурофоту таассуби мазҳабӣ қарор дод ва роҳи мубориза ва муқовиматро алайҳи калисоиён ва рӯҳониёни масеҳӣ ҳамвор сохт. Тамоми пешравӣ ва таҷаддуди Ғарб ба инсонмеҳвар ва донишбунёд будани системаи сиёсию давлатӣ марбут аст. Ҷомеаи муосири аврупоӣ системаи давлатдории дунявиро ба унвони меъёри сиёсию давлатӣ ва иҷтимоию маданӣ шинохтааст ва ин низоми сиёсию идорӣ ва маданию фикрӣ инсонро ба сифати арзиши олӣ пазируфта, ба озодии виҷдон ва ҳаққи интихоб эҳтиром мегузорад. Озодии виҷдон озодии интихоби ақида, мафкура, дину мазҳаб ва соири эътиқодоту бовардоштҳо аст. Дар кишварҳое, ки демократия устувор аст, озодиҳои фардӣ ва ҳуқуқи инсонӣ арзишҳои баланди ҷомеа ва давлат шинохта мешаванд. Дар давлат ва кишварҳое, ки демократия ва дунёмадорӣ дар маънои томаш нуфуз ва тасаллут доранд, намояндагони дину мазоҳиб ба таври озод фаъолият мекунанд. Ҷомеае, ки ба хирад эътимод дорад ва аъзои он бар мабнои ақлу хирад фаъолият мекунанд, умри дароз мебинад. Истифода аз таҷриба ва собиқаи хирадмеҳварӣ ва донишбунёдии давлат ва ҷомеаҳои пешрафтаи ғарбӣ ва шарқӣ тақозои замон аст ва махсусан, дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки ҷиҳатҳои мусбату манфӣ дорад, перомуни фарҳанг ҷамъ шудани ҷомеаҳо, миллият ва давлатҳо сатҳи таҳдиду хатарҳои глобалиро коҳиш медиҳад. Ҳамчунин, ҳамкории давлат ва ҷомеа дар маҳдудаи низоми давлатдории дунявӣ ба амри табиӣ табдил меёбад ва ин ҳолат имкон фароҳам меоварад, ки мушкилот ва муаммоҳои мавҷуда тадриҷан ҳаллу фасл гардида, шароити арзандаи зистӣ муҳайё шавад.
Н. Нуров, устоди ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода
Иловакунӣ
Иловакунии фикр