Нашрияи Омӯзгор

Баррасии сифати китобҳои дарсӣ

Сана: 2021-01-29        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

Ҳафтаи гузашта дар толори ПРМ ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ бо ибтикори шуъбаи таҳсилот ва технологияи педагогӣ, шуъбаи  муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти ибтидоии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Талаботи назариявӣ ва амалӣ ба таҳияи  китобҳои дарсӣ барои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагони  Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, муассисаҳои зерсохтори он, муаллифони китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ ва омӯзгорону устодони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Ҳамоишро ноиби президенти АТТ Ирина Каримова ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар мизи мудаввари имрӯза дар бораи сатҳу сифати муҳтавои китобҳои дарсии зинаи таҳсилоти ибтидоӣ гуфтугузори ҷиддӣ ва ошкоро бояд сурат гирад. Директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Лутфия Иматова қайд кард, ки китоби дарсӣ дар масъалаи донишазхудкунии хонандагон, тарбияи ғоявию ахлоқӣ, сатҳи фаҳмишу дарс ва ҷаҳонбинии онҳо нақши бузург мебозад. Сипас, сармутахассиси шуъбаи таҳсилот ва технологияи педагогӣ Азим Байзоев дар мавзӯи «Роҳҳои амалии баланд бардоштани сифати китобҳои дарсӣ» сухан ронда, аз ҷумла, хотиррасон намуд, ки ҳангоми таълифи китобҳои дарсӣ (зинаи таҳсилоти ибтидоӣ) бояд дар байни муаллифони китоб, таҳиягарону мураттибони Барномаи таълимӣ, муҳаррирон ва муқарризон ҳусни тафоҳум ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ мавҷуд бошад. 
Мудири шуъбаи муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти ибтидоии ПРМ,  номзади илмҳои педагогика  Шарифамоҳ Котибова дар мавзӯи «Асосҳои педагогию методологии таҳияи китобҳои дарсӣ барои синфҳои ибтидоӣ» ҳарф зада, зикр намуд, ки сиёсати давлатӣ дар самти таълиф ва  таҳияи китобҳои дарсӣ ба асноди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, дурнамо, консепсияҳо, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳа, аз ҷумла, Стратегияи рушди маориф то соли 2030, Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи адабиёти таълимӣ», стандартҳои давлатию таълимии таҳсилоти ҷумҳурӣ ва дигар асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ асос меёбад.
Мудири шуъбаи АТТ, доктори илмҳои педагогӣ Файз Гулмадов изҳор дошт, ки дар  китобҳои дарсӣ ба ҷойи матне, ки ба замони муосир мувофиқ нест, матни дигарро ҷой додан ҳеҷ мушкилӣ надорад. Устоди ДМТ, номзади  илмҳои филология Абдуваҳҳоб Абдулазизов пешниҳод намуд, ки агар таълифи китобҳои дарсӣ ба таври алтернативӣ ба роҳ монда шаванд, аз фоида  холӣ нест. Муаллифи  китоби «Забони модарӣ» (синфи 2) Бунафша Ғаниева таъкид кард, ки муқарризон ба китобҳои дарсӣ ба таври воқеӣ баҳогузорӣ карда наметавонанд. 
Корманди ДҶТИБКСМ Заррина Норова зикр кард, ки дар як сол 600 нафар омӯзгор аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мегузаранд. Мушоҳидаҳо бозгӯйи онанд, ки 60 дар сади омӯзгорон аз китобҳои дарсӣ дуруст ва самарабахш истифода мекунанд, 40 фоизи онҳо ба китоби дарсӣ муносибати ҷиддӣ надоранд. Директори Осорхонаи АТТ Қ.Зиёев аз он изҳори таассуф намуд, ки бо вуҷуди ислоҳоту дигаргуниҳое, ки дар  соҳаи маориф, ба хусус дар масъалаи таълифи китобҳои дарсӣ ба амал омадаанд, ҳанӯз нутқи хонандагон ба таври зарурӣ инкишоф наёфтааст. Онҳо дуруст гап задаву фикрашонро саҳеҳ баён карда наметавонанд. Ба андешаи омӯзгори мактаби №34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ф.Оймаҳмадов, дар  масъалаи сифату муҳтавои китобҳои дарсӣ се омили нигаронкунанда мавҷуд аст: сатҳи нокифояи дониши омӯзгор, дараҷаи пасти тасаввуру фаҳмиши волидон ва мавзӯъҳои китоби дарсиро суст аз  худ  кардани хонандагон. 
Мутахассиси Маркази  ҷумҳуриявии таълимию методӣ Мастона Азизова гуфт, бисёре аз  омӯзгорони кишвар хостори онанд, ки чун пештара (дар  замони Шӯравӣ) китобҳои дарсии «Забони модарӣ» ва «Хониш» дар синфҳои поёнӣ ба таври алоҳида навишта шуда, таълими ин фанҳо низ ҷудогона роҳандозӣ карда шаванд. Муаллифи китоби дарсии «Табиатшиносӣ»  барои синфҳои 2, 3, 4 Набӣ Қодиров иброз дошт, ки агар ҳамасола дар ҷумҳурӣ озмуни «Беҳтарин китоби дарсӣ» гузаронида шавад, нуран ало нур мешавад. Корманди АТТ Салоҳиддин Амонӣ қайд кард, ки китобҳои  дарсии имрӯза беҳтарин ба  шумор рафта, ҳоҷат ба баргузории озмунҳои гуногун дар ин самт нест. Мутахассиси Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Маҳина Бобоева хотиррасон кард, ки то охири моҳи январ ҳайати нави коршиносони китоби дарсӣ дар Шӯрои таҳсилоти назди Вазорати маориф ва илм тасдиқ ва ба кори худ шурӯъ мекунад.
Корманди АТТ, доктори илмҳои педагогӣ С.Неъматов хидмати муаллифони китоби дарсиро шоиста арзёбӣ намуда, афзуд, ки ба масъалаи таълифи китоби дарсии ҳамаҷониба ба замони муосир созгор аз  рӯйи виҷдон, дилсӯзона муносибат бояд кард.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш