Нашрияи Омӯзгор

Намою ҷилои Сада

Сана: 2021-01-29        Дида шуд: 824        Шарҳ: 0

Истиқлоли давлатӣ барои дурахши чеҳраи миллии тоҷикон ва эҳёву шинохти рос-тини таърихи пурҳаводису рангини ин халқи куҳанбунёд шароити созгор фароҳам овард. Сиёсати тамаддунсозу ватанпарастонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари омилҳои дигари манфиатбораш ба эҳёи анъанаҳои дерину мардумии тоҷикон мусоидат кард. 
Дар партави он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт, ҷашни Меҳргон шукӯҳи тоза пайдо кард, ҷашни Тиргон «қомат рост намуд». Дар ин радиф ҷашни Сада низ ҷойгоҳи хоса дарёфт. Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин ҷашни таърихии миллат, аз ҷумла, чунин иброз доштанд: «Барои халқи тоҷик ҷашни  Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад». Ва чунин ҳам шуд. Инак, даҳсолаи сеюм аст, ки дар оғӯши истиқлол мардуми шарафманди тоҷик дар остонаи фасли баҳор-дар охири моҳи январ Садаро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоянд. Ба истиқболи ин ҷашни дерини миллӣ ҳамоишҳои тантанавӣ, базмҳои шеъру суруд, намоишҳои гуногун, маросими кишоварзӣ ва амсоли инҳо ороста мешаванд.
Ба ифтихори Садаи фархунда нашриёти бонуфузи мамлакат «Адиб» китоберо бо номи «Гулхани Сада» ба табъ расонд, ки хеле ҷолибу муҳтавоманд аст. Дар ин китоб як силсила мақолаву гузориш ва ашъори барчидаи олимону муҳаққиқону шоирони ҷумҳурӣ гирд оварда шудааст. Нахустнигоштаи китоб «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» ном гирифтааст ва дар он маълумоти хеле ҷолибу аҷиб оид ба таърихи ҷашни Сада пешниҳоди хонандагон гардидааст. Мақолаи «Ҷашни Сада-талояи Наврӯзи навбаҳор», ки ба қалами олимони маъруф Ф.Раҳимӣ, А.Сатторзода, Ю.Ёқубов, Ҳ.Камол, С.Раҳматуллозода ва Р.Аҳмад тааллуқ дорад, ҳикмату моҳияти ин ҷашни нишотбахшро тафсир мебахшад. Мақолаи дигари китоб – «Ҷашни Сада – ҷашни чиллаи хуршед» аз ҷониби академик А.Раҳмонзода ва профессор Р.Раҳмонӣ нигошта шудааст ва хонандаро ба сайри бавусъату файзбахшу ифтихорбарангези таърихи ҷашни Сада мебарад. Ин мақола хеле фарогиру пурдалел буда, ҳамбаста ба ифтихори миллист ва ба бисёр махсусиятҳои ҳикматбори ҷашн равшанӣ мебахшад. Дар фарҷоми мақола муаллифон ба хулосае расидаанд, ки «Дар ҳақиқат, ҷашни Сада ба мисли ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ҷашни ободкорӣ ва кишоварзон мебошад, ки  тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ намуда, маросимҳои онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ мекунанд».
Муаллифони мақолаҳои диагари китоби «Гулхани Сада» олимони номвар М.Ҳазратқулов, А.Салимзода, Б.Забеҳулло… низ кӯшидаанд, ки намою ҷилои ҷашнро тавсифи шоиста бубахшанд.
Қисмати дигари китоб як силсила шеърҳои самимию пурмазмуни гурӯҳе аз шоирони маъруфи кишварро  дар ситоиши ҷашни Сада фаро гирифтааст. Чунончи, ин  қитъа, ки «Ҷашни Сада» ном дорад, аз устоди равоншод Гулназар аст:
Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.
Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз!

Саодат Махсумова,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш