Нашрияи Омӯзгор

Равшанибахши дилҳо

Сана: 2021-01-29        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

Ҷашнҳои миллии тоҷикон саҳифаҳои заррину дурахшони таърихи ин халқи куҳанбунёдро ташкил медиҳанд. Ҷашни Сада аз бостонитарин маросими халқӣ мебошад, ки тамоми маҳдудияту монеаҳои аҷнабиёну нотавонбинон ва ифротгароёнро бартараф намуда, то замони мо расидааст ва ба шарофати Истиқлоли давлатӣ рангу ҷилои тоза пайдо кардааст. Ин тасдиқгари он ҳикмати дерин аст, ки ҳар амали нек ва манфиатовару нишотбахши мардум ҳаргиз маҳкуму саркӯб намешавад, аз ҳар сӯиқасду таҷовуз эмин мемонад ва ба қавли маъруф, «Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон».
Ҷашн Садаи тоҷикон таърихи қадиму ибратбахш дорад ва инъикосгари ин таърих, пеш аз ҳама, маъхазҳои бостонӣ, осори ниёгон ва адабиёти бадеӣ мебошанд. Чунончи, дар фарҳанги машҳуру боэътимоди «Ғиёс-ул-луғот» омадааст: «Сада дар забони форсӣ номи ҷашнест аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман рост меояд». Дар як маъхази дигар омада, ки азбаски аз даҳуми моҳи баҳман то Наврӯз панҷоҳ шабу рӯз аст, ин рӯзро Сада ном ниҳодаанд, зеро ба таъкиди Абӯрайҳони Берунӣ, мардуми форснажоди аҳди бостон шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд. Ин алломаи айём дар асари маъруфаш «Китоб-ут-тафҳим» дар хусуси Сада менависад: «Дар ин рӯз мардум оташҳо зананд, ҷавзу бодом истеъмол намоянд ва гирд ба гирди он шароб хӯранду рақсу шодӣ кунанд».
Мувофиқи маълумоти баъзе аз сарчашмаҳои дигар, ҷашни Сада ба муносибати аз хонаи зимистониаш убур кардани хуршед ва ба баҳор майл кардани он, ҳангоми то Наврӯз панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб, яъне сад шабу рӯз мондан ва ба нияти неруҳои сармо ва торикиро ақиб занонда, хуршедро мадад кардан, (то аз нав неруманд шавад) баргузор мегардад. Умуман, тавсифи пайдоиши ҷашни Сада бо оташу гармӣ иртиботи устувор пайдо намудааст. Шоири бузург Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ ҷашнгирии Садаро ба даврони ҳукмронии шоҳ Ҳушанг нисбат додааст. Мувофиқи ривояти тафсирбахшидаи Фирдавсӣ, дар миёнаҳои моҳи баҳман Ҳушанг бо муқаррибони худ ба шикор меравад. Аз пеши роҳи шоҳ мори сиёҳи бадҳайбате пайдо мешавад. Шоҳ сангеро гирифта, сӯи мор мепартояд. Санг хато мераваду мор даргурез мешавад, вале санги хаторафта ба санги дигар бармехӯраду шарора ба миён меояд ва хасу хошоки атроф аланга мегирад. Ҳушанг ба фаросат аз кашфи оташ огаҳ мешавад ва инро ҳодисаи беназир эълон менамояду мегӯяд: «Ин шуоъ фурӯғи Худовандист, ки ба мо ато шуд, онро бояд табаррук донем ва парастем». Ҳамин тавр, ин маросим ҳар сол дар ҳамин рӯз ҷашн гирифта мешуд, ки баъдтар ба анъана табдил ёфт ва ҷашни Сада ном гирифт. Дар ин ривоят он нукта муҳим ва пурҳикмат аст, ки аҷдоди тоҷикон рӯзи пайдоиши оташро, ки аслан инқилоби бузурге дар ҳаёти инсонӣ буд, ба ҷашни бошукӯҳу безаволи миллӣ табдил доданд. 
Ин оташ аз худафрӯзӣ нишон 
аст,
Ки онро рағми зулмат офариданд.
Зи нураш карда равшан хонаи дил,
Шарарҳои муҳаббат офариданд.

Марҳабо ҲАЙДАРОВА, 
омӯзгори забон ва
адабиёти тоҷик
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш