Нашрияи Омӯзгор

Ғалатҳоро ислоҳ мебояд

Сана: 2021-01-29        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

Ба навиштани мақолаи мазкур маро китоби «Математика» (барои синфи 4, соли нашр 2012) водор намуд. Дар муқоваи охири китоб алифбои лотинӣ оварда шудааст, ки аз 26 ҳарф иборат аст. Барои муқоиса китоби «Математика»-и синфи 4 (соли нашр 2016)–ро низ аз назар гузаронидам. Дар ин китоб низ ҳамон алифбо ҷой дода шудааст (дар муқоваи аввали китоб). Баъдан китобҳои «Химия»-и синфи 8, китоби «Химияи органикӣ»-и синфи 10, «Алгебра»-и синфи 7 (соли нашр 2018)-ро аз назар гузаронидам, ки айнан ҳамон алифбои англисиро лотинӣ номнавис кардаанд. Аввалан, бояд гуфт, ки алифбои лотинӣ 25 ҳарф дорад, на 26 ҳарф, дуюм, дар алифбои лотинӣ ҳарфи W (дубл-вэ) мавҷуд нест, сеюм, номи ҳарфи Е-и лотинӣ ҳамчун Э (элак) аст, на ҳамчун Е, чунонки дар китобҳои зикршуда оварда шудааст, чорум, ҳарфи Y дар алифбои лотинӣ ипсилон ном дорад, на икс.

Акнун доир ба баъзе аз истилоҳоту ифодаҳои нодуруст ва хатоҳои имлоиву забонии китобҳои «Зоология» (синфи 7, соли нашр 2018) ва «Биология» (синфи 9, соли нашр 2019) андешаҳои хешро баён карданиям. Бояд бугӯям, ки барои муқоисаи истилоҳу вожаҳо ва баёни андеша ман аз китобҳои «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (соли нашр 2013), «Луғати русӣ – тоҷикӣ» (соли нашр1985) ва луғати «Лотинӣ – русӣ» (соли нашр 1975) истифода кардам. Ба ҳеч ваҷҳ мақсади ман мазаммат кардани ин ё он муаллиф набуда, балки беҳтар намудани сифати китобҳои дарсӣ ва пешниҳоди маълумоти саҳеҳ ба омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таъ-лимӣ мебошад.
Дар китоби «Зоология» (саҳ. 7) расми Абӯалӣ ибни Сино оварда шудааст, ки аз расми дар китоби «Биология» (саҳ.7) дарҷшуда фарқ дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз гузаштагони мо – сиёсатмадорон, адибону ҳакимон аксҳо вуҷуд надоранд. Ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки муаллифони мо аксҳои гуногунро дар китобҳо дарҷ кунанд. Боре дар дохили микроавтобус дар маркази ноҳияи Мастчоҳ шоҳиди саволи писарбачаи 6 – 7-сола шудам. Аз падараш пурсид, ки «ин ҳайкали кист?» Падараш ҷавоб дод, ки «Исмоили Сомонӣ». Писарбача боз пурсид, ки «пас, чаро дар китоби акоям расми Исмоили Сомонӣ дигар хел аст?». Падар ҷавоби қаноатбахш дода натавонист. 
Дар истифодаи истилоҳот низ фарқиятҳо ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, дар нақшаи сохти ҳуҷайраи эукариотҳо дар китоби «Зоология» (расми 7) ва таркиби ҳуҷайраи одам дар китоби «Биология» (расми 3) фарқияти зиёде дар номгузории аъзои (органеллаҳо) ҳуҷайра мушоҳида мешавад. Мағзи ҳуҷайра дар яке «ядро», дар дигаре «ҳаста» навишта шудааст. Ё ин ки дар яке ҷилд ва дар ҷойи дигар девори ҳуҷайра омадааст. Дар китоби «Зоология» (расми 7) мембранаи ситоплазма, вакуолаи пиноситозӣ, аппарати Голҷи, митохондрия, носаҳеҳ ишора шуда, ҳатто рақами 7 бешарҳ мондааст. Ба андешаи инҷониб, мувофиқан ба «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ва китоби «Биология» (саҳ.18) истилоҳи ядроро истифода намоем, беҳтар аст.  Зикр бояд кард, ки чунин номувофиқӣ дар «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» низ мушоҳида мешавад. Яъне калимаи мазкур дар як ҷо (саҳ.9) ташдид дорад, дар ҷойи дигар (саҳ.90) бе ташдид аст. Дар саҳифаҳои 70, 79, 80, 82 ва 228 калимаи регенератсияро эҳёшавӣ тарҷима кардаанд, ки нодуруст буда, ин калима маънои таҷдидшавиро (навшавиро ё азнавбарқароршавиро) дорад («Луғати русӣ-тоҷикӣ» саҳ.963). Дар саҳифаи 78 капсула пуфак тарҷума шудааст, ки нодуруст буда, бояд ғилофак тарҷума шавад («Луғати русӣ - тоҷикӣ саҳ.379). Калимаи «Сикл» дар саҳифаи 102 занҷира тарҷима шудааст, вале шакли дурусташ силсила («Луғати русӣ-тоҷикӣ» саҳ.1123) мебошад. Калимаи «пилла» низ дар саҳифаҳои 97, 118, 123, 169, 204, 211, 222, 224 ташдид нагирифтааст. Мувофиқи «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (саҳ.191) ин калима ташдид дорад. Дар саҳифаҳои 102, 103 ва 131 кирми мижгондор дарҷ шудааст, ки аз калимаи русии «ресничный» тарҷима шудааст. Дар илми биология ин кирмҳоро кирмҳои мӯякдор мегӯянд. Мантиқ ин аст, ки одатан мижгонҳо дар атрофи чашм ҷойгиранд, на дар тамоми бадан. Дар саҳифаи 152 намуди мушак-ро суфта гуфтаанд, дурусташ мушакҳои ҳамвор мебошад. Чунин ғалатҳо дар китобҳои «Зоология» (синфи 7, соли нашр 2018) зиёд ба мушоҳида мерасанд ва он мисолҳое, ки зикр шуд, як ҳиссаи хурди онҳо мебошад. 
Китоби «Биология» (синфи 9, соли нашр) 2019 низ аз чунин ғалату камбудиҳо орӣ нест. Дар муқоваи китоб расми босира тасвир шудааст, ки зери рақами 3 абрувон номгузорӣ шудааст. Дар асл дар расм пилкҳо ва мижгонҳо тасвир шудаанд, на абру (қош). Бояд таъкид кард, ки абру ба узви босира дохил намешавад ва дар зери чашм абру вуҷуд надорад. Дар саҳифаи 13 ва 14 ҳаҷми майнаи сарро бо см2 ифода кардаанд, на бо см3, ки ғалат аст. Дар саҳифаи 18 (расми 4) ба ҷойи гидроген (Н) сулфур навишта шудааст, ки ғалат аст. Дар саҳифаи 22 (расми 7) калимаи «субурз» навишта шудааст, ки талаффузи маҳаллӣ буда, шакли оммафаҳми он мувофиқи «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» «испурч» мебошад. Дар саҳифаи 30 (расми 9) пардаи мелиний навишта шудааст, ки бояд пардаи миелинӣ навишта шавад, чунонки дар расми 11 шакли дурусташ навишта шудааст. Дар ҳамин саҳифа, сатри сеюм аз поён), «имрпулсҳои асабиро ба ҷасади нейрон мебаранд» ифода шудааст. Аз рӯи мантиқ ҷасад маънои танаи беҷонро дорад, аз ин рӯ, ифода нодуруст буда, танаи нейрон бояд гӯем, чунки узви зинда аст. Дар саҳифаи 34 ба ҷои калимаи сегмент банд ё буғумро истифода намоем, беҳтар аст, чунки истилоҳи сегмент дар «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» мавҷуд нест. Дар саҳифаи 49 ба ҷойи «устухони суфта» «устухони ҳамвор» гуфтан лозим аст. Ин ҷо гап дар бораи он меравад, ки ин намуди устухонҳо дар давраи рушд шакли ҳамворро мегиранд, на суфтаро. Дар саҳифаи 59 бофтаи кӯндаланграхи мушаки скелетӣ, бофтаи кӯндаланграхи мушаки дил ва бофтаи мушаки суфта омадааст, ки ҳамин таснифот дар саҳифаи 21 (расми 5) бо ифодаи нофаҳмои «бофтаи кӯндаланги роҳ мушаки скелет?», «бофтани кӯндаланги роҳ мушаки дил?» номгузорӣ шудаанд ва баъд бофтаи ҳамвор навиштаанд. Аз сабаби бой будани забони тоҷикӣ мо метавонем ифодаву калимаҳои зеборо истифода барем. Ман пешниҳод мекардам, ки дар оянда ба ҷойи калимаи «кӯндаланграх» «кӯндалангало» ва ба ҷойи «суфта» калимаи «ҳамвор» - ро истифода барем, чунки калимаи суфта ба чӯб, оҳан ва ғайра мансуб буда, дар натиҷаи амалиёти махсус, яъне суфтан суфта мешаванд. Сохти мушак бошад, дар зери микроскоп (заррабин) шакли ҳамворро дорад. Дар саҳифаи 75 (расми 45) рагҳои пойро рагҳои дил навиштаанд, ки хатои ҷиддӣ ва хандаовар мебошад. Дар саҳифаи 80 сатри 9 аз поён ифодаи «барои берун аз организм кашишхӯрии дил имконият фароҳам меоварад» вуҷуд дорад. Ин ифода хонандагонро ба ҳар фикр бурданаш мумкин, яъне онҳо ҳайрон мешаванд, ки чи хел дил берун аз организм кор карда метавонад ва то кадом муҳлат ва ғайраҳо. Агар «барои мустақиман кор кардани мушаклҳои дил мусоидат менамояд» нависем, беҳтар аст. Дар саҳифаи 91 дар сатри аввал, ба ҷойи ифодаи «нафаскашӣ ду хел мешавад» агар менавиштем, ки нафаскашӣ аз ду марҳала иборат аст, беҳтар мебуд. Дар ҳамин саҳифа ҳам дар матн ва ҳам дар расм калимаи «ҳалқбинӣ» истифода шудааст, ки чунин калима дар «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» вуҷуд надорад (ба фикрам, ин калима аз «носоглотка»-и русӣ тарҷума шудааст). Узви дар расм нишондодашуда ҳалқ ё ҳалқум ном дорад. Дар саҳифаи 94, сатри 10-ум аз боло сатҳи умумии ҳубобчаҳоро 100 м2 (мураббаъ) навиштан лозим, на 100 м. Дар саҳифаи 116 аппендикс - кирмрӯда ифода ёфтааст. Дар «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ин калима вуҷуд надошта, одатан тоҷикон онро кӯррӯда мегӯянд. Хуб мешуд, агар дар бораи микроэлементи йод, кам будани он дар хоки кишвари мо ва умуман, ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, зарурати ҳамроҳ намудани ин микроэлемент дар намакҳои ошӣ, роҳи пешгирӣ аз бемории ҷоғар маълумот дода шавад. Дар саҳифаи 131 витамини Н барои дохилшавии дуоксиди карбон - СО2 ба организм хизмат мекунад, навиштаанд, ки ғалат буда, аниқтараш барои хориҷ кардани СО2 хизмат мекунад. Дар ҳамин саҳифа, сатри 9 аз поён ифодаи нодурусти (сухан дар бораи витаминҳо меравад) «дар таркиби гӯшти ҳайвонот, моҳӣ дидан мумкин аст» вуҷуд дорад, ки нодуруст аст. Мо витаминҳоро бо чашми одӣ дида наметавонем, бинобар ин, агар «дар таркиби гӯшти ҳайвонот ва моҳӣ мавҷуд аст» нависем беҳтар аст.
 Дар саҳифаи 138, сатри шашум аз поён, ба ҷойи «200-300 мг пешоб» бояд «200-300 мл» навишта шавад. Дар саҳифаи 184, сатри 9 аз поён, ба ҷойи И.Сеченов бояд И.Павлов навишта шавад, зеро асосгузори назарияи умумии фаъолияти олии асаб – физиологияи рафтор И.П.Павлов аст, на И.М. Сеченов...
Дар китоби «Биология» (синфи 9, соли нашр 2019) низ ғалатҳои зиёде ба мушоҳида мерасанд. 
 
Тошмаҳмад САНГИНОВ,
омӯзгори коллеҷи кишоварзӣ, 
ноҳияи Мастчоҳ
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш