Нашрияи Омӯзгор

Обро муқаддас бояд донист

Сана: 2018-07-12        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Ҳар як мавҷудоти зинда барои он ки ҳаёт ба сар барад, ба об эҳтиёҷ дорад. Вале оби ифлос хавфнок аст. Вай метавонад сабаби бемориҳо шавад. Аз ин рӯ, ҳамеша инсон бояд аз пайи тоза нигоҳ доштани об бошад.

Бе об инсон ва ҳам ҳайвонот вуҷуд дошта наметавонанд, чунки зиёда аз 90%-и организми инсонро об ташкил медиҳад ва беобӣ боиси хастагӣ ва марг мегардад. Одам ба гуруснагӣ муддати дароз тоб орад ҳам, бе об танҳо 3-4 рӯз зиндагонӣ карда метавонаду халос.

Дар бисёр мавзеъҳои ноҳияи мо, одамон одатан аз нарасидани об азият мекашанд. Аз ин рӯ, тозаю озода нигоҳ доштани дарё ва манбаъҳои обгирӣ зарур аст. Обро ҳамеша бояд қадр намуд, вай неъмати бебаҳост.

Мо ҳамеша ба оби тоза эҳтиёҷ дорем, зеро оби ифлос дорои микроб буда, шахсро гирифтори бемориҳои вазнин мегардонад. 

Баъзан об дар назар ниҳоят шаффоф ва тоза намояд ҳам, вале аз сабаби дар он мавҷуд будани бактерияҳо барои истеъмол мувофиқ нест. Агар дар об бактерияҳои касалиовар мавҷуд бошанд, чунин обро тоза ва безарар шуморидан мумкин нест.

Обро чӣ тавр тоза нигоҳ доштан мумкин?

 Барои тозаю озода нигоҳ доштани манбаъҳои обгирӣ роҳу воситаҳои зиёде вуҷуд дорад. Бинобар он, ба ҷӯйборҳо пору ва ифлосиро партофтан, дар наздикии ҷӯйборҳо ва ҳавзҳо ҳоҷатхона сохтан ва партовҳоро ҷамъ кардан, дар ҷӯйборҳо косаву табақ шустан, дар ҷӯй ҷомашӯӣ кардан нодуруст аст.

Гирди ҳавзҳо бояд бо девор иҳота шуда бошанд, то ҳайвонот ба он даромада натавонанд. Инчунин, оби борон набояд аз атроф ба ҳавз дарояд.

Ҳангоми аз манбаъҳо то ба хона кашонидан ва захираи об ба масъалаи тоза нигоҳ доштани он бояд диққат дод.

1. Зарфҳои обгирӣ бояд болопӯш дошта бошад, ҳеҷ вақт болои зарфи обдорро бо матоъ напӯшед, зеро вай метавонад ба даруни зарфи об афтад.

2. Зарфи обгириро тоза намуда, хушконида, баъд боз ба он об гирифтан мумкин аст. (Хушконидан зери нури офтоб хусусияти безараркунӣ дорад).

3. Захираи обро дар ҷойҳое нигоҳ доред, ки вай барои бачаҳо дастнорас бошад.

4. Ҳангоми истифода аз оби захиракардашуда танҳо зарфҳои тозаро метавонед истифода бурд.

Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам мебошад. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад.  Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин, одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, тайёр кардани коғаз, собун, нонпазӣ ва нӯшокиҳои гуногун истифода мебаранд.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба ҳифз кардани оби тоза ва сарсабзу хуррам гаштани диёри офтобиамон камари ҳиммат бандем ё чи хеле ки дар ҳуҷҷатҳои ҳифзи табиат омадааст :”Фарзанди инсон, ки худ зодаи табиат аст, фақат дар ҳолати доштани меҳру муҳаббат ба табиат метавонад ватанпарвар бошад”.

 

Замирахон МАВЛЯНОВА,

омӯзгори забони англисии коллеҷи

тиббии ноҳияи Бобоҷон ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш