Нашрияи Омӯзгор

Матншиноси соҳибмактаб

Сана: 2021-01-29        Дида шуд: 846        Шарҳ: 0

Доктори илмҳои филология, профессор, узви вобастаи АМИ ҶТ, Корманди шоистаи Тоҷикистон Аламхон Кӯчаров устоди забардасту муаллими ғамхор, олими пуркору пухтакор ва шинохтае ҳастанд, ки бо дили бузургу хислатҳои ҳамида, дониши баланд ва истеъдоди наҷиби омӯзгориашон дар қалбҳои ҳазорон устоду шогирд ҷой гирифтаанд.
Устод Аламхон Кӯчаров дар ноҳияи Шӯрообод ба дунё омадааст. Аламхони хурдсол дар тарбияи модараш-зани оқилаву порсо ва китобхон Суратмоҳи Наим ва хешовандони модариаш ба воя мерасад ва вақте ки соли 1959 дар деҳаи Саричашма мактаб-интернат кушода мешавад, ӯро модараш барои идомаи таҳсилоти миёна ба он ҷо месупорад. Аламхон синфҳои 7 -- 11-ро дар ин ҷо хонда, чун раиси комитети талабагӣ дар ҳаёти иҷтимоии мактаб-интернат фаъолона ширкат меварзад. 
А. Кӯчаров мактаб-интернатро бо баҳои аъло хатм намуда, соли 1964 ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (алҳол Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил мешавад ва дар солҳои донишҷӯӣ низ худро ҳамчун ҷавони қобилиятноку соҳибистеъдод нишон медиҳад. Баъди хатми бомуваффақияти донишгоҳ (соли 1969) ба Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб роҳхат мегирад ва дар кафедраи адабиёти тоҷик ба фаъолияти меҳнатӣ мепардозад. 
Ӯ дар кафедраи мазкур дар вазифаҳои муаллим (1969-1972), муаллими калон (1972-1981) кор кардааст. Солҳои 1972-1976 чун аспиранти ғоибхони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳти роҳбарии узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Табаров дар мавзӯи «Масъалаҳои матншиносии повести «Одина»-и С. Айнӣ» тадқиқот ба анҷом расонида, соли 1978 ба дараҷаи номзади илмҳои филологӣ ва соли 1982 ба гирифтани унвони дотсентӣ сазовор мегардад. 
А. Кӯчаров солҳои 1980-1988 роҳбарии маҳфили адабии «Адибони ҷавон»-и факултаи филологияи тоҷики Институти давлатии омӯзгории ба номи Рӯдакии шаҳри Кӯлобро ба уҳда дошт ва як силсила адибони номвари имрӯза, дастпарварони ҳамин маҳфили эҷодӣ мебошанд. 
Устод солҳои 1989-1991 ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон буд. Соли 1997 ӯ дар Шӯрои диссертатсионии пажӯҳишгоҳи мазкур дар мавзӯи «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри С. Айнӣ» (мушовир академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шукуров) рисолаи докторӣ дифоъ намуд ва моҳи сентябри ҳамон сол ба кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз тариқи интиқол ба кор омад. Солҳои 2002-2010 дар кафедраи мазкур вазифаи мудириро ба зимма дошта, дар тарбияи олимону мутахассисони ҷавони донишгоҳ ва муҳокимаи рисолаҳои номзадию доктории муҳаққиқони соҳаи адабиёти тоҷик саҳми босазо гузоштааст. А. Кӯчаров алҳол ҳамчун сарходими илмии Институти тадқиқоти илмӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва профессори кафедраи адабиёти тоҷики ДДОК ба номи Рӯдакӣ фаъолият дорад. Доктори илмҳои филологӣ, профессор А. Кӯчаров дар ҳаёти илмию фарҳангии мамлакатамон ширкати фаъолона дошта, солҳои 1997, 2003, 2009 , 2015 ва 2020 вакили анҷуманҳои XI-XV Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Аз соли 2003 то ҳол узви бахши нақди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Солҳои 2007-2009 узви Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2007 то имрӯз узви комиссияи ҷоизаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника мебошад.
Устод фидоии роҳи илму таҳқиқ буда, пайваста дар ҷустуҷӯ ва пажуҳиш қарор доранд. Эшон аз ҷараёни адабӣ ва бурду бохти адабиёти муосир комилан огоҳ буда, мунтазам тақризу мақолаҳояш оид ба эҷодиёти шоирону нависандагони ҳамаср дар матбуоти даврӣ ва китобҳои алоҳида ба табъ мерасанд. Мақолаву тақризҳои ӯ ба нақди осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддини Шоҳин, Нақибхон Туғрал, С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Муъмин Қаноат, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Соҳиб Табаров, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва дигарон дар рушди адабиётшиносии муосир саҳми бевоситаи муаллифи онҳо мебошад.
Устод Аламхон Кӯчаровро аз зумраи олимони «пуркору заҳматкаш»-и ҷумҳурӣ меҳисобанд, ки дар баробари эҷоди осори гаронбаҳои илмӣ дар тарбияи аспирантону унвонҷӯён низ заҳмати зиёд кашида, зери роҳбарии ӯ дувоздаҳ унвонҷӯ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон: рисолаҳои илмӣ дифоъ намуда, сазовори унвони номзад ва доктори илмҳои филологӣ гардидаанд ва ҳоло чанд унвонҷӯи дигар ба кори илмӣ машғул мебошанд.
Фаъолияти серсоҳаи устод Кӯчаров дар се самт: фаъолияти матншиносӣ, мунаққидӣ ва таълимӣ басо пурбаракат ҷараён гирифта, ӯ ҳамчун яке аз асосгузорони илми матншиносӣ дар адабиётшиносии тоҷик маҳсуб меёбад. Мақолаҳои илмӣ ва дастуру рисолаҳои ӯ, аз қабили «Чанд таҳрири як достон» (дар бораи таҳрири гуногуни «Ҳасани аробакаш»), «Порчаҳои шеърии қиссаи «Одина» ва истифодаи онҳо дар нашрҳои минбаъда», «Аҳамияти муқоиса дар таълими достони «Кремл»-и Абулқосим Лоҳутӣ» (оид ба муқоисаи «Кремл» ва «Харобаҳои Мадоин»-и Хоқонӣ), «Таҳрироти композитсионӣ дар қиссаи «Одина», «Одина» ва масъалаи нашри интиқодии он», «Аз таърихи эҷоди «Сурӯши Сталинград», «Ду таҳрири «Камони Рустам», «Сарчашмаи муътамад» (оид ба дастхати «Одина»), «Матншиносӣ – соҳаи муҳимми адабиётшиносии тоҷик», «Дар коргоҳи эҷодии устод Айнӣ» (назаре ба таърихи эҷоди «Марги судхӯр»), «Принсипҳои ба чопи илмӣ тайёр кардани повести «Одина», «Мусаввада – маъхази муҳим», «Се таҳрири достони «Парии бахт», «Ду таҳрири як образ», «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» ба ин шохаи илми адабиётшиносӣ ғановати тоза бахшидаанд. Бори нахуст дар адабиёти даврони нав чопи илмиву интиқодии қиссаҳои «Одина» ва «Марги судхӯр»-и устод Айнӣ аз ҷониби Аламхон Кӯчаров бо риояи кулли тақозоҳои илми матншиносӣ амалӣ гардонида шуд.    А. Кӯчаров муаллифи рисолаҳои «Тадқиқи текстологии «Одина»-и С. Айнӣ» (1982), «Хусусиятҳои миллӣ ва интернатсионалии назми М. Турсунзода» (1988), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (1994), «Нақди матни осори С. Айнӣ» (2000), «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри С. Айнӣ» (2002), Адабиёти тоҷик барои синфи 11-и мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ (бо ҳаммуалифӣ – 2007, 2011, 2014), «Турсунзода: маҳорат ва садоқат» (2011), «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи С. Айнӣ» (2013), «Муҳаққиқи соҳибмактаб» (2014)ва зиёда аз чорсад мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Ӯ матни саҳеҳи рисолаҳои «Қуддусия» (1993), «Маърифати нафс» (1994), « Дарвешия» (2014)-и Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба табъ расонидааст. Ба муносибати 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ЮНЕСКО соли 2015 дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардид, се рисолаи ин мутафаккирро бо номи «Се рисола» ҳам бо ҳуруфи кириллӣ ва ҳам бо алифбои ниёгон ба чоп расонид. Ӯ соли 2018 дар шаш конфронси байналхалқӣ ва ҳашт конфронси ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, суханронӣ кардааст. Суханронӣ ва гузоришҳои А.Кӯчаров махсусан ба шарафи 140-солагии асосгузори адабиёти давраи нави тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ (1875–1954) дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмию таълимии мамлакат, ба муносибати 700-солагии суханвари барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар Симпозиуми байналхалқии «Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёт ва фарҳанги Шарқ» дар шаҳри Хуҷанд (16 октябри 2020) басо самарабахш буда, дорои хусусиятҳои амиқи миллӣ ва ҷанбаи илмию таълимӣ буданд.
Дар баробари фаъолияти илмию омӯзгорӣ Аламхон Кӯчаров ба эҷоди шеър низ шуғл варзида, муаллифи маҷмӯаҳои «Сад рубоӣ» (2012), «Бобо ва набераҳо» (2013), «Насабномаи Файзалӣ» (2016), «Замзамаи Роғун» (2018), «Аламдор» (2019) ва зиёда аз 450 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.
Доктори илмҳои филология, профессор, узви вобастаи АМИ ҶТ Аламхон Кӯчаров Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995) ва Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008) буда, бо ордени «Дӯстии халқҳо» (2001) ва Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2003) сазовор гаштааст. Ӯ аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Дар ин рӯзҳо устод 75-солагии умри пурбаракати хешро ҷашн мегиранд. Мо ба устоди гиромиқадру инсони асил ва олими пухтакору камназир А. Кӯчаров саломатии бардавом ва таҳқиқоти навин таманно менамоем.

Н. СИРОҶӢ, 
н.и.ф., дотсент, узви ИНТ,
Х.Олимӣ,
н.и.ф., дотсент,
И. Ҳасанов,
устоди ДМТ

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш