Нашрияи Омӯзгор

“Тоҷикон” дар ҳар хонадон

Сана: 2021-02-03        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

(Охираш. Аввалаш дар шумораи №3)

Нақшу мақоми китоби дигари муҳиму асосӣ барои ҳар фарди миллати мо “Тоҷикон” – и Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров мебошад.  Мусалламан, шоҳасари безаволи «Тоҷикон»-и таърихнигори барӯманди миллат, академик Бобоҷон Ғафуров чун шиносномаи воқеии таърихи Ватану миллатамон пазируфта шуда, дар парвариши ҳисси худшиносӣ ва ташаккули тафаккури таърихии соҳибватанон нақши муассирро бар дӯш доштааст. Роҳбари аввали кишвар ба «Тоҷикон» ва соҳиби он иззатмандона арҷ гузошта, бо камоли ихлос афзудаанд, ки «Ин марди бузург аз осорхонаи беинтиҳои таърих осори тамаддун ва мероси фарҳангии миллати тоҷикро зарра-зарра ҷамъ оварда, ба риштаи таҳрир кашид, танзиму даврабандӣ кард ва ба оламиён исбот намуд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ин марзу бум буданд ва ҳастанд». Эътирофи ин нукта баёнгари он аст, ки “бузургонро бузургон зинда медоранд». Ҳақиқатан, ҳам фарзанди ҷоннисори миллат Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ аз пайкору фаъолияти самарфарҷоми академик Бобоҷон Ғафуров намуда, роҳи эҷодии хешро бо илҳом бардоштан аз осори ин пири хирад муайян сохтаанд. Ба ибораи муассири Пешвои миллат: «Асари «Тоҷикон», воқеан, шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро ба бор овард ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳу мадор бахшид». 
«Тоҷикон» замоне ба таълиф расид, ки низоми тоталитарӣ ҳукумат меронд, ва аз дигар сӯ, муғризону бадхоҳони миллати тоҷик ба ҳеҷ ваҷҳ аз тавлиди ин китоб изҳори хушнудӣ намекарданд, балки то ҳадди имкон дар эҷоду интишори он монеа бунёд менамуданд. Нашри «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар даврони Шӯравӣ инқилобе бо шӯру ангезаи маънавӣ дар шуури мардумон ангехт ва соҳибашро ҳамчун қаҳрамони миллӣ ба ҳамзамонон муаррифӣ намуд.
Тазаккур бояд дод, ки Бобоҷон Ғафуров дар муқаддимаи китоб чунин ишора намудаанд: “Муаллиф, бешак, ба тадқиқи муфассали ҳамаҷонибаи тамоми масъалаҳои таърихи халқи тоҷик накӯшидааст. Асли мақсад воқеа ва ҳодисаҳои таърихиро бо тадқиқи проблемаҳои хеле муҳим, мураккаб ва баъзан мубоҳисавӣ пайвастан аст. Бисёр ҷиҳатҳои таърихи давраҳои қадимтарин, қадим ва аввали асри миёнаи тоҷикон ҳоло чунон ки бояду шояд омӯхта нашудааст, аммо материалҳои нав хеле фаровонанд.”Шояд ҳамин омил сабабгори навишта шудани “Тоҷикон дар оинаи таърих” шуда бошад. Зеро ба эътирофи воқеъбинонаи Пешвои миллат, “Маҳз осори мондагори академик Бобоҷон Ғафуров пояи бунёдии омӯзиши таърихи халқи тоҷикро ташкил дод. Аз ин рӯ, корҳои нави илмӣ идомаи иқдомҳои неку шоистаи ин муаррихи барҷаста мебошанд, ки ба муаррифии халқи тоҷик ва таърихи пурифтихори он мусоидат менамоянд.”   
Аз ин нуқтаи назар, «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Пешвои миллат ҳамчун давоми мантиқии “Тоҷикон” зодаи замони истиқлолият буда, дар он таърихи пуршебу фарози миллатамон бо тамоми ҷузъиёт мӯшикофона ва воқеъбинона ба қалам омадааст. Ин ишора ба он маъност, ки муаллиф бо омӯхтани маводи сершумори таърихӣ ба чунин натиҷа расидааст, ки давлату давлатдории тоҷикон аз сулолаи Сомониён ибтидо нагирифта, балки аз ҳукмронии шоҳони асотирӣ ва нимаасотирии Пешдодиён ва Каёниён оғоз меёбад. Дуруст аст, ки иддае аз муҳаққиқону таърихнигорони ватаниву хориҷӣ давраи Оли Сомонро сароғози давлату давлатдории миллати куҳанбунёди тоҷикон пиндошта, аз гузаштаи пурифтихори ориётаборон сухан ба миён намеоранд. Хулосабарориҳои муҳаққиқ заминаи воқеӣ дошта, барои исботи ин андеша муаллиф ба осори бузургони пешин, аз ҷумла, «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Муруҷуззаҳаб»-и Масъудӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва офаридаҳои таърихнигорони замони муосир чӣ ватанӣ ва чи хориҷӣ) рӯ оварда, судҳо бардоштааст. Воқеан ҳам, мавқеъгирии муаллиф оид ба ин масъала комилан бунёдӣ буда, соҳибназаронро мешояд, ки сари ин мавзӯи муҳим жарфтар мулоҳиза кунанд. 
Бино ба фармудаи Пешвои миллат, «баъзе муаррихони тавонои асрҳои XIX-XX – и  Ғарбу Шарқ ин давраро чун давраи «тамаддуни асотирӣ» қаламдод намуда, ба воқеияти подшоҳони сулолаи Пешдодиён шубҳа доранд ва ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ва осори фарҳангии бахшида ба ин давра, аз ҷумла, «Авесто»-ро чандон ба инобат намегиранд». Муаллиф ба ҳеҷ сурат чунин андешаҳоро намепазирад, баръакс, тарафдор ба он аст, ки замони Пешдодиён бо вуҷуди асотирию нимасотирӣ шинохта шудан ҳамчун сарнавишти пешинаи ориётаборон дар саҳфаҳои таърихи ниёгонамон пазируфта шудаанд, дар таълиму тадриси насли имрӯзӣ ва пасояндагон ҷой додан ва омӯзонидани онро таъкид доштааст. Ин пешниҳоди ватандӯстонаи шахси аввали кишвар қобили пазириш ва мояи ифтихор буда, зимнан дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандориву ватанхоҳӣ, дӯст доштани марзу буми аҷдодӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангиву таърихӣ ва гиромидошти бузургони пешини тамаддунофаринамон тарбият намудани насли имрӯзу фардои миллат аз аҳамияти тарбиятӣ таълимии хос бархурдор мебошад.
«Пайдоиш, ташаккул ва ҳувияти ҳар як халқу миллатро дар марҳилаҳои гуногуни таърих саргузашту сарнавишти он муайян месозад». Фасли дуюми «Тоҷикон дар оинаи таърих» аз ҳамин ҷумла оғоз ёфтааст. Ҳақиқати воқеӣ он аст, ки қисмати тоҷикон дар дарозои таърих, ба ифодаи дардолудаи устод Лоиқ, «ҷабри таърих ягон қавм накашидаст, ки мо» будааст. Рӯйдодҳои сахту вазнин, куштору хунрезиҳои пайдарпаи аҷнабиён сарсониву саргардониҳои тӯлониро ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик оварда бошанд ҳам, истилогарон рӯҳи озодихоҳонаи онро шикаста натавонистаанд. Аммо таърихи башар гувоҳ аст, ки тоҷик ҳеҷ гоҳ аз рӯи кина ва нотавонбинӣ ба сӯи давлати дигар лашкар накашидааст ва бо нияти ғасбу ғорат ба сарзамине даст ба таҷовуз назадааст.
Шахсияти Пешвои муаззами миллат дар такомули ҷомеаи кунунии кишвари тоҷикон нотакрор ва муассир аст. Ҷасорату матонат, фидокориву барозандагӣ, хештаншиносиву ватандории ин марди дунёи сиёсат ончунон дар зеҳну шуур ва қалбу дидаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ва фаротар аз он, ба тамоми тоҷикони ҷаҳон нуфуз касб кардааст, ки ин ифтихорофаринӣ ва шоистагӣ на ҳар фардеро даст додааст. 
Ҳамагонро мебояд, ки рафтору кирдору пиндори омӯзандаи раҳбари ҷонфидои миллатро муқаддам аз ҳар манфиати дигар дониста, онро дар тафаккуру ниҳоди хеш нақш кунанд. Аз ин раҳгузар ҷои ифтихори онро дорад, ки мутолиаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки аз хомаи ин марди ватанпараст берун омадааст, донишу заковати моро дар шинохти асолати хеш, шинохти таърихи пешинаи миллат, вазъи ҳозираи он ва шинохту ташхиси зуҳуроту ҳаводиси имрӯзу ояндаи миллат тақвият бахшида, вазифаи ошноӣ ва раҳнамоии беминнатро адо хоҳад намуд.
«Тоҷикон дар оинаи таърих» мондагортарин қомус ва хонданитарин китоб ба мо аз сарнавишти як миллати воҳид, аз саргузашти як қавми муаззам бо номи тоҷик ҳикоят мекунад. Ва шояд рӯзе фаро ояд, ки родмарди саховатпешае бо ҳиммати фавқулодаи хеш ҷадидан ин ганҷи шойгонро интишор намуда, ба хонадони ҳар тоҷики ватанхоҳ ҳадя хоҳад кард, ба мисоли фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  «Тоҷикон» - и безаволи аллома Бобоҷон Ғафуровро такроран бо теъдоди 1600000 ба нашр расонида, ба ҳар оилаи тоҷику тоҷикистонӣ тақдим карда истодаанд. 

Ҳасан Ҷӯраев, 
устоди коллеҷи омӯзгории  ба номи
Хосият Махсумоваи  ДДОТ ба номи
Садриддин Айнӣ, номзади илмҳои педагогӣ
 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш