Нашрияи Омӯзгор

Таъсиси марказҳои рушди кӯдак

Сана: 2021-02-03        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

Бо мақсади таҳким бахшидан  ва дар амал татбиқ намудани барномаи «Нигоҳубин ва васеъ намудани имконият: фароҳам овардани шароит барои имконияти баробар дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон»,  аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд  дар панҷ муассисаи таълимии Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб маркази рушди кӯдак ташкил карда шуд. Мақсад аз ин иқдоми наку кӯдакону наврасони деҳотро ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтан аст. Бо иштироки ташаббускорон, намояндагони ташкилоти ғайридавлатии «Фонди Оғохон» ва меҳмонон дар муассисаи таълимии №34 –и деҳаи Олтовуи шаҳри Кӯлоб Маркази рушди барвақтии кӯдак бо фарогирии 25 нафар мавриди ифтитоҳ қарор гирифт. Дар марказ тамоми шароитҳои зарурӣ, аз қабили мизу курсии кӯдакона, бозичаҳои гуногун, воситаҳои аёнӣ ва дидактиқӣ барои таълими кӯдакон муҳайё карда шудааст. Хотиррасон бояд кард, ки айни ҳол дар муассисаҳои таълимии №17,18 ва 31-и Ҷамоати деҳоти Даҳана Маркази рушди барвақтии кӯдак таъсис дода шудааст.                             

Шариф АБДУЛҲАМИД, 
«Омӯзгор»  
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш