Нашрияи Омӯзгор

Варзишгарон ватанпарварони асилтаринанд!

Сана: 2021-02-03        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

Соли 2021 барои халқи шарафманду сарбаланди тоҷик соли таърихӣ, мондагору пурифтихор аст, зеро дар ин соли фархунда Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 30-сола мешавад ва ин санаи нишотбахш дар саросари мамлакат бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад. 

Ин муборакҷашни миллат аз ҳар ҷиҳат дорои аҳамияти махсус аст. Аз ин ҷост, ки дар оғози Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд:
«Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ-сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад». Ва вобаста ба ин, Сарвари кишвар дар Паёми навинашон, ки онро ба  ибораи дигар, Паёми солҷашни Тоҷикистон метавон номид, ба муҳимтарин масоили иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дахл карда, баъзе дастовардҳои барҷастаи кишварро дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуданд. Ватани маҳбуби мо, воқеан ҳам, дар давоми сӣ сол, ки аслан, дар назди таърих муҳлати чандон тӯлонӣ нест, дар  тамоми соҳоти ҳаёт ба комёбию дастовардҳои бесобиқа шарафёб гардидааст ва мавқеъ устувор кардаву неру афзудааст.
Аз ин ҷост, ки дар соли 2020 мамлакат имтиҳони сахту сангини зиндагиро сарбаландона паси сар кард. Ҳамагон огоҳем, ки дар соли сипаригашта бемории сироятии коронавирус ҷаҳонро чӣ сон ба ларза овард.  Дар ин хусус Президенти ҷумҳурӣ дар Паём чунин иброз доштанд: «Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ, чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид». Чун дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои  миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии мо бунёд қавӣ кардааст, воқеият бори дигар собит сохт, ки дигар он метавонад ба ҳар гуна садамаю таъсирот муқовимат дошта бошад. Ин буд, ки қатъи назар аз таъсири пурзӯру манфии вабои оламгири Ковид-19, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ  таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд. Чунонки Президенти муҳтарам иттилоъ доданд, «иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид». Пешравиҳо ва дастовардҳо дар соли гузашта дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ба   мушоҳида мерасанд ва соҳаи варзиш низ аз ин ҷиҳат истисно  нест.  Боиси ифтихори мо, аҳли  варзиши кишвар, аст, ки дар Паёми имсолаашон низ Сарвари мамлакат ба соҳаи варзиш ва муҳимтарин  масоили марбут ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ва нақши варзишро дар ҳаёти кишвар басо барҷаста арзёбӣ карданд. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, воқеияти замони моро бидуни рушди варзиш, тавсифу ситоиши пирӯзиҳои варзишгарон ва такмилбахшии вазъи  тамрини ҷавонон наметавон ба таври фарогир пеши назар овард. Дар Паём зикр шуд, ки «солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии  он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад». Дар воқеъ, дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ҷараёни рӯ  овардан ба варзиш дар миёни хурду калон ба назар мерасад ва хеле хушоянд аст, ки ин ҷараён сол то сол вусъат пайдо мекунад. Албатта, ба ин сиёсати мардумпарваронаи Пешвои миллат ва тадбирҳои ғамхоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мусоидат карда. Чунонки Сардори давлатамон дар Паёми имсола иттилоъ доданд, «агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ қариб ҳазор иншооти варзиш фаъолиятдошта бошад, пас соли 2020 шумораи онҳо ба 10220 расонда шуд. Яъне шумораи иншооти варзиш дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз нуҳ баробар зиёд гардидааст». Далели боз ҳам ҷолибу омӯзонда ва гуворо он мебошад, ки танҳо дар соли 2020, ки вабои коронавирус ва шароити мушкили иқтисодию молиявӣ чун дар тамоми ҷаҳон дар кишвари мо ҳам таъсиргузор буд, барои наврасону ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 147 иншооти варзиш бо харҷи 1 миллиарду 63 миллион сомонӣ сохта, ба  истифода дода шудааст. Ин ҳама тадбирҳои муҳим, аз як тараф, ба ҳар чӣ бештар ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ ҷалб гардидани доираи васеи мардум-хурду калон мусоидат карда бошад, аз ҷониби дигар, боиси ба дараҷаи муайян беҳтаршавии саломатии аҳли ҷомеа гардид.
Ба ибораи дигар,  варзиш дар Тоҷикистон ва вусъатпазирии онро як неруи тавоно, як омили ҷиддие дар ҷодаи мағлубсозии Ковид-19 метавон муаррифӣ кард. 
Ин боз як далели раднопазири аҳамияту моҳияти раванди оммавигардонии варзиш дар ҷумҳурӣ мебошад. Мо ифтихор аз он дорем, ки дар рушди варзиш ва таҳкими тарбияи ҷисмонӣ байни омма маърифатгоҳамон-Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов ҳиссаи босазо дорад. Дар заминаи ғамхориҳои Пешвои миллат ба ҷавонон донишкадаи мо сол то сол ҳам аз ҷиҳати сифати таълиму тарбия, ҳам аз нигоҳи такмили таҷҳизоту ободонӣ ва ҳам аз лиҳози комёбиҳои варзишӣ пеш меравад. Ҳоло дар сафҳаи донишҷӯёни мактаби олии мо ҷавононе ҳастанд, ки дар якчанд мусобиқаи ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ ғолиб омадаву шарафи кишварамонро   ҳифз кардаанд ва соҳиби ҷоизаҳои олӣ гардидаанд. Дастаҳои варзишгарони донишкада  дар аксар намудҳои варзиш, аз ҷумла, волейбол, гӯштингирӣ, футбол, теннис, шиноварӣ, гимнастикаи сабук, шоҳмот… дар чандин мусобиқаи бонуфуз ба пирӯзӣ расидаву ба китоби таърихи  муваффақиятҳои таълимгоҳ сафҳаҳои тоза зам бинмудаанд. 
Аксар варзишгарони номвари кишвар, ки парчами Тоҷикистонро дар мусобиқоти байналмилалӣ баланд бардоштаанд, дастпарварони донишкадаи мо мебошанд, ки гумон мекунам, ин ҷо ба номбар кардани онҳо ниёзе нест, ба ҳамагон шиносанд!
Дар Паёми имсолаи Сарвари кишвар аз  тадбирҳое низ сухан ба миён омад, ки дар  мамлакат вобаста ба дастгирии варзишгарон амалӣ шудаанд. Аз ҷумла, зикр мешавад, ки «мо ба хотири ҳавасманд намудани  варзишгарон соли 2015 Ҷоизаи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи варзиш таъсис додем, ки то имрӯз қариб 200 нафар варзишгарони ҷавон соҳиби он гардидаанд». Албатта, аҳли варзиши диёри арҷмандамон аз Сарвари муҳтарами мамлакат барои тамоми ғамхорию дастгириҳояшон сипосгузоранд ва мекӯшанд, ки дар ҷавоб ба ин ҳама бештар фаъолу комёб бошанд. Боиси ифтихори мост, ки аз он 200 нафаре, ки Президенти ҷумҳурӣ ишора карданд, аксарашон иртибот бо донишкадаи  мо доранд. Ҳамчунин, аҳли варзишгоҳи донишкада дар тарғиби варзиш дар байни мардум, ободонии муҳити хеш ва кӯчаву хиёбонҳои пойтахт нақши шоиста доранд. Варзиш таблиғгари сулҳу ваҳдат, дӯстию рафоқат, далерию шуҷоат, ватанпарварию башардӯстӣ ва тарзи ҳаёти солим аст. Варзиш тафаккури солимро меписандад, ифтихори миллиро меафзояд. Варзиш  миллатро муаррифӣ мекунад ва кишварро дар паҳнои ҷаҳон муаррифӣ  менамояд. Рисолати олию бузург дорад варзиш! Аз ин рӯ, чунонки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат таъкид карданд, барои рушди варзиш дар саросари кишвари соҳибистиқлоламон ҳамагон бояд ҳиссагузор бошем. Мехоҳам дар охир иқтибосе дигар аз Паём биоварам:
«Мо  минбаъд  низ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо  ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз ба лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа медиҳем». Ин суханони оганда ба ғамхорию дастгирӣ барои мо, аҳли варзиш, ҳам ифтихорбахш ва ҳам масъулиятафзоянд.

Шодӣ Сафаров,
ректори ДТҶТ ба номи С.Раҳимов,
доктори илмҳои педагогӣ, профессор
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш