Нашрияи Омӯзгор

Имкониятҳо зиёданд, аммо…

Сана: 2021-02-03        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

Масъалаҳои «Ҷамъбасти озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2020», «Рафти иҷрои қарори раиси ВМКБ, «Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ- коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022»  дар машварати васеи назди раиси вилоят мавриди муҳокима қарор гирифтанд.    
Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода иттилоъ дод, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар даври ҷумҳуриявӣ 9 нафар роҳхат гирифтанд. Хонандаи синфи 6-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ноҳияи Шуғнон Шоҳина Мабатқадамова аз рӯи номинатсияи адабиёти бачагона сазовори ҷойи аввал ва хонандаи синфи 11-и литсейи Оғохон Шарифамо Одинамамадова аз рӯи номинатсияи адабиёти ҷаҳон ҷои сеюмро касб кард. 7 нафари дигар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Соли сипаригардида аз байни 100 нафар иштирокдори даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» 35 нафар дар ҳайати се дастаи ҳунарӣ маҳорати худро нишон доданд. Дастпарварони мактаби санъати ноҳияи Рӯшон аз рӯи номинатсияи сарояндагии анъанавӣ сазовори ҷои сеюм, ҳунармандони ноҳияи Ишкошим аз рӯи номинатсияи навозандагии эстрадӣ соҳиби ҷои панҷум ва намояндагони ноҳияи Мурғоб дар номинатсияи анъанавӣ мақоми ифтихорӣ ва дигар иштирокдорон бо Дипломи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
 Дар ҳар ду озмун беш аз 3 ҳазору 133 нафар довталаб иштирок карда бошанд ҳам, аммо сифати баргузории озмунҳо ва иҷрои талаботи низомномаҳои озмун на дар ҳама ҳолат риоя карда шуд. 
Раиси вилоят Ёдгор Файзов доир ба ташкил ва баргузории ҳар ду озмун зикр намуд, ки мутаассифона, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҷараёни баргузории озмун ширкат наварзиданд. Новобаста аз он, ки вилоятро имрӯз бо одамони соҳибмаърифту ба дониш дар миқёси кишвар мешиносанд, вале дар ин озмун танҳо нуҳ  нафар аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ довталаб буданду халос. 
Сардори раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов  оид ба масъалаи «Рафти амалӣ шудани қарори раиси ВМКБ “Оид ба  иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» қайд кард, ки айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр ва ноҳияҳои вилоят 246 синфхонаи компютерӣ ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 3120 адад компютер мавҷуд аст. Дар вилоят ба 7 хонанда 1 компютер рост меояд.
Соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои худии муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ 97 компютер, 36 принтер, 34 тахтаи электронӣ ва 37 видеопроектер харидорӣ карда шуд. Аз 313 адад муассисаи таҳсилоти умумии вилоят 69-тояшон аз тариқи модеми хурд, 2-тояш бо модемҳои Wi-Max ва Wi-Fi ба шабакаи умумиҷаҳонии интернет пайваст мебошанд. Мувофиқи маълумоти омории Маркази технологияи информатсионӣ-коммуникатсионии шаҳру ноҳияҳо дар муассисаҳои таълимии вилоят 327 компютер ва 112 принтер ба таъмир ниёз доранд.
Ёдгор Файзов зимни муҳокимаи масъала зикр намуд, ки дар аксар маврид хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар ҷараёни таҳсил нозукиҳои кор бо компютерро пурра аз худ накарда, мактабро хатм мекунанд.Тавре мушоҳида мегардад, натиҷаи иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳо аз рӯи ин фан чандон назаррас нест. Дар ин самт мо бояд ду чизи асосиро ба инобат гирем. Якум, то чӣ андоза омӯзиши компютер хуб ба роҳ монда шудааст ва дуюм ихтисоснокии омӯзгорон. Аксари омӯзгороне, ки ба таълими технологияи информатсионӣ машғуланд, ҳатто худашон ба қоидаҳои одитарини кор бо компютер сарфаҳм намераванд. Аз ҷониби дигар, тарзи нигаҳдорӣ ва истифодаи нодурусти компютер боис ба он мегардад, ки қисмати зиёдашон баъди муддате корношоям мегарданд.
Ҷ.Қозибеков, 
«Омӯзгор»
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш