Нашрияи Омӯзгор

«Нуқсонҷӯён» нотавонбинанд

Сана: 2021-02-03        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

Баъзан душманони давлату миллат аз ҳар суханронӣ, аз ҳар маъракаи сиёсӣ, комёбӣ ва аз ҳар изҳороти шодибахш барои мардуми Тоҷикистон нуқсонҷӯйӣ намуда, ба ин восита дастоварду пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, оромиву суботи кишварро камарзиш нишон доданӣ мешаванд. 
Мухолифин – «нуқсонҷӯён» ҳар чизро баҳона карда, аз ҳар ҳодиса ҳангома месозанд, то мардум нисбат ба сиёсати имрӯзаи давлат эътимод накарда, ба ҷои он ба суханонашон бовар намоянд. Гӯё бо омадани онҳо ба сари ҳокимият тамоми мушкилоту муаммои ҷомеа ба пуррагӣ ҳал мешуда бошад. Охир, ҳамаи мо хуб медонем, ки ҳатто пешрафтатарин кишварҳои дунё ба худ хос мушкилиҳо доранд. Дар навбати худ, дар Тоҷикистон низ мушкилоту муаммоҳои зиёде ҷой доранд. Ин воқеиятро Роҳбари давлат эътироф намуда, борҳо зикр намуданд, ки мо камбудӣ дорем, сол аз сол онҳоро бартараф хоҳем кард, зеро кори ҳал ношуданӣ нест. 
Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат бештар оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва чораҳои беҳтар намудани шароити мардум андешаронӣ намуда, зикр карданд, ки танҳо соли 2020 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд: “Дар натиҷа соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад. Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд”. 
Дар робита ба ин масъала ва бо ҷои кор таъмин шудани қисми зиёди муҳоҷирони тоҷик, ки соли 2020 бинобар ҳодисаҳои маълум ба хориҷи кишвар ба муҳоҷират нарафтанд, онро беасос унвон намудаанд. Аммо барои онҳо ҳарчанд бо сад далел исбот шавад, ки Тоҷикистон дар оянда тамоми мардуми худро бо ҷои кор таъмин карда метавонад, боз ҳам бовар намекунанд ва онро дурӯғу беасос меҳисобанд. Чун онҳо бо як боварӣ ва назари нек ба ояндаи ҷомеа назар намекунанд ва ҳамеша камбудиро мебинанду аз нуқсонҳо ҳарф мезананд. 
Ба ҳамаи мо маълум, ки сол аз сол шумораи корхонаҳо дар кишвар зиёд мешавад ва бо ин восита шумораи муайяни шаҳрвандон бо ҷои кор таъмин шуда истодаанд. Бобати масъалаи таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ бошад, ҳаминро метавон гуфт, чанд сол мешавад, ки ин муаммо аз байн рафта буд. Аммо соли 2020 мутобиқи назари коршиносон аз сабаби кам шудани боришот дар фасли зимистон ва паст шудани ҳарорати ҳаво дар тобистон, яъне об нашудани пиряхҳо НБО-ҳо ба таври зарурӣ кор накарданд. Чунин ҳолат, ба норасоии барқ оварда расонд. Дар натиҷа дар ноҳияҳо маҳдудияти барқ ба вуҷуд омад. Дар ин иртибот Роҳбари давлат ишора намуданд, ки аз сабаби талафоти зиёди қувваи барқ ва истифода нашудани дастгоҳҳои камхарҷи неруи барқ аз тарафи аҳолӣ боиси ба миён омадани мушкилоти соҳа гардид. 
Пешвои миллат дар Паёми хеш зикр намуданд, ки “мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст”. Аммо “нуқсонҷӯён” ҳамчун як тоҷик ба ҷои ифтихор намудан аз ин таърихи куҳан ва тамаддунсоз будани гузаштагонамон ба камбудиҷӯӣ овора буда, дастовардҳои замони истиқлолиятро дидан намехоҳанд ва аз он чизе намегӯянд. Аз ин рӯ, мо ҷавононро мебояд суханони Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои ободии Ватани азизамон боз ҳам бештар заҳмату талош намоем. 
  
Шуҳрат САИДЗОДА,
устоди ДДҲБСТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш