Нашрияи Омӯзгор

Фурӯғи эҷоди омӯзгорони пойтахт

Сана: 2021-02-03        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

Дар интиҳои садаи бистум орзуву ниятҳои дерини халқи муаззаму тамаддунпарвар ва бостонгуҳари тоҷик ба воқеият табдил ёфту Тоҷикистони азиз истиқлоли давлатӣ ба даст овард. Ин ҳодисаи фархундаи таърихӣ барои рушди кишварамон ва пешрафт дар тамоми соҳаҳо имконоти созгор муҳайё намуд. 

Инак, ба соҳибистиқлол гардидани тоҷикон сӣ сол сипарӣ мешавад; сӣ соли пур аз ҳодисоти гуногун, сӣ соли талошу муборизаҳо, бунёдкориву созандагиҳо, сӣ соли шукуфоию пешрафтҳо, сӣ соли мондагору пурёдгор. Муҳимтар аз ҳама, тоҷикон дар ин давра ба харитаи сиёсии ҷаҳон чун давлати мустақилу соҳибихтиёр ворид гардида, батадриҷ собит сохтанд, ки воқеан ҳам, халқи тавонову иродатманданд, дар давлатдорию кишваророӣ аз ҳеҷ халқе камӣ надоранд, метавонанд ба ҳайси як мамлакати мухтор дар рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва такомули ҳаёти бани башар ҳиссаи сазовор бигузоранд. Дар дарозои сӣ сол тоҷикон, муҳимтар аз ҳама, барои кулли мардумони дунё чун халқи сулҳпарвару ваҳдатгаро, ҳаводори тамаддуни байналмилалӣ ва муқобили ҳама гуна ифратгароӣ муаррифӣ гардиданду шинохта шуданд. Барои ин халқи намакшиносу маърифатоини тоҷик, пеш аз ҳама, аз Пешвои муаззами худ, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузору ифтихорманд аст. Паёми навбатии Сарвари кишвар ба Маҷлиси Олӣ, ки 26 январи соли 2021 ироа гардид, бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистони маҳбуби мо таҳти роҳбарии Пешвои соҳибхираду дурандешу мардумпарвараш дар ҷодаи пазируфтааш собитқадам аст ва қотеъона, бо қадамҳои устувор пеш мераваду зина ба зина, марҳила ба марҳила нерумандтар мешавад, ба комёбиҳои нав ба нав муваффақ мегардад.
Пирӯзиҳои кишвар, хушбахтона, соҳаи маорифро низ комилан фаро гирифтаанд, зеро аслан, дар сиёсати Пешвои миллат ин соҳа аз афзалият бархурдор аст. Ҳанӯз дар нахустсолҳои ба сари қудрат омаданашон Сарвари кишвар бо камоли эътиқоду масъулият эълон дошта буданд, ки «ман ҳамеша дастгири аҳли маориф хоҳам буд ва барои рушди соҳаи маориф тамоми шароитро фароҳам хоҳам овард». Имрӯз ҳамагон шоҳидем, ки Президенти муҳтарамамон сӣ сол боз ба ин изҳороти ватандӯстонаи худ содиқ мондаанд ва нуктаҳои марбут ба соҳаи маориф дар Паёми навинашон ишоратгар бар онанд, ки минбаъд низ таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ин соҳаи тақдирсози миллат ҳаргиз заррае коста нахоҳад гашт. Ин суханони меҳрбору саршор аз эҳтироми Сарвари кишвар моро ба ин боз ҳам бештар мутмаин месозанд, ки солҳо қабл аз ин гуфта буданд:
«Ман пештар ҳам борҳо гуфтаам ва боз такрор мекунам: то замоне ки мо барои аҳли илму маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистаеро муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро, чунонки мебояд, баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст».
Аҳли маорифи пойтахт чун тамоми алоқамандони ин соҳаи бонуфуз дар саросари кишвар аз чунин таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат сипосгузору ифтихорманданд ва ҳамвора ба он мекӯшанд, ки ҷавобан ба ин ҳама фаъолияти шоиставу фарогиру самаровар дошта бошанд. Нишондодҳои солҳои охир бозгӯю собитгари онанд, ки аҳли маорифи шаҳри Душанбе аз ин лиҳоз ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.
Дар муассисаҳои таълимии пойтахт, махсусан, эътибор ба такмили сатҳу сифати таҳсилоти хонандагон рӯзафзун аст ва ин бо дастуру ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ бастагӣ дорад. Сардори давлат дар Паёмҳои солҳои охир ироадоштаашон ба ин масъала махсус ишора намуда, талаб менамоянд, ки мо бояд тадриҷан сатҳи сифати таълиму тарбияро ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ созем. Албатта, ин кори саҳлу андаке нест, вале ба куллӣ имконпазир. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат боз ҳам таъкид шуда: «Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем». Мо, аҳли маорифи пойтахти кишвар, худро масъул медонем, ки аз ин лиҳоз барои ҳамаи алоқамандони соҳаи маорифи мамлакат намунаи ибрат ва мактаби омӯзишу пайравӣ бошем ва гумон дорем, ки дар ин самт то ҷое муваффақ ҳам ҳастем. Солҳои охир сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо ҷалби зумрае аз омӯзгорони варзидаву соҳибтаҷриба гурӯҳҳои махсусе созмон додааст, ки онҳо дар таълимгоҳҳо мунтазам бо фаъолияти муаллимону роҳбарияти мактабҳо шинос мешаванд ва дар ин замина ба онҳо ёрии методию амалӣ мерасонанд, барои ҳалли мушкилоташон талош меварзанд, маслиҳатҳо медиҳанд. Умдатарин масоиле, ки аъзои ин гурӯҳҳо ба миён мегузоранд, дар сатҳи сарраёсати маориф ҳалли худро меёбанд. Илова бар ин, ҳоло ҳамкорӣ, таҷрибаивазкунӣ ва иртиботи маънавии омӯзгорони пойтахт хеле вусъат ёфтааст ва ҳамбаста ба ин, маҳорату малакаашон сайқали тоза пазируфтааст.
Ҳамчунин, мо аз он қаноатманду ифтихормандем, ки марҳила ба марҳила сафи омӯзгорони эҷодкори пойтахт меафзояд, қобилияту маҳорати эҷодиашон бештар мешавад. Маълум, ки бидуни дарки масъулият, бидуни андешаву афкори тоза, бидуни маҳорату малакаи эҷодӣ, бидуни шавқу ҳавас ва меҳру муҳаббат ба пеша наметавон эҷодкору навовар буд. Агар вусъати эҷодкории омӯзгорони мо, аз як тараф, дар дарсҳои ҳамарӯзаву машғулиятҳои иловагиашон бо хонандагон ба мушоҳида расад, аз тарафи дигар, ин ҳолат дар фаъолияти онҳо вобаста ба эҷоду таҳияи китобу рисолаву мақолаҳо эҳсос карда мешавад. Агар гӯем, ки имрӯз омӯзгорони пойтахтро фурӯғи эҷод фаро гирифтааст, ҳаргиз хато нахоҳем кард. Солҳои охир дар ҳар як шумораи нашрияҳои бонуфузи кишвар нигоштаҳои омӯзгорони пойтахт ба назар мерасанд, ки ба муҳимтарин масоили марбут ба маорифу илм, таълиму тарбия, фарҳангу одоб, эҳтироми муқаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ, ободонию созандагӣ, ваҳдату ҳамкорӣ, меҳру муҳаббат, оини давлатдорӣ, дӯстиву рафоқат, покию шарафмандӣ, ҳазар аз кирдорҳои номатлубу ифротгароёна… бахшида шудаанд. Илова ба нашрияҳои даврӣ (аз ҷумла, ҳафтаномаи «Омӯзгор»-у маҷаллаҳои «Маорифи Тоҷикистон» ва «Маърифати омӯзгор») силсилаи калони мақолаҳои пурмуҳтавои омӯзгорони пойтахт тавассути китобҳои алоҳида (маҷмӯаи мақолаҳо) бо номҳои «Нигоҳи омӯзгор», «Дурахши истеъдод», «Дарси муосир», «Андешаи созанда»… ба табъ расидаанд. Соли дуюм мешавад, ки омӯзгорони шаҳри Душанбе минбари махсуси хешро дарёфтаанд ва он маҷаллаи илмию методиест бо номи «Маорифи пойтахт». Ҳар як шумораи ин маҷаллаи рангаю аз ҳар нигоҳ хушсифат теъдоди зиёди мақолаҳои омӯзгоронро фаро мегирад. Назар ба иттилои масъулини сарраёсат, танҳо дар давоми се соли охир дар нашрияҳои мамлакат наздик ба чор ҳазор (!) нигоштаи аҳли маорифи пойтахт чоп шудааст, ки ин ҳодисаи сурурбахш дар таърихи маорифи шаҳр назир надорад.
Агар суханрониҳои омӯзгорони моро дар ҳамоишу маҳфилҳои гуногун ба инобат гирем, ин теъдод боз ҳам меафзояд. Албатта, сифати таълим бо қобилияти эҷодии омӯзгорон, навовариҳои онҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Мо мутмаинем, ки фурӯғи эҷоди аҳли таълиму тарбия минбаъд ба боз ҳам боло рафтани сатҳи саводу омӯзиши хонандагон мусоидат хоҳад кард.
Пирӯзии шумораи зиёди шогирдони таълимгоҳҳои пойтахт дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ширкати бобарори онҳо дар озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ғолиб омадани омӯзгори пойтахт дар озмуни «Муаллими соли 2020», соҳиби мақоми аввал шудани мураббии кӯдакистони пойтахт дар озмуни «Мураббии соли 2020» ва даҳҳо чунин мисолҳои дурахшон ҳама дар маҷмӯъ далели рӯшани онанд, ки аҳли маорифи пойтахт дар посух ба дастуру нишондоду ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ ба миён гузошта мешаванд, фаъолияташонро пайваста вусъат мебахшанд ва дар пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон ҳиссаи сазовор гузошта, ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро бо сари баланду дастовардҳои арзишманд пешвоз мегиранд.

Муҳаммадалӣ АЗИЗӢ, 
сардори сарраёсати маорифи 
шаҳри Душанбе, 
доктори илмҳои педагогӣ 
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш