Яке аз заминаҳои таъмини сифати таҳсилот ва баланд бардоштани донишҳои назариявӣ ва амалии хонандагон мустаҳкам намудани базаи моддиву техникӣ ва ҷиҳозонидани кабинетҳои фаннӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Омӯзиш ва таҳлилҳо нишон доданд, ки дар давоми солҳои 2018-2020 дар татбиқи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб қисман ба кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ таъмин гардидаанд. Дар хусуси иҷрои барномаи мазкур, мудири бахши раёсати маорифи вилоят дар минтақаи Кӯлоб Ҷ. Шукурзод чунин иброз дошт: - Тибқи нақша мебоист дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар солҳои 2018-2020 300 адад кабинети фаннӣ тайи 3 сол муҷаҳҳаз гардонида мешуд. То ин дам 67 адад кабинети фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки ин 22,3% нақшаи барномаро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳо, аз ҷумла, Кӯлоб - 31, Восеъ - 29, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - 32, Фархор - 34, Балҷувон - 26, Ховалинг - 31, Муъминобод - 30, Ш. Шоҳин - 30, Темурмалик - 26 ва Данғара - 33 адад кабинети фанҳои табиатшиносӣ бояд ташкил ва муҷаҳҳаз гардонида мешуданд. Иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 6 (19,3%), Восеъ 13 (49%), Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 10 (31,2%), Фархор 3 (8,8%), Балҷувон 3 (11,5%), Ховалинг 3 (9,6%), Муъминобод 3 (9%), Ш. Шоҳин 9 (30%), Темурмалик 6 (23%) ва Данғара 37 (100,36%)-ро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Кӯлоб нақшаи чорабиниҳо ба тасвиб расида, баҳри иҷрои барнома ба муассисаҳои таълимии қаламрави шаҳр равон карда шудааст. Айни ҳол аз шумораи умумии 31 кабинети фанние, ки тибқи нақшаи умумӣ барои солҳои 2018 – 2020 муайян шудааст, то имрӯз 6 кабинети таълимӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барқарор карда шудааст. Дар муассисаи таълимии №27 (директораш З. Ёрмадова) дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ кабинетҳои фанҳои физика, химия, биология ва таълими меҳнат бо воситаҳои аёнӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Ҳамчунин, чор адад компютер барои кабинети технологияи иттилоотӣ, як адад тахтаи электронӣ бо видеопроектор ва як адад пурқувваткунандаи овоз харидорӣ шудааст. Қайд кардан бо маврид аст, ки соли 2019 дар муассисаи таълимии №1 бо дастгирии собиқ хатмкунандаи мактаб Ш. Солиев як кабинети фанни технологияи иттилоотӣ бо 12 адад компютер ва 1 адад тахтаи электронӣ бо видеопроектор муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамзамон, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур дар соли 2020 дар мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб ва литсейи №1 кабинети фаннӣ аз химия, биология ва физика ташкил ва таҷҳизонида шудааст. Дар моҳи майи соли ҷорӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Н. Комилов дар муассисаи таълимии №№41, 3 кабинети фаннӣ аз химия, биология ва физика бо тамоми асбобу лавозимоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шуда, мавриди истифода қарор дода шудааст. Мутаассифона, аз маълумотномаи шуъбаи маорифи шаҳр маълум мегардад, ки директорони чанде аз муассисаҳои таълимӣ моҳияти талаботи барномаи мазкурро то ҳол дарк накарда, нисбат ба иҷрои барнома саҳлангорӣ менамоянд. Нарасидани реактивҳои химиявӣ, асбобу васоити техникӣ дар озмоишгоҳҳо, бобати ба таври назариявӣ гузаронидани дарсҳои фанҳои табиатшиносӣ монеа мегардад, ки ин ҳолат ба коста шудани самаранокии сифати таҳсилот оварда мерасонад. Маълум ки иҷро нагардидани барнома ба маблағгузорӣ вобаста аст. Дар тӯли солҳои 2018 – 2020 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои амалӣ намудани барномаи мазкур муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот маблағгузорӣ карда нашудаанд. Ҳамаи корҳои иҷрогардида дар ин самт дар доираи маблағгузории сарикасии муассисаҳои таълимӣ ва бо ёрии омӯзгорону волидайни хонандагон ба анҷом расонида шудааст. Шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара дар самти амалӣ намудани барномаи зикршуда дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст. Тавре ки мудири шуъбаи маорифи ноҳия Б. Шарифзода қайд кард: - Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи қарори раиси вилояти Хатлон ва раёсати маорифи вилоят дар муассисаҳои таълимии ноҳия муҷаҳҳазгардонии 33 кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ пешбинӣ гардидааст. Аз соли 2018 то имрӯз бо ибтикори шуъбаи маориф ва роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ 37 кабинети фаннӣ ба арзиши аз 30 000 то 60 000 сомонӣ таҷҳизонида шудааст. Дар соли 2018 аз ҷониби директорони муассисаҳои таълимии №№ 3,4,38,12 ва литсейи тамоюли техникӣ 5 адад кабинети фаннӣ аз физика, биология, география, суруд ва математика таъсис дода шуда, бо воситаҳои муосири техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар солҳои 2019-2020 бо маблағхои сарикасии муассисаҳои таълимии №№2,5,6,8,11,14,16,20,24,28,42 ва маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ 32 адад кабинети фаннӣ, аз ҷумла, аз физика - 4, химия – 4, биология -2, география - 4, математика -3, технологияи иттилоотӣ - 3 ва суруд - 12 адад таъсис дода шуда, бо воситаҳои муосири техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Айни ҳол дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия 172 адад кабинети фаннӣ аз табиатшиносӣ, технологияи иттилоотӣ ва суруд фаъолият доранд. Ҳамчунин, дар назди 33 муассисаи таълимӣ озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази фанҳои химия ва физика фаъолият карда истодаанд, ки пурра барои гузаронидани корҳои амалӣ ва лабораторӣ омода ҳастанд. Мутаассифона, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар самти амалӣ намудани барномаи номбурда ғайр аз гимназияи ҷумҳуриявӣ ва мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат, аз буҷаи маҳаллӣ ягон маблағ ҷудо нагардидааст. Ҳамаи корҳои иҷрогардида дар ин самт дар доираи маблағгузории сарикасии муассисаҳои таълимӣ ба анҷом расонида шудаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Муъминобод тибқи нақша бояд 30 кабинети таълимӣ аз фанҳои дақиқ (физика, химия, биология, география, математика, технологияи информатсионӣ ва экология) таҷҳизонида мешуданд. Шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод барои беҳтар намудани сифати таълим ва самаранок истифода бурдани воситаҳои аёнӣ ва техникӣ дар машғулиятҳо корҳои назаррасеро ба анҷом расонида, дар давоми солҳои 2018 – 2020 дар муассисаҳои таълимӣ 6 кабинети фаннӣ ва 3 озмоишгоҳи муҷаҳҳази таълимӣ таъсис дода шудааст. Бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии №№ 13, 49 кабинетҳои физика, химия, биология ва технологияи информатсиониро бо таҷҳизоти ҳозиразамони техникӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ таъмин намудаанд. Аз буҷаи маҳаллӣ барои харидорӣ намудани воситаҳои навини техникӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия танҳо дар соли 2011 22 000 сомонӣ ҷудо шудаасту халос. Аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Назрулло Аброров бо маблағи 15000 сомонӣ ба муассисаи таълимии №14 1 адад тахтаи электронӣ ва 10 адад компютер харидорӣ карда шудааст. Инчунин, соҳибкор Саидаброр Ҷаъфаров ба маблағи 32000 сомонӣ ба муассисаи таълимии №12 воситаҳои ҳозиразамони техникӣ, аз қабили тахтаи электронӣ ва компютерро харидорӣ намудааст. Бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Сафар Ҷобиров дар гимназияи давлатии Боғи Ҳабиб кабинетҳои химия, биология ва физика бо воситаҳои аёнию техникии муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар муассисаҳои таълимии № 22,24 ва 42 умуман ягон кабинети ҷиҳозонидаи таълимӣ вуҷуд надорад.
Шариф АБДУЛҲАМИД, «Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр