Нашрияи Омӯзгор

Саҳми олимони тоҷик дар рушди риёзӣ

Сана: 2021-02-03        Дида шуд: 826        Шарҳ: 0


Алгебра дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омада буд. Ин илм дар бораи ҳал ва тадқиқи муодилаҳои хаттӣ ва квадратӣ мебошад. “Алҷабр” ва “ал - муқобила” номи аввалини алгебра буда, нахустин маротиба дар корҳои математикии ал - Хоразмӣ истифода бурда шудааст. Маънои асосии “ҷабр” ва “муқобила” ду амали одитарин; яке аъзои манфии муодиларо аз як тарафи баробарӣ ба тарафи дигари он ба аломати баръакс гузаронидан бошад, дигаре аз ду тарафи баробарӣ аъзои якхеларо партофтан мебошад. Алгебраи Хоразмӣ дар давоми асрҳои  ХII-XVI дар тарҷумаи лотиниаш мавриди омӯзиши аврупоиён қарор гирифта, барои дар Ғарб рушд ёфтани ин фанни бостонӣ замина гузошт. Алгебра ҳамчун қисми таркиби ҳисоб (математика) муддати тӯлонӣ инкишоф ёфт. Дар доираи илми математика ҳанӯз 4000 сол пеш бобулиҳо, мисриҳо баъдтар юнониҳо, хитоиҳо ва ҳиндуҳои қадим ишораҳои алоҳидаро истифода бурда, масъалаҳои гуногунро ҳал менамуданд. Махсусан, дар Осиёи Миёна ин фан хеле рушд ёфт. Вақте ки асари Хоразмӣ  “Ал-китоб ал-мухтасар фи ал-ҳисоб, ал-ҷабр ва ал-муқобала” дар асри VII бо забони лотинӣ тарҷума мешавад, сарлавҳаи арабии он бе тағйирот мемонад. Ҳамин тавр, дар асри IX Хоразмӣ алгебраро аз фанни математика ҷудо намуда, ба он номи мувофиқ ва истилоҳи хос мегузорад. Агар поягузори алгебра ҳамчун илм олими бузурги тоҷик Муҳаммад Хоразмӣ (780-850) ҳисоб ёбад, файласуф, математик ва ситорашиносӣ дигари форсу тоҷик Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳим Хайём (18.05.1040-4.12.1123) аз он нобиғагону фарзонагони шаҳир ба шумор меравад ки ба афкору ақоид ва мероси гаронбаҳои худ дар рушду такомул ва пешрафти фарҳанги умумииинсонӣ саҳми бузург гузоштааст. Саволе ба миён меояд, ки олимони Осиёи Миёна, хусусан, Хоразмӣ маълумоти алгебравиро аз олимони кадом мамлакат қабул кардаанд? Гуфтан мумкин нест, ки Хоразмӣ мафҳумҳои алгебравиро аз математиконии Ҳиндустон қабул кардааст, чунки ба ҳиндустониҳо ягон қоидаи амалҳо, монанди “ҷабр“ ва “муқобала” маълум набуд. Қоидаҳои дар алгебра истифода бурдаи математики Юнони қадим Диофант (асри III то давраи мо) маълум буданд. Аммо ин чунин маъно надорад, ки Хоразмӣ ва дигар математикони тоҷик натиҷа ва истилоҳоти алгебравиро аз математикони Юнони қадим қабул карда бошанд. Тадқиқотҳои солҳои охир исбот намуданд, ки пайдоиши алгебра ва истилоҳоти он кори мустақилонаи олимони тоҷик мебошад. 
Дар давоми асрҳои XVII-XIX аз алгебра шохаи нав, аз қабили алгебраи бисёраъзогиҳо ба миён омад. Риёзидонони Осиёи Миёна аз Хоразмӣ сар карда, ифодаҳои дуаъзогӣ ва сеаъзогии квадратиро ба ду гурӯҳ: сода ва мураккаб ҷудо намуда, дар асоси онҳо шаш намуди муодилаи мухталифро ҳал намуданд. Дар ин кори заҳматталаб,  инчунин, номи олими тоҷик Алӣ Қушчӣ (асри  XV) Баҳоваддини Омулӣ ва Наҷмиддин Алихонро ба некӣ ёдовар шудан мумкин аст. Онҳо дар баробари  пешниҳод  намудани  формулаҳои  ҳалли  муодилаҳои  аз бисёраъзогиҳои  дараҷаи  ду тартибёфта,  инчунин, муодилаҳои  тартибии  се  ва  чор  тағйироти  ҷиддӣ  сохтаанд.
Математикони  тоҷик  натанҳо  ба  инкишофи  минбаъдаи  математика  мадад расондаанд  ва  шароит  муҳайё  намудаанд,  балки  хазинаи  илмро  ба бисёр  асарҳои пурмоҳияти  худ ғанӣ гардондаанд. Дар  алгебра  дохил  намудани  ададҳои  мусбат  ва  манфӣ  ба  Қушчӣ  тааллуқ дорад. Умари  Хайём  дар  “Мушкилоти ҳисоб”  ном  асараш  тарзи  ёфтани  решаи  бутунро  бо  нишондиҳандаи  дилхоҳи  натуралӣ  аз  ададҳои  бутун  нишон  додааст. Олими машҳур дар асари хеш  овардааст, ки  ӯ  тарзи  ёфтани  решаҳои  квадратӣ  ва  куби   ҳиндиро  (бо формулаҳои квадратӣ  ва кубӣ, суммаи  ададҳо   такя намуда) исбот  намудааст.  Мутаассифона,  ин  асари  пурарзиш  то  замони мо боқӣ намондааст. Аз тарафи  И. Нютон  барои  нишондиҳандаии  касрӣ   ҳосил  намудани  формулаи  мазкур  ба номи биноми  Нютон  маълум аст. Ҳоло  дар  тарърихи математика  онро  ҳамчун  биноми  Хайёму  Нютон  ёдовар мешаванд.  Маълум  мешавад,  ки  олимони  тоҷик дар инкишофи илми математика нақши бузурге  бозидаанд.  

Муқаддам АРБОБЗОДА,  
устоди Донишгоҳии 
технологии Тоҷикистон
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш