Нашрияи Омӯзгор

Кӯш, то халқро ба кор оӣ!

Сана: 2018-07-12        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

Сатҳи савод дар собиқ мамолики Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, Тоҷикистони мо ҳам, ки як ҷузъи таркибии он ба ҳисоб мерафт, аз нишондиҳандаҳои меъёри ҷаҳонӣ ба маротиб баланд буд. Ҳатто ба ин дастовард дар баъзе давлатҳо ҳасад мебурданду дар баъзеи дигар ба он бо нигоҳи адовату кина ва нотавонбинӣ назар мекарданд.

Пас, чунин дастоварди нодири сатҳи савод, ки амсолашро таърихи башарият надидаасту намедонад, дар рӯйи кадом пояҳо бунёд ёфтаву устувор гардида буд?! Чӣ иксире буд дар ин амал, ки аҷнабиён дар фаҳму дарки муаммои он солҳо аз андеша сар мекафонданду оҷизӣ мекашиданду ангушти таҳайюр мегазиданд?!

…Маънои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, ба андешаи ман, ӯро аз меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ манъ кардану боздоштан нест. Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ин дар манотиқи мухталифи сайёра онҳоро аз ҳар гуна хушунат, офат, даҳшат, гуруснагӣ, бесаводӣ, азоби муҳоҷирати маҷбурӣ, тафриқаи нажодию мазҳабӣ муҳофизату дастгирӣ кардан аст. Ин ҷо воқеае пеши назарам бори чандум аст, ки падидор мешаваду ба дурӯғу риё будани даъвоҳои муҳофизони ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон мутмаин мегардам. Ҳангоми истилои яке аз давлатҳои Шарқи Наздик гурӯҳи сар то пой мусаллаҳи аскарон ба деҳае ҳуҷум меоранд. Дари ҳавлии мардуми бечораю бегуноҳро бо зарби мӯзаҳои худ шикаста, ба ҳавлие ворид мегарданд. Он ҷо духтарчаи панҷ-шашсола бо ашки шашқатор, чеҳраи аз тарс ваҳшатзада, бо аломати таслим дастони кӯчаку бегуноҳи худро боло мекунад. Магар аз ин дида, даҳшати бузургтаре, аламовартаре ҳаст?! Магар аз ин дида, дигар тифлии ҷигархароштаре ҳаст?! Солҳост, ки симои ин духтарчаи кӯчаки гирёну бепаноҳу бадбахту сарсахти шарқӣ дар хобу бедориҳо аз пеши назарам дур намеравад. Агар имкон медоштам, аз аскари одамсурати ҳайвонсират мепурсидам, ки оё ӯ ҳам аз зоти одам асту модару хоҳару духтар дорад ё на?! Магар ӯро ҳам ба дунё модар зодааст ё на?!

Миллати куҳанбунёду тамаддунофари мо аҷаб мақолҳою андарзҳои ҳакимона дорад: «Нобурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад» ё ин ки «Панири бе пул ҳатто дар қабзаи мушгирак ҳам нест». Акнун биёед, сари ҳикматҳои аслию амиқи пахтакаланду пахтачинӣ, бригадаҳои истеҳсолии мактабӣ, отрядҳои донишҷӯёни бинокор андеша намоем. Мурод аз ин ҳама чӣ буд?! Оё  Иттиҳоди Шӯравии муқтадир, ки нисфи давлатҳои сайёраро мехӯрониду мепӯшонид ё ҳимоя менамуд, ба меҳнати мактаббачаю донишҷӯ ниёз дошт?! Оё буҷаи давлати бузургтарини айём аз ҳамин кор ғанӣ мешуд?! Қотеона мегӯям, ки не! Асло ин тавр набуд! Пас, зери ин амал чӣ фалсафае ниҳон буд?! Дар мағзи фалсафаи ин амал гавҳари аслии тарбия ниҳон буд, ки на ҳама тӯтиякону бӯқаламунон, душманони хориҷию дохилӣ тобу тавони дарки ин маъниро доштанду ба мабдаю ҷавҳари ҳақиқии он сарфаҳм мерафтанд.

Нахустмаҳсули ин тадбир он буд, ки туфайли он аз байни хонандагону донишҷӯён шахсиятҳои ҳақиқӣ, инсонҳои асил, ахтарони пуртоб падид меомаданд. Насли наврас дар муддати як моҳ - ним моҳ ба маънии аслию азалии меҳнат сарфаҳм мерафт. Ба қадри заҳмати доимии волидон мерасид. Аз оилаю деҳаю шаҳри худ муддате дур афтода, муҳаббаташ нисбат ба онҳо меафзуд. Ба маънои мусофирию дурӣ ба куллӣ сарфаҳм мерафт. Мустақилиятро, коллективизмро меомӯхт. Аз нахустин меваҳои маҳсули дастранҷи худ баҳра мебурду менозиду меболид. Дар бунёди бинои муқтадири ҷамъият нахустин хишту хиштпораҳои худро мегузошт. Дар лаҳзаҳои фориғ аз кор китоб мехонд, шеъру ҳикоя, мактуб менавишт, ба варзиш машғул мегардид, аз асрори дунёи дили худ мегуфту аз замири дили ҳамсолон дар аснои суҳбат воқиф мегардид. Хуллас, ба фарқи сиёҳию сафедӣ сарфаҳм мерафт.

Омӯзгорону мураббиён дар раванди маъракаи меҳнат шогирдонрою шогирдон омӯзгоронро аз наздик кашф менамуданд. Танбалону коргурезону меҳнатқаринон худ ба худ рӯйи об мебаромаданд. Аз ҳама муҳимтаринаш, гавҳари носуфтаи дилҳои кӯчак аз ин тадбирҳо суфта мегардид. Беорию бетамизӣ, бефарқию фориғболӣ, танбалию носипосӣ аз замири қалби наслҳо батадриҷ зудуда мешуд. Даричаи дили онҳо ба қабули партави меҳр, ғаму фироқи дурӣ, мусофирӣ, номуси ватандорӣ, ишқ, раҳм, вафо, қадрдонӣ омода мегашт. Ана ин буд фалсафаи ба меҳнат ҷалб намудани мактабиёну донишҷӯёни даврони шӯравӣ, ки муаллифонаш одамони тасодуфӣ ва олимони аз дунёи амвоҷу маҷрои маориф дур набуданд.

Алҳол раванде ба ҳукми анъана даромадааст. Аксари волидон фарзандони худро аз овони кӯдакӣ ба мактабҳои варзишӣ медиҳанд. Дар ин роҳ аз харҷи маблағҳои калон ҳам худдорӣ намекунанд. Аз муваффақиятҳои ҷигарбандон шоду масрур гашта, дар худ намеғунҷанд. Ин, бешубҳа, падидаи нек аст. Ман шахсан зидди он нестам. Бигзор ин падида ривоҷу равнақ ёбад. Дар ин кор асрори солимии наслҳо ниҳон аст. Вале, ба андешаи ман, меҳнат аз варзиш ба куллӣ фарқ дорад. Меҳнат дар табиати худ обастани меҳр, вафо, қадрдонӣ, иттифоқӣ, ободкорӣ, ризқофарӣ, бойигарӣ, чашми сер, тавозӯъ, хоксорӣ, ҳалимӣ, садоқат, ҷоннисорӣ, хуллас, коргоҳу кӯраи обутоби одамгарист. Баръакс, варзиш аксаран маврид дар табиати худ обастани виқор ва фахру ҳамҳамаю дамдамаҳои шахсист. Аксаран бераҳмию муштзӯрӣ ва ҳавою ҳавасҳои шуҳрату молу сарват дар пай дорад.

Дар мактаб рӯзҳои баргузории шанбегӣ ё ҳашари умумӣ баъзан таҷрибаю мушоҳида менамоям ва мутмаин мешавам, ки байни варзиш ва меҳнат тафовут аз замин то осмон аст. Хонандае, ки 4-5 сол ба варзиш машғул шудааст, баъди 10-12  бор ба замину ҷӯйбор каланд задан арақшор шуда, пайти гурехтан мекунад. Лекин хонандае, ки дар толори варзишӣ нею дар хонадон, ҷамъият малакаи меҳнат кардан омӯхтааст, ҳатто ҷуссаи баҳодурона надошта бошад ҳам, намунаи ибрати дигарон асту дар чашму рӯй, ҳаракат, гуфтори ӯ некӣ дар таровиш аст.

Меҳнат шаҳсутуни тарбия аст. Бояд дар тарбияи наслҳои солиму созанда, бунёдкору ватандӯст, дилсӯзу сарсупурдаи миллат, бономусу нанг бехабар намонему ба хатокориву иштибоҳ ҳаргиз роҳ надиҳем. Бепарвоию фориғболиро аз зеҳну андешаамон бадар намоем, то ин ки насли тарбиямуҳтоҷу тарбиямуштоқи мо аз саҳлангории худи мо истифода бурда, сар ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракати номатлуб назанад, ҷабҳаи Заҳҳокону Аҳриманони Давлати Исломиро аз оғӯши Ватану дуои модару хоки муқаддасу оби поки кишвар беҳтар надонад. Зеро ҷавонону наврасон умеду ормонҳои ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мебошанд.

 

Исматуллоҳи АБДУЛЛОҲ,

директори мактаби №25-и

 шаҳри Исфара, узви ИЖТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш