Ман аз ҷумлаи бонувони давраи соҳибистиқлоли Тоҷикистонам, ки дар ҷодаи касби дӯстдоштаам - омӯзгорӣ кору фаъолият мекунам. Аз давраи мактабхониам ба тарзи дарс додани муаллимаам нигариста, ҳавасам меомад. Мехостам мисли ӯ ҳарф занам, монанди ӯ либос пӯшам, мисли ӯ роҳ гардам ва ҳамеша шогирдонам дар гирду атрофам бошанд. Имрӯз хушбахт аз онам, ки метавонам пайваста чеҳраи мунаввари кӯдакони зеборо бубинаму чашмҳоям нур бигиранду қалбам шодиву сурур. Дар нигоҳи пурмеҳри шогирдонам ободиву озодии Тоҷикистони азизро мебинам. Хуб медонам, ки ояндаи ҷомеа, ҳифзи Ваҳдату Истиқлол ба дӯши шогирдони мактабанд. Ҳамвора худомӯзӣ мекунам, ба китобхонаҳо рафта, маҷаллаву китобҳои бадеиро дармеёбаму мехонам, то ки ҳар рӯз ба шогирдони худ як маълумоти нав, байтҳои хуб ва зарбулмасалу чистонҳои аҷибро бихонам. Ҳамчун омӯзгор пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки онҳоро мисли фарзандони худам дӯст дораму дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбия намоям. Муаллиме, ки шогирдашро чун фарзандаш дӯст надорад, сахт иштибоҳ мекунад, зеро кӯдак инро дарк мекунаду ба муаллим бовар намекунад. Муаллим набояд дар вақти муносибат бо шогирдон табассуми дурӯғин ва хандаи сохта дошта бошад. Самимияти муаллимро шогирдон эҳсос карда, пешқадам ва аълохон мешаванд. Ман ҳамчун муаллим кӯшиш мекунам, ки ба шогирдон одоби муоширати байни ҳамдигар, эҳтироми калонсолон ва меҳру муҳаббатро биомӯзонам. Ман кӯшиш мекунам, ки дили кӯдаконро ёбам, то ба ҳарфи ман гӯш кунанд ва ба ман чун ба модари бофарҳангу ботамизу бохирад бовар кунанд. Агар муаллим роҳ ба дили кӯдакро наёбад, заҳматаш беҳуда хоҳад буд. Мусаллам аст, омӯзгор он гоҳ шарафёб мегардад, ки ҳамеша бо волидайни шогирдонашон дар тамос бошад. Дар навбати худ падару модарон низ муваззафанд, ки сари чанд вақт ба мактаб омада, аз ҳолу хониши фарзандашон огоҳӣ ёбанд.
Умеда Қаюмова, омӯзгори мактаби №32, ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр