Нашрияи Омӯзгор

Таҳкурсии дониш

Сана: 2021-02-03        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

Хониш воситаи пуртаъсири инкишофи умумии кӯдак  буда, барои ба вуҷуд овардани худомӯзӣ ва дигар сифатҳои ба кӯдак марбут  мусоидат мекунад.  Инсон танҳо тавассути китобхонӣ  олами гирду атрофашро дарк карда, кори некро аз бад тарҷеҳ медиҳад. Имрӯз баъзе бачаҳо бештар ба шабакаҳои интернетӣ шавқу рағбат дошта бошанд ҳам, рафта - рафта ҳис мекунанд, ки китоб беҳтар аст ва мисли фариштаест, ки ба хонандаи худ фақат пайки донишу ақлро меоварад.  Сухани неку воло, ки инсонро ба кӯйи мақсуд мерасонад,   аввалан аз модар, баъдан аз китоб ёд мегирад. Яъне  китоб  дар ҷодаи инсонро сухани неку ширин омӯхтан нақши созанда дорад, чун китоб сарчашмаи аслӣ  ва ягонаи  пешравию тарбияи ақлонии  ҷомеаи инсонӣ маҳсуб меёбад.
Чи қадаре ки инсон ба хондани пай дар пайи китоб рӯ меоварад, ҳамон қадар ҷомеа пеш рафта, оҳиста - оҳиста ба як ҷомеаи пурқуввати фарҳангӣ ва иҷтимоӣ табдил хоҳад ёфт. Ба вижа, китоб пеш аз ҳама ҷаҳони маънавии кӯдаконро зебову мубарро карда, донишу одоби хубро дар қалби онҳо тақвият медиҳад. Дар шеърпораҳои  Раҳмони Бобо, ки бо самимияту муҳаббат нисбат ба кӯдакон суруда шудаанд, манфиати китобхониро барои бачаҳои хурдсол хеле муҷаз ва равон васф кардааст:
Ғизои ақл аст китоб,
Ризои ақл аст китоб.
Дониши ту физояд,
Бақои ақл аст китоб.
Ман ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ҳамвора кӯшиш мекунам, ки муҳаббат нисбат ба китобро дар дили шогирдонам  тавассути китобҳое, ки барои бачаҳо чоп мешавад, ҷойгир намоям. Аз китобҳои барои кӯдакон навиштаи Алӣ Бобоҷон, Юсуфҷон Аҳмадзода, Ҷӯра Ҳошимӣ,  Латофат Кенҷаева ва дигар шоирон барояшон шеъру ҳикоя хонда, маънии онҳоро мефаҳмонам. Барои қироати шеър пора - пора шеърҳои шоиронро дар дафтарашон менависанд, барои он ки дар зеҳнашон бимонад, таъкид мекунам, ки азёд кунанд. Ҳамчунин, ҳар сол дар арафаи ҷашнҳои миллӣ  дар миёни шогирдонам  озмун “ Барои беҳтарин қироати шеър” ташкил мекунам ва аз шогирдонам тақозо мекунам, ки ҳар кас, ки шеърро хубу шево бихонад, соҳиби туҳфае мегардад. Ва шогирдонамро бо китоби хубе ҳавасманд мекунам. Шогирдонам аз ин гуна озмунҳо илҳом гирифта, рӯй ба китоб меоваранд, ба китобхонаи мактаб аъзо шуда, китобҳои дӯстдоштаашонро мегиранд.
Мо, омӯзгорон, вазифадорем, ки шогирдонамонро ба ҳар роҳу восита китобхон намоем ва нахуст ба онҳо шеърҳои сода, ҳикоячаҳои хурдро  тавсия диҳем ва ё ки ҳамроҳи онҳо дар соати дарсӣ  китоби бадеӣ бихонему баъдан аз онҳо тақозо бикунем, ки китобҳоро  хонанд. Кӯдакон ниёзманди ашъори содаву фаҳмо ҳастанд, ки ба зеҳни онҳо тақвият бахшида, муҳаббати онҳоро ба китоб зиёд мекунад. Яъне  дар оянда таҳкурсие мешаванд барои асарҳои бузургонро хондану дарк намудан.

Шаҳноза  Саидова,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш