Нашрияи Омӯзгор

Солимии психикии наврасон ва аҳамияти он

Сана: 2021-02-03        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

Масъалаи солимии психикӣ, ки натиҷаи онро фикри солим ва натиҷаи камолоти онро бошад, ҷомеаи солим ташкил медиҳад, бо наврасону навҷавонон алоқаи зич дорад. Дар психология ду мафҳуми асосӣ мавриди истифода қарор дорад:  солимии психикӣ ва синну соли наврасӣ. Барои фаҳмотар гардидан, аз шарҳи мафҳумҳои мазкур оғоз мекунем. 
Шахсони синни 10-19 наврас ва шахсони 15 то 24 - соларо  ҷавон ном мебаранд. Мафҳуми «насли наврас» ҳам наврасон ва ҳам ҷавононро дар бар гирифта, мувофиқан шахсони аз 10 то 24 - соларо фаро мегирад. Дар аксари адабиёт метавон чунин таърифро низ вохӯрд: «Синни наврасӣ – ин давраест, ки дар раванди он одам тағйироти бузурги ҷисмонӣ, психологӣ ва эмотсионалиро аз сар мегузаронад. Рушду инкишофи босуръати бадан ва мағзи сар ба амал меояд, ки ба тағйироти ҷисмонӣ ва тағйирот дар тафаккур, тарзи ҳалли мушкилот, малакаҳои иҷтимоӣ ва муносибатҳои байнишахсӣ оварда мерасонад».
Раванди инкишофи наврасро метавон ба се марҳалаи асосӣ – синни барвақти наврасӣ (11-15 - солагӣ), марҳалаи мобайнӣ (14-17 - солагӣ) ва марҳалаи дер (16-19 – солагӣ) ҷудо намуд. Тағйирот дар ин синну сол натанҳо бо сабзиши ҷисмонии бадан ва мағзи сар, балки бо инкишофи маърифатӣ, психологӣ, иҷтимоӣ ва дар аксар ҳолатҳо маънавии наврасон тавсиф дода мешавад.  
Инкишофи ҷисмонӣ  бо тағйироти биологии давраи балоғати ҷинсӣ тавсиф дода мешавад. Бо оғози марҳалаи мобайнии инкишофи ҷисмонӣ (қад, вазн, инкишофи мағзи сар, функсияҳои ҷинсӣ ва монанди инҳо) наврас ба тавсифдиҳандаҳои одами калонсол наздик мешавад.
 Аломатҳои инкишофи психологию иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, андешаҳо доир ба сабзиши босуръати ҷисмонӣ ва тағйироти намуди зоҳирии бадани худ, ҳамчунин, ноустувории эмотсионалиро дар бар мегирад.  
 Акнун мегузарем ба шарҳи мафҳуми навбатӣ, яъне солимии психикӣ. Дар зери мафҳуми солимии психикӣ ҳолате дар назар дошта мешавад, ки инсон метавонад бо мушкилот ва монеаҳои ҳаётӣ мубориза бурда, барои расидан ба мақсадҳои дар пеш истода кӯшиш кунад. Мафҳуми мазкур, мафҳуми васеъ буда, дар он, инчунин, маҳсулнокии фаъолияти якҷоя, муносибат ва муошират бо дигарон, мутобиқ шудан ва ғайраҳоро ворид намуд. 
Зигмунд Фрейд, равоншиноси машҳур, солимии психикиро дар қобилияти муҳаббат ва кор медид. Яъне, аз наврасон, ки дар ин давра дар онҳо неруи зеҳнӣ хеле зиёд аст, даъват ба амал меовард, то онҳо энергияи худро ба самти дуруст равона намоянд. 
Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки наврасон бо мушкилоти мухталифе рӯ ба рӯ мешаванд, ки ба ҳолати психикии онҳо ба таври мусбат ва ё манфӣ таъсир мерасонанд. Омилҳое, ки ба солимии психикии наврас таъсири мусбат мерасонанд: 
- муносибати мусбӣ ва пурарзиш бо аъзои оила, наздикон, омӯзгорон ва ҳамсолон; 
- дарсҳо ва ё дигар намуди фаъолиятҳои ҷолиб дар мактаб; 
- вазъияти мусоид ва некбинона дар хона, мактаб ва ҷомеа;
- муносибати мусбии одамони наврасро иҳотанамуда.
 Мутаассифона, нисбат ба омилҳои мусбат дида, омилҳои манфии ба солимии психикии наврас таъсиркунанда зиёдтар мебошанд ва онҳо чунинанд:   
- муҳити носозгори мактаб;
- муносибатҳои шахсии ғайриқаноатбахш бо аъзои оила;
- мушкилот бо ҳамсолон;
- таҷрибаи манфии муноси-батҳои ошиқона;
- мушкилоти молиявӣ дар оила.
- тамғагузории воқеӣ ва ё тахайюлӣ, хусусан, тамғагузорӣ ҷиҳати фарбеҳӣ ва дигар нуқсонҳои ҷисмонӣ ва ё имкониятҳои маҳдуд;
- аздастдиҳии шахси наздик дар натиҷаи муҳоҷират, ҷудоӣ ва ё марг;
- зӯроварии доимии ҷисмонӣ ва ё психологӣ; 
- азиятдиҳӣ дар мактаб ва ё ҷомеа, аз ҷумла, фишороварӣ аз ҷониби гурӯҳи ҳамсолон;
- мушкилоти алоқаманд бо саломатӣ, махсусан, бемориҳои музмин ва ё мавҷудияти шахси маъюб дар оила.
- никоҳи барвақтии маҷбурӣ, хусусан, барои духтарон ва вобастагии пурра аз шавҳар.
Дар аксар ҳолат омезиш ва мавҷудияти якбораи якчанд омил ба қайд гирифта мешавад, ки оқибатҳои он барои солимӣ ва ҳолати психикии баъзе наврасон ниҳоят ҷиддӣ буда метавонад. Аз сар гузаронидани ҳолатҳои ишорашуда метавонад ба аксуламалҳои психологии стрессии вазнин ва ё вайроншавиҳои дар заминаи стрессҳо бавуҷудомада, ҳамчунин, ба тағйироти шахсият, масалан, итоаткории пурра ва тарс аз ҳамагуна ташаббускорӣ бурда расонад. 

Саидзода Баҳрулло Хол, 
Латифзода Сомон Зариф


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш