Нашрияи Омӯзгор

То сухан пухтаву фикр расо бошад

Сана: 2021-02-03        Дида шуд: 831        Шарҳ: 0

Тайи се-чор моҳи охир, чун ҳарвақта ба нишонии идораи нашрияи «Омӯзгор» мақолаю матолиби зиёде ворид гардид, ки дар мавзӯи масоили гуногуни таълиму тарбия, ҷонибдорӣ аз сиёсати Ҳукумату давлати кишвар дар самти беҳтар намудани вазъи соҳаи маориф, тарғибу муаррифии таҷрибаи пешқадаму омӯзандаи устодону омӯзгорони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, андешаҳои вижаи омӯзгорон дар бораи хештаншиносии насли наврас ва ормонҳои миллӣ ва ғайра иншо гардидаанд. 
Маъмулан, ҳиссаи фаровони навиштаҳои муаллифон дар бораи сабку шеваҳои наву ҷолиб ва омӯзандаи таълими ину он фанни дарсӣ ва истифодаи усулҳои фаъоли тадрис дар раванди баргузории машғулиятҳо, инчунин, ба роҳ мондани муносибати босалоҳият ба таълим ва амсоли инҳо баҳс мекунанд. Андешаҳои омӯзгорон то ҷое шоистаи таҳсинанд, чун таҳлилу баррасиҳои фарогирро тавъам бо таҷрибаю андухтаҳои онҳо дар бар гирифтаанд. Қабл аз ҳама, бояд таъкид кард, ки сатҳу савияи донишу ҷаҳонбинӣ ва маърифати устодону омӯзгоронро аз рӯйи мақолаи таълифнамудаашон метавон муайяну мушаххас намуд. Таври мисол, дар матлабе бо унвони «Таъсири биологии нурҳо» перомуни бо ёрии нурҳои офтобӣ ҳосил шудани  инсулин ва баланси миклофлораи пӯст ва дигар таъсироти ин нурҳо маълумоти хубу ихчами биологӣ дода мешавад. Мақолаи хонданӣ, дорои далоилу арқом ва андешаҳои илмӣ-назариявии муаллиф. Аммо (ин «бемории куҳна»-и ҳамкорони мост) ҷойи афсӯсу нигаронист, ки ному насаб ва суроғаи оне, ки мақоларо таълиф кардааст, вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, аз чопи он худдорӣ намудем. Навиштаи иддаи дигари устодону омӯзгорон қолабӣ буда, шакли мақоларо нагирифтааст. Дарсеро аз рӯйи конспекти муқаррарӣ ҳамчун мақолаи методӣ ба нашрия пешниҳод намудан ҳанӯз маънои сухану андешаи нобу тозаро надорад. Рӯйиҳамрафта аз ин, аз муҳтавои чунин навиштаҳо фикре ба мағзи кас хутур мекунад, ки аксар муаллимон дарсашонро ба ин шеваи якрангу схематикӣ ва хушку дилгиркунанда мегузаранд. Навиштаҳои «Раванди гузаронидани дарси замонавӣ дар синфи 3», «Пайдоиши ададҳо ва истифодаи онҳо», «Нақши фанни математика дар замони имрӯз ва оянда», «Истифодаи об дар зиндагии ҳаррӯза», «Омӯзгорӣ касби  пурифтихор аст», «Истеъдодҳоро дастгирӣ мебояд» ва чанди дигар дар ҳамин қолаб таълиф гардидаанд. Ба муаллифон (Фархунда Султонова, Замоноро Шерова, Фаридуншоҳ Абдуллоев, Муҳайё Холматова, Моҳираи Раҳмон, Лаълбегим Қадамшоева аз шаҳру навоҳии Душанбе ва вилояти Суғд-ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Гулистон) миннатдории хешро баён карда, изҳори умедворӣ мекунем, ки аз қавли шоир, «сухани нав меоранд» ва роҳу усулҳои шавқовару диққатҷалбкунандаи таълимиро пешниҳод ва тарғиб мекунанд. Дар баъзе  матолиби иншонамудаи омӯзгорон, суханҳои обшустаю умумӣ, руҷӯъҳои пур аз ғалату беҳадаф ва иқтибосҳои фаровон аз дигар муҳаққиқону олимон ҷойи зиёдеро ишғол кардааст. Аз ин навиштаҳо фикри бикре, мақсади мушаххас, ҷумлаи саҳеҳе дарёфт намудан душвор аст. Таваҷҷуҳ намоед ба ҷумлаҳое, ки бо онҳо мақола оғоз мешаванд:
«Имрӯзҳо дар ҷомеъаи иҳотакунандаи (?) мо фасодкорӣ (?) нисбат ба табиат, харобкориҳо, аз байн бурдани дарахтони сабз, дар кӯчаву паскӯчаҳо, хиёбонҳо, гузоштану бесарусомон (??) партофтани ҳар гуна партовҳо (?) дар ҷӯйю лӯлаҳои обпарто (?)… зиёд шуда истодааст.
Ё дар мақолаи дигаре омадааст:
«Пас, чаро то ҳол дар бисёр мактабҳо ва ноҳияҳо (?) барои истифода кардан аз воситаҳои техникӣ (компютерҳо, планшетҳо, телефонҳои мобилӣ…) ба ҷойи дастгирӣ, танқидҳо ё писхандҳо аз тарафи маъмурият (?) ва  комиссияҳои тафтишотӣ (?) ба назар мерасанд?.
Дар ин ҷумла, аввалан, сухан бо далел оварда нашудааст, дувум ин ки, тарзи баён таҳрирталаб аст.
Мақолаи муовини ректор оид ба илми Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон З.Насриддинов – «Таклифу пешниҳодҳо аз ҷамъбасти «барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020» пурмуҳтаво ва пероста бо далелҳои муътамад буда, андешаҳои фардии муаллифро дар бар гирифтаанд. Мақола таҳриру бознигарӣ мехоҳад… Бад-ин тариқ, дар матолиби «Дарс дар хона», «Заминаҳои рушди соҳаи саноат дар омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», «Тарбияро усули нав мебояд», «Мавқеи омӯзгор дар ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ», «Воқеияти талабагоне, ки бо ҳам занҷири (?) қалбанд», «Унсурҳои номатлуб дар байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он тавассути таълими фанҳои асосҳои давлату ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон» (Сарлавҳае аз ин тӯлонитар намешавад!!), «Мақсаднок гузаштани дарси тарбиявӣ дар мактабҳои миёна», «Барои ибрат» (?), «Дарси забони модарӣ дар синфи сеюм», «Истифодабарии машқҳо дар мустаҳкамкунии дарс»,  «Тарбияи ватандӯстӣ муҳим аст», «Бозиҳои дидактикӣ дар рафти таълим», «Тарбия аз оила сар мешавад» (Сарлавҳаи забонзадаю умумӣ!), «Унвони оливу дараҷаи холӣ», «Омӯзгори муосир  деҳот», «Омӯзгори ҳунарманди деҳот» ва ғайра масоили мухталифи соҳаи маориф, андешаҳои омӯзгорон дар боби беҳтару самарабахштар гардондани машғулиятҳо ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва донишазхудкунии хонандагони таълимгоҳҳо сухан меравад. Мусаллам аст, ки теъдоди зиёди навиштаҳои дигар ба санаҳои таърихӣ, ҷашнвораҳо ва васфу ситоишу сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон бахшида шудаанд. Мутаассифона, муаллифони аксари ин навиштаҳо аз доираи маълумоту гуфтаҳои борҳо такроршуда берун набаромадаанд. Дар натиҷа матолиби иншонамудаашон умумӣ буда, шавқовару ҷаззоб намебошанд. Ба ин гурӯҳ навиштаҳои «Конститутсия-фаъолияти озоди иқтисодро кафолат дод», «Бахтномаи миллат», «Саразм-оғози тамаддуни халқи тоҷик», «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳким ва рушди хизмати давлатӣ», «Хуни маро бирез дар рагҳои меҳанам», «Такмили конститутсия-талаботи замони муосир»,  «Конститутсия ва саодати занон дар Тоҷикистон», «Қутбнамои миллат», «Шукри давлату миллат», «Рамзи асолати миллӣ», «Дирафшат партавафшон, Тоҷикистон!»,  «Моҳияти парчами миллӣ», «Парчам ҳамчун муқаддасоти миллӣ - ифодакунандаи сарҷамъию ягонагӣ», Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҷашни фархунда аст», «Иҷлосияи тақдирсоз», «Зи истиқлол бувад иқболи тоҷик», «Назаре ба зарурати эътирофнамоӣ» ва ғайраро метавон шомил кард. Дар мавзӯи моҳияти ашъори шоирони классикии форсу тоҷик, умуман, масоили адабӣ низ маводи зиёде дар даст дорем. Аз ҷумла, муаллифе бо тахаллуси Пири Шодмон ному насаби муаллиф номаълум) дар мақолаи «Забони шевои шоир» (бахшида ба 700-солагии шоири ғазалсаро Камоли Хуҷандӣ) дар хусуси корбурди устодонаи шоири ғазалсаро аз вожаю саноеи бадеӣ дар ашъораш сухан меронад, ки шоистаи аҳсан мебошад, вале дақиқ набудани ному насаби муаллиф имкон надод, ки мақола ба нашр расад. Мақолаҳои «Розгуфтанҳои падарам», «Шӯрбахт», «Таҳсил дар донишгоҳ ва масъалаи китобу китобхонӣ», «Дубайтиҳои ман рангобаранг аст» (тақриз ба китоби «Дафтари ишқ»-и шоир Анварбеки Абӯнаср) пурмуҳтавоянд. Дар хусуси заҳмати фидокорони соҳаи маориф, устодону омӯзгорони таҷрибаманду соҳибмактаб муаллифони мо дар навиштаҳои «Ҳаёту эҷодиёти Соҳиб Шуҳратиевич Табаров», «Оламбӣ ва ҷаҳони маънавии ӯ», «Хотира аз дафтари айёмҳо», «Мактаб зар асту заргар муаллим» бо нақли лаҳзаҳои ибратангез аз зиндагию фаъолияти омӯзгорон андешаҳояшонро баён намудаанд. Аммо ин навиштаҳо бештар хусусияти тарҷумаиҳолӣ дошта, ҳоло лоиқи чоп нестанд.
Дар фарҷоми навиштаи худ мо ба ҳамаи онҳое, ки вақти гаронқиммати хешро дареғ надошта, бо мақолаю матолиби иншонамудаашон бо мо ҳамкорӣ доранд, сидқан миннатдорӣ баён намуда, хоҳони онем, ки онҳо  (Сафар Эркаев, Бедил Восифзода, С.Ғаффорзода, Ёдгори Саидамирхӯҷа, Г.Шарифова, Насиба Ҳасанова, А.Ҳамзаев, Олимҷон  Табаров, Шарифхон Шарифзода, Маҷидзода Усмон, Ҷовид Ҳусайнов, Б.Зоҳидов, Қ.Насриддинов, Ш.Қурбонова, Рустам Самиев, Баҳромхӯҷа Орифов, Зарангез Қодирова, Парвина Ҳалимҷонова, Таманно Сатторова, Раҷабалӣ Сангов, Исфандиёр, Бадалов, Мутриба Мирзоева, Саодат Абдулҳакимзода, Бахтиёр Назаров, Зафар Раҳмонов, Гулрухсор Қурбоналиева, Садриқул Санақулзода ва дигарон) бо навиштаҳои ҷолибу хотирмон минбаъд низ робитаи худро бо мо тақвият мебахшанд.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш