Дар литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил мегардад. Бо ин мақсад ин муассиса мавриди навсозӣ қарор гирифтааст. 6 феврал раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода аз литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант дидан намуданд. Таъмиру навсозии муассисаи мазкур ба хотири фароҳам овардани шароити хуби корӣ ва муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳо бо аёнияти дарсӣ роҳандозӣ гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки Сарвари давлат охири солҳои 60-уми асри гузашта дар омӯзишгоҳи касбию техникии №40-и шаҳри Калининобод (имрӯза литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант) таҳсил намудаанд. Аз ин рӯ, ашёи таълимии замони таҳсили Президенти мамлакат дар ин таълимгоҳ ҷамъоварӣ гардида, дар осорхона маҳфуз дошта мешаванд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр дошт, ки осорхонаи Пешвои миллат мувофиқ ба солҳои 60-70-уми асри XX бо кандакорию гаҷкорӣ бунёд мешавад. Ба масъулин дастур дода шуд, ки аз ҳама имконияти мавҷуда истифода намуда, осорхонаро дар муҳлати муайян ба истифода диҳанд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр