Нашрияи Омӯзгор

Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол-2021»

Сана: 2021-02-13        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол-2021»-ро эълон менамояд.
Озмуни «Донишҷӯи сол-2021»  бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯён дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва маърифатнокии донишҷӯён роҳандозӣ шуда, дар он донишҷӯёни курсҳои 2,3 ва 4, ки танҳо бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, ҳуқуқи иштирок кардан доранд.
Озмун дар ду давр баргузор шуда, даври аввал дар донишгоҳу донишкадаҳо ва даври ниҳоӣ дар дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор мегардад.
Дархостҳо барои иштирок дар даври ниҳоии озмун аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат то 20 апрели соли 2021 қабул карда мешаванд. ғолибон дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон-23 май қадрдонӣ мешаванд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш