Нашрияи Омӯзгор

Раҳнамову раҳкушои аҳли илму маориф

Сана: 2021-02-13        Дида шуд: 765        Шарҳ: 0

Соли 2021 дар таърихи халқи тоҷик ва миллати мо ба шарофати таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли таърихӣ хоҳад буд. Дар оғози ин соли хуҷастаи миллӣ манзур гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади муҳиме дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад, ки раванди рушди кишварро дар соли сипаришуда натиҷагирӣ ва барномаи пешбурди соҳаҳаҳои мухталифи онро барои соли 2021 мушаххас менамояд. Ба ибораи дигар, ин санади сарнавиштсоз барномаи фаъолияти солонаи мардуми кишвар ва тамоми тоҷикони оламро дар қаламрави ин соли таърихӣ ва фаромӯшнопазир муқаррар намуд. Аҳли илму маорифи кишвар аз он саодатманд ва соҳиби иқболи баланд ҳастанд, ки дар Паёми навбатӣ низ Роҳбари давлат ба рушди соҳа, пешрафти ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дурнамои рушд ва роҳу равишҳои навини таҳаввули илму маорифи кишварро ба таври мушаххас барномарезӣ намуданд.
Дар навбати аввал, таҳлили амиқи вазъи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва бар ин асос пешниҳоди афзун гардонидани шумораи донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, хоса дар риштаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ як барномаи муҳим ва мушаххас барои тайёр намудани мутахассисони соҳа ва аз ин роҳ мусоидат намудан ба иҷрои “Барномаи бистсолаи омӯзиш ва рушди  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” маҳсуб меёбад. Пешвои муаззами миллат тавассути таҳлили амиқ муқаррар намуданд, ки дар доираи омодагӣ ба таҷлили 30-солагии соҳибистиқлолии Тоҷикистон «дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст».
Ин ғамхорӣ ва дастгирии шоиста аз соҳаи маориф ва илми мамлакат дар назди ҳар яки мо, кормандони соҳа, хоса омӯзгорону устодон вазифаҳои мушаххас мегузорад, то бо масъулиятшиносии баланд барои бурдани сифати таҳсилот талош варзем. Пешвои миллат ин масъулият ва вазифаи бузургро дар назди омӯзгорон гузошта, таъкид доштанд, ки «Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем».
Роҳбари давлат бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соли аввали  эълон намудани «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, ҷиҳати боз ҳам тақвият додани роҳҳои амалкарди ин чорабиниҳои муҳим шеваю василаҳои бисёр матлуб ва муҳимро барои ҷомеа, хоса аҳли илму маориф манзур намуданд. Пешниҳоди дигари бисёр муҳими Пешвои миллат, ки он ҳам дар асл як шеваи муассир барои расидан ба ҳадафҳои ин барнома, эълони озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» мебошад, ки дар баробари озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои хонандагону донишҷӯён ва устодони риштаҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баргузор мешавад. Дар навбати аввал, таҳлили амиқ ва саривақтии натиҷаҳои озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» нишон дод, ки новобаста ба мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта, ки ба он аз ҷониби худи Пешвои миллат ҳам ишорат шуд, дар давоми ду сол таъсири матлубе барои ба китоб рӯ овардани намояндагони табақаҳои  мухталифи ҷомеа, ҷавонону наврасон ва ҳатто кӯдакону калонсолон расонид. Ин матлаб баёнгари он аст, ки дар заминаи татбиқи амалии ҳадафҳои ин озмуни бузург таҳти раҳнамоии Пешвои миллат мардуми тоҷик бори дигар суннатҳои деринаи фарҳанги китобдориву китобхонии ниёгони хешро эҳё намуданд, зеро, ба ифодаи Пешвои миллат «Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000-сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд».
Дар ин амр пешниҳоди саривақтии бидуни имтиҳон дохил шудани ғолибони ҷойҳои ифтихории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҳавасмандсозии падару модари онҳо, воқеан, як тадбири барҷастаи омӯзандаест, ки пеш аз ҳама, барои такмили хирадгароӣ, ахлоқи ҷомеа ва татбиқи матлуби нуктаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мусоидат менамояд.
Ин самараҳои бисёр муассир дар ташаккули маънавиёти ҷомеа моро умедвор мекунанд, ки баргузории озмуни нав низ метавонад чеҳраҳои тозаеро дар риштаҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ кашф намуда, пеш аз ҳама, барои ҷалби бештари хонандагон ва донишҷӯён ба ин илмҳо ва омили муҳимме дар иҷрои ҳадафҳои барномаи бистсола гардад. Дар ин самт Пешвои миллат бо изҳори боварӣ ва умедвориҳои зиёд аз баргузории ин озмун таъкид доштанд: «Илова бар ин, зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад».
Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ, ки барои пешрафти илму маориф, тарбияи олимони ҷавон ва муҳаққиқони тозаназар мусоидат менамояд, ин зиёд кардани стипендияи донишҷӯён, магистрантон ва докторантон мебошад. Ин ҳадафи наҷибу созанда, пеш аз ҳама, омил бар он мегардад, ки донишҷӯён, хосатан, магистрантону докторантон барои боз ҳам ҷаҳду талоши бештар дар самти таҳқиқу пажӯҳиши самтҳои муҳими илм, хоса дар бахши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ намоянд. Ҷалби ҷавонон ба иҷрои таҳқиқоти илмӣ дар ин бахшҳо барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат низ муҳим аст, чун самара ва натиҷаҳои илмии онҳо дар сурати мавриди татбиқ қарор гирифтан пешрафтҳои назаррасе дар соҳаҳои гуногун, чун иқтисодиёт, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ, технологияи кишоварзӣ, истеҳсоли неруи барқ, соҳаи энергетика ба бор оварда, дар умум ба раванди расидан ба чаҳор ҳадафи стратегии мамлакат, хосатан саноатикунонӣ, ки ба наздикӣ эълон гардид, мусоидат намоянд. Таъсиси ҷоизаи махсус дар риштаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар қатори Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон метавонад як тадбири муҳим ва шоиста дар роҳи боз ҳам боло бурдани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҷалби бештари ҷавонони соҳибхирад ба самти пажӯҳишҳои бунёдӣ дар риштаҳои илмҳои мазкур омил гардад.
Дар маҷмӯъ, ин дастуру ҳидоятҳо, хосатан барномарезиҳое, ки ба пешрафти соҳаи маориф ва илми мамлакат равона шудаанд, мо кормандони соҳаҳои маориф ва илми мамлакатро вазифадор менамоянд, ки давоми соли равон, пеш аз ҳама, дар амри иҷрои ин ҳама раҳнамоиҳои фардосоз ва равшангари соҳа масъулиятшиносӣ зоҳир намоем ва чунонки Сарвари давлат таъкид намуданд, ташаббускор бошем, то саҳми арзандаи хешро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ гузорем. 

Носир Сайдализода,
сардори раёсати илм ва инноватсияи  Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
номзади илмҳои сиёсӣ,
Обидҷон Маҳмудзода, 
сармутахассиси раёсати илм ва  инноватсияи Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади
илмҳои филологӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш