5-уми феврали соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм бо иштироки Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳо, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Шоистаи таъкид аст, ки нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм тавассути саволу ҷавоб сурат гирифт ва дар он 62 намояндаи расонаҳои хабарии дохиливу хориҷии кишвар иштирок намуданд. Сараввал вазири маориф ва илми кишвар М. Имомзода иттилоъ дод, ки вобаста ба самтҳои муҳими соҳа ва фаъолияти вазорат дар давоми соли 2020 Варақаи иттилоотӣ таҳия шуда, се рӯз қабл аз нишасти матбуотӣ расман ба 35 нашрия, 4 оҷонсӣ, 10 телевизион, 9 радио ва беш аз 180 нафар рӯзноманигору намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ирсол гардид. Ҳамзамон, варақаи иттилоотии вазорат дар сомонаи Вазорати маориф ва илм ҷой дода шуда, нусхаи чопии он дастраси иштирокдорони нишаст гардонида шуд. Соли 2020 Вазорати маориф ва илм ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 678 ва шумораи тарбиятгирандагон ба 97164 нафар расидааст, ки дар муқоиса бо соли 2019 16 муассиса зиёд мебошад. Яке аз омилҳои баланд гардидани сифати таълиму тарбия таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманд ба шумор меравад. Айни ҳол дар муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 9766 нафар корманди педагогӣ фаъолият менамоянд. Дар робита ба паҳн шудани бемории сироятии коронавирус (COVID – 19) дар низоми таҳсилоти томактабӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти видеоии машғулиятҳо барои кӯдакони синни томактабӣ ба роҳ монда шуд. Дар зинаи таҳсилоти умумӣ 3911 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 312 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 430 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3169 муассисаи миёнаи умумӣ мебошанд. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ теъдоди муассисаҳои типи нав 150 адад (75 гимназия ва 75 литсей)-ро ташкил медиҳад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 130465 нафар омӯзгор фаъолият менамоянд. Шумораи омӯзгорон нисбат ба соли 2018 7209 нафар ва нисбат ба соли 2019 5872 нафар зиёд гардидааст. Таҳлили вазъи амалишавии «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» нишон дод, ки бо вуҷуди анҷом додани корҳои муайян, бо сабаби ҷудо нагаштани маблағҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин, паҳншавии бемории коронавирус талаботи барнома дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардид. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати ба низоми муайян даромадани ҳамаи паҳлуҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ “Тартиби интиқол, барқароркунӣ ва хориҷ намудани донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Тартиби гузаронидани донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гурӯҳҳои ғайриройгон (шартномавӣ) ба гурӯҳҳои ройгон (буҷавӣ)”, “Тартиби аттестатсияи давлатии хатми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ”, “Тартиби интиқол, барқарор ва хориҷ намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Тартиби аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Қоидаҳои қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ) дар таҳрири нав тасдиқ гардида, ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шудаанд. Дар соли 2020 152 адад нақшаҳои таълимӣ, аз ҷумла, 105 адад нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, 47 адад нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ тасдиқ карда шуд. Инчунин, 17 номгӯи нақша ва барномаҳои таълимии даври такмили ихтисос ва ихтисосгирии аввалияи коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ тасдиқ карда шуд. Инчунин, 24 стандарти тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 26 стандарти тахассусии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳияву тасдиқ ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд. Алҳол дар ҷумҳурӣ 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 7 равия (тиббӣ, омӯзгорӣ, аграрӣ, фарҳангӣ, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқ) ва 166 ихтисос мавҷуд аст, ки дар онҳо 93531 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар ҷумҳурӣ 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо айни замон 244652 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд. Бо мақсади татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ Тартиби хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби муайян кардан ва барҳам додани ихтисосҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби аз таълими пулакӣ ба таълими ройгон гузаронидани донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд. Айни замон дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 19 шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ва 59 шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Дар маҷмӯъ, дар шӯроҳои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаҳои 452 нафар тасдиқ гардидааст. Танҳо аз оғози соли нави таҳсил то 1 октябри соли 2020 дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 бинои муассисаи томактабӣ барои 1870 кӯдак ва 19 муассисаи таълимӣ барои 18 ҳазору 324 ҷойи нишаст дар ду баст, 3 бинои шуъбаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, барои сохтмони 2 муассисаи таълимӣ барои 1440 ҷойи нишаст дар ду баст санги асос гузошта шуд. Дар маҷмӯъ, дар соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 154 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 29652 ҷойи нишаст бо маблағи 335 млн. 049 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар нишаст аз ҷониби рӯзноманигорон як қатор саволҳо вобаста ба вазъи донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, саҳми олимони кишвар дар рушди соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани маоши омӯзгорони фанҳои забонҳои хориҷӣ, таъсиси филиалҳои чанде аз донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини муассисаҳои таълимӣ барои ақаллиятҳои миллӣ бо омӯзгорон ва китобҳои дарсӣ, аҳамияти гузаштан ба низоми таҳсили 12-сола, ташкили машғулиятҳои таълимии иловагии пулакӣ дар муассисаҳои таълимӣ, муқаррар намудани як рӯзи муайян ҳамчун рӯзи иди касбии омӯзгорон, барқарор намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ… пешниҳод гардид, ки ба онҳо вазири маориф ва илм М. Имомзода, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ посухҳои мушаххас гардониданд. Нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм аз ҷониби кормандони Маркази матбуоти вазорат ба таври мустақим пешниҳоди истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ гардонида шуд.
Ноилшоҳ Нурализода, Эҳсон Сафарзода, Насриддин Охунзода, «Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр