Нашрияи Омӯзгор

Нахустин мактаби олии кишвар 90-сола мешавад

Сана: 2021-02-13        Дида шуд: 818        Шарҳ: 0

- Соли равон барои ДДОТ ба номи С.Айнӣ таърихию мондагор хоҳад буд, зеро мо имсол 90-солагии онро таҷлил менамоем. Донишгоҳи мо аввалин мактаби олии Тоҷикистон ва заминагузори таъсиси чанд донишсарои дигари мамлакат аст. 
Мо ифтихормандем, ки солгарди фархундаи таълимгоҳи азизамон бо ҷашни пуршукӯҳу нишотбахши миллат 30-солагии Истиқлоли ҷумҳурӣ мувофиқ омадааст, - бо ҳамин иттилои фараҳбахш ифтитоҳ намуд нишасти навбатии матбуотиро дар донишгоҳи мазкур ректори он, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ.
Бино ба иттилои сарвари донишгоҳ, ҳоло дар тамоми факултаҳои ин боргоҳи маърифат омодагӣ ба таҷлили ин ду санаи муҳим дар сатҳи баланд идома дорад. Ба ин муносибат созмонбахшии силсилаи ҳамоишҳои илмию адабӣ, вохӯриҳо, нашри дастуру маҷмӯаҳо ва ҷашнвораҳо, таҳияи шумораҳои махсуси рӯзномаю маҷаллаҳои донишгоҳ, ба чоп омода намудани «Донишномаи донишгоҳ», таъмири қисме аз биноҳо ва такмили таҷҳизоти теъдоди зиёди дарсгоҳу озмоишгоҳҳо… ба нақша гирифта шудааст ва корҳо оғоз ёфтанд.
Ҳамчунин, дар донишгоҳ сохтмони бинои нави бошукӯҳ идома дорад ва он факултаи нав, пажӯҳишгоҳи тозатаъсиси илмию тадқиқотӣ ва ошхонаро фаро хоҳад гирифт.
Дар идомаи суханронии ифтитоҳиаш ректори донишгоҳ тазаккур дод, ки як ҳодисаи манфиатбор дар таълимгоҳ татбиқи ду лоиҳаи муҳим – «Ҳамгироии технологияи информатсионӣ дар раванди таълим ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим» (ба маблағи 2 миллиону 755 ҳазор сомонӣ) ва «Беҳтар гардондани шароити зисти духтарон дар хобгоҳ ҳамчун ангезаи дохилшавӣ ба ДДОТ аз минтақаҳои кӯҳистон» (ба маблағи 360 ҳазор сомонӣ) мебошад.
Ятимони кулле, ки дар факултаҳои гуногуни донишгоҳ таҳсил доранд, бо ғамхориҳои ҳамешагӣ фаро гирифта шудаанд ва аз ҷумла, ба онҳо аз ҳисоби маблағҳои махсус ҳар моҳ 100 сомонӣ ҳамчун дастгирӣ пардохт карда мешавад. Бояд гуфт, ки дар баробари кори омӯзгорӣ кормандони донишгоҳ дар ҷабҳаи эҷоду навоварӣ низ фаъолияти чашмгир доранд. Дар нимсолаи дуюми соли гузашта аз ҷониби омӯзгорон 51 номгӯй монография, 74 адад китоби дарсӣ, 190 дастуру воситаҳои таълимӣ, 43 мақолаву фишурдаву маърӯзаҳо дар хориҷи кишвар, 865 мақолаву фишурда дар маҷаллаҳои илмии бонуфузи ҷумҳурӣ ва 69 мақолаву фишурда дар маҷмӯаҳои конференсияҳои байналмилалӣ интишор ёфтанд. Ҳоло дар донишгоҳ 2 Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия доир ба илмҳои педагогика, филология ва география, 3 Шурои диссертатсионии КОА Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба филология, химия ва биология ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ амал менамоянд. Дар ин замина дар давоми соли 2020 аз ҷониби устодону аспирантон ва унвонҷӯёни донишгоҳ 30 рисолаи илмӣ бомуваффақият дифоъ гардид ва айни замон 16 нафари дигар дар арафаи ҳимояи рисолаҳои илмиашон қарор доранд. Боз як дастоварди назарраси донишгоҳ дар соли сипаригашта ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявии «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» мебошад. Дар ин олимпиада Донишгоҳи омӯзгории пойтахт дар байни 41 мактаби олии мамалакат мақоми дуюмро сазовор гардид. Ду нафар омӯзгори донишгоҳ бо ҷоизаҳои давлатӣ ва 15 нафар бо нишони «Аълочии маориф ва илми ҶТ» мукофотонида шуданд. Комёбиҳои донишгоҳ дар самтҳои такмили фаъолияти кафедраҳо, тақвияти хазинаи китобхона, вусъати заминаи моддию техникии факултаҳо, таъмин бо технологияҳои навин, густариши робитаҳои байналмилалӣ… низ шоистаи таҳсин мебошад. 
Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ ва чанде аз масъулини ин боргоҳи таълиму тарбия ба суолҳои зиёди хабарнигорон перомуни умдатарин масоили фаъолияти донишгоҳ ва кормандони он посухҳои дақиқу пурдалел гуфтанд. Нишасти матбуотӣ собитгари он гардид, ки куҳантарин мактаби олии мамлакат солҳои охир дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат фаъолияташро боз ҳам вусъат бахшида, ба марҳилаи тозаи рушд ворид гаштааст.

М.Абдурауф ,
«Омӯзгор» 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш