омӯзгорони тоҷикзабони Қазоқистон таҷриба меомӯзанд
Тайи чанд соли охир робитаю ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла, дар соҳаи маориф рушду вусъати тоза меёбад.
Дар ин росто, раёсати Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар асоси дархости Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри аз курси такмили ихтисос гузаронидани 10 нафар омӯзгори тоҷикзабони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Қазоқистон тӯли ду ҳафта курсҳои омӯзиширо ташкил ва роҳандозӣ намудааст. Хотирнишон бояд кард, ки ин иқдому таҷриба нав набуда, бори дувум аст, ки омӯзгорони тоҷиктабори Ҷумҳурии Қазоқистон ба Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҷиҳати баландбардории маҳорати касбӣ фиристода мешаванд. Моҳи августи соли 2016 ба донишкада ва филиали он дар шаҳри Хуҷанд 11 нафар омӯзгори тоҷиктабори Ҷумҳурии Қазоқистон ба курси такмили ихтисос фаро гирифта шуда буданд. Дар зимн мо бо устодону омӯзгорони таълимгоҳҳои Қазоқистон, ки ба ҳайати зикршуда шомиланду дар машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ширкат мекунанд, ҳамсуҳбат гардида, фикру андешаҳои онҳоро дар хусуси курсҳои донишкада ва дарсҳои гузарондаи кормандони муассиса пурсон гардидем.
Мунаввархон Худойназарова, омӯзгори мактаби №8, ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Сариоғоч;
- Соли 1992 факултаи забон ва адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи С.Айниро хатм карда, ба мактаби зодгоҳам ба кор омадам. Таҷрибаи 23-солаи педагогӣ дорам. Бояд зикр намоям, ки то соли 2005 барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷикро аз Тоҷикистон дастрас мекардем. Шурӯъ аз соли 2005 тибқи стандарту нақшаҳои таълимии Ҷумҳурии Қазоқистон барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ таҳияву омода ва чоп мегарданду ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда мешаванд. Бешак, дар масъалаи таълими фанҳои забон ва адабиёти тоҷик мушкилоту мураккабиҳои зиёде мавҷуданд, ки он ба сохт ва низому стандартҳои таълимии Ҷумҳурии Қазоқистон алоқаманд аст. Ҳамин душворию нозукиҳои таълими фанҳои номбурдаро дар ДҶТИБКСМ устодону омӯзгорон, ҳайати профессорон, дотсентону номзадҳои илм ба мо омӯзонида, мушкилоти ҷойдоштаро ҳаллу рафъ месозанд, ки мо аз эшон хеле миннатдор ҳастем.
Шоира Ҳасанова, омӯзгори мактаби №8, ноҳияи Сариоғоч.
- Зиёда аз 20 сол мешавад, ки дар мактаби ба номи устод Садриддин Айнӣ ба омӯзгорӣ машғулам. Вазъи таълим ва тадриси фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар Қазоқистон чӣ гуна аст? Дар китобҳои адабиёти синфҳои V-XI ҳаёт ва эҷодиёти адибони тоҷик аз давраҳои қадим то замони муосир омӯзонида мешавад. Тафовут танҳо дар он аст, ки адибони қазоқ низ дар баробари намояндагони адабиёти классикии форсу тоҷик таълим дода мешаванд. Хотиррасон мекунем, ки дар Қазоқистон соли сеюм аст, ки таълим дар муассисаҳои таълимӣ бо усули нав, ба таври электронӣ роҳандозӣ гардида истодааст. Системаи баллии баҳогузорӣ татбиқ мешавад, ки дар он аз 10 то 35 балли ниҳоӣ ба дониши хаттӣ (корҳои санҷишӣ) гузошта мешавад. Маъмулан санҷишҳо баъд аз тамом шудани фасли (боби) калони мавзӯъҳо гузаронида мешаванд. Дар ҳар як чоряк ду кори санҷишӣ ва як кори хаттии ҷамъбастӣ гирифта мешавад. Аз рӯи балҳои гирифтаи хонандагон дониши онҳо натиҷагирӣ карда мешавад. Душвории кор дар он аст, ки дар ҷумҳурии мо мутахассисони варзида оид ба фанҳои забон ва адабиёти тоҷик намерасанд. Ҳоло худи омӯзгорон ба таҳия ва таълифи барномаю китобҳои дарсӣ оғоз намудаанд. Дар Қазоқистон аз курсҳои такмили ихтисос ҳамроҳ бо омӯзгорони мактабҳои ӯзбекӣ мегузаштем. Маълум аст, ки ин раванд мушкилоту проблемаҳои худро дошт, зеро фарқияти ин забонҳо хеле калон аст.
Аъзамҷон Наврӯзов, омӯзгори мактаби миёнаи умумии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ:
- Дар асоси квотаи Президентӣ таҳсилро дар ДДХ ба номи Б.Ғафуров тамом кардам. 6 сол шуд омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ҳастам. Дар деҳаи мо 300 хонаводаи тоҷик зиндагӣ ба сар мебаранд. Дар умум, дар вилояти Туркистони Қазоқистон 9 мактаби тоҷикӣ мавҷуд аст – 3 мактаб дар ноҳияи Сариоғоч ва 6 мактаб дар ноҳияи Мақтаарал. Мушкил дар он аст, ки дар мактабҳои тоҷикӣ китобҳои бадеӣ намерасанд. Агар китобхонаҳо бо китобҳои бадеӣ таъмин гарданд, нуран ало нур мешавад. Акнун чанд сухан дар бораи раванди машғулиятҳо дар ДҶТИБКСМ. Ростӣ, моро дар донишкада хеле хуб пешвоз гирифтанд. Хусусан, аз муносибати самимонаи роҳбарияти муассиса (ректори донишкада Х.Қурбонзода) рӯҳи тоза гирифтем. Ба мо машғулиятҳои омӯзгорону устодон М.Ғиёсиев аз фанҳои педагогика ва психология, Бибиқанд Неъматова (аз методикаи таълим), Ҳадябону Ҳалимова (аз забон ва адабиёти тоҷик), Субҳон Саидов (аз экология), Меҳроб Ҷумъаев (аз забони тоҷикӣ) ва бисёр дигарон хеле писанд омад. Ин устодон бо забони фасеҳу шево ва пуробуранги тоҷикӣ такаллум мекунанд, дарсҳояшонро бо истифода аз васоити аёнӣ, техникаю технологияи ҷадиди замони муосир хеле муассир ва ҳадафманду ҷолиб мегузаранд.
Сакина Акаҷонова, омӯзгори мактаби №38, ба номи Мирзо Турсунзода:
- Соли 2012 ДДОТ ба номи С.Айниро хатм карда, дар мактаби мазкур ба фарзандони сокинони шаҳрак аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯям. (Синфҳои 5-7-ро). Мо ба ташкил ва дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои беруназсинфӣ ва идона диққати ҳамаҷониба медиҳем. Соли равон ҷашни Наврӯзро бо тантана ва бо иштироки меҳмонон аз Тоҷикистон гузарондем. Намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон Аъзамшо Қадамов ба мо дар роҳандозии чорабиниҳои идона кумак мекунанд. Аз курсҳои такмили ихтисос хеле баҳраҳо бардоштам. Устодони донишкада мавзӯъҳои таълимиеро, ки ба мо дастрас нестанд, басо амиқу дақиқ фаҳмонда, ташреҳу тавзеҳ мебахшанд.
Сайёра Илясова, омӯзгори мактаби ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ;
- Собиқаи зиёда аз 20 солаи корӣ дорам. Ба ман дар донишкада дарсҳои профессор Табаралӣ Ғаниев, Субҳон Саидов, Бибиқанд Неъматова, Меҳриддин Ғиёсов писанд омад. Дар мактабҳои мо таъсири муҳит калон аст. Хонандагон бо лаҳҷа бештар гап мезананд. Меъёрҳои забони адабӣ риоя намешавад. Мо бояд сари ин проблема бештару зиёдтар кор кунем, заҳмат кашем.
Ширингул Сафарова, омӯзгори мактаби №15, ба номи Алишери Навоӣ;
- 30 сол шуд, ки боре ҳам аз курсҳои такмили ихтисос нагузашта будам. Бори аввал аст, ки дар МД ДҶТИБКСМ аз курс мегузарам. Аз дарсҳои устодону омӯзгорон хурсанд ҳастам. Факту далел, иттилои зиёди илмӣ ва назариявӣ ҳосил кардам. Донишу ҷаҳонбиниям васеъ гардид. Машғулиятҳо дар донишкада бо истифодаи техникаи навтарин – тахтаи электронӣ, видеопроекторҳо, компютеру слайдҳо дар сатҳи баланд роҳандозӣ мегарданд. Мо бениҳоят сарфароз ҳастем, ки ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта шудем.
…Бояд зикр кард, ки машғулиятҳо бо меҳмонон аз муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Қазоқистон то охири ҳафта идома хоҳанд ёфт. Омӯзгорони тоҷиктабор дар вақтҳои холии худ аз мавзеъҳои тамошобоб, ҷойҳои фарҳангӣ (аз қабили Осорхонаи миллӣ, Боғи ба номи устод Садриддин Айнӣ ва ғ.) дидан ба амал оварданд.
Барои минбаъд Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо мақсади дастгирӣ дар масъалаи баландбардории маҳорати касбии омӯзгорони тоҷиктабори бурунмарзӣ бо муассисаҳои дахлдори ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаро идома хоҳад дод.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр