Нашрияи Омӯзгор

Дипломҳои ДМТ дар 35 давлати дунё қурб пайдо карданд

Сана: 2021-02-13        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ректори он Қобилҷон  Хушвахтзода оид ба фаъолияти  донишгоҳ дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021  ба рӯзноманигорон маълумот дод. 
Қайд гардид, ки ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар фаъолияти беш аз ҳафтодсолаи худ ҳазорҳо нафар шогирдонро тарбия намуда, барои камолоти минбаъдаи онҳо дар рӯзгор ва фаъолияти доимиашон мусоидат кардааст. Айни замон дар ин ҷо 25 746  нафар донишҷӯ аз рӯйи 120  ихтисос  дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр,  магистратура ва доктор Phd  таҳсил доранд. Таҳсил дар гурӯҳҳои таълимии донишгоҳ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Нақшаҳои таълимии ҳама зинаҳои таҳсилот мавҷуд буда, дар мувофиқа бо Маркази таълимию методии ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, амалӣ мешаванд. 
- Дар  баланд бардоштани сифати тайёр кардани мутахассисон, ташкили самараноки кори таълим  ва таҳияву дастрас намудани маводи таълимӣ саҳми Шӯрои илмии донишгоҳ баланд аст, - ироа дошт ректор. – Бо ташаббуси Шӯрои илмию методии донишгоҳ монографияю китобҳои дарсии зиёде, ҳамчунин,  барномаи таълимӣ,   воситаи таълимию дастури методӣ,  китобҳои дарсӣ ба чоп тавсия гардидааст. Бо мақсади таъмини техникии раванди таълим бо технологияи информатсионӣ ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ дар факултаҳо ва сохторҳои таркибии донишҳо 2365  компютер, 654 адад принтерҳои бисёрфунксионалӣ, 156 тахтаи  электронӣ, 224  видеопроектор ва ғайра мавриди истифода қарор дода шудааст.
Роҳбари донишгоҳ иттилоъ дод, ки моҳи ноябри соли 2020 экспертони байналмилалӣ ба ДМТ омада, бо тамоми паҳлуҳои фаъолияти донишгоҳ шинос гардиданд. Онҳо вазъи таълиму тарбияро     дар қиёс ба талаботи таҳсилоти аврупоӣ  мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар натиҷа 2 – юми феврал хабар расид, ки Шӯрои Агентии сифати таҳсилоти олӣ ва касбӣ дар Эстония (ЕККА) донишгоҳро мувофиқ ба талаботҳо ва стандартҳои таҳсилоти аврупоӣ эътироф карданд. Инак, ДМТ нахустин муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурист, ки аз аккредитатсияи институтсионалии аврупоӣ гузашт ва мақоми худро пурра мустаҳкам намуд. Санади аккредитатсионии ЕККА дар беш аз 35 давлати аврупоӣ эътибор дорад.  Иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти таъсиси ихтисосҳои нави ба талаботи иқтисодиёти мамлакат ҷавобгӯй факултаи баҳисобгирию иқтисодӣ ба факултаи баҳисобгирӣ ва иқтисодиёти рақамӣ тағйири ном кард. Қ. Хушвахтзода дар робита ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба паҳлуҳои дигари фаъолият дар донишгоҳ, аз ҷумла, фаъолияти Шӯрои олимон, фаъолияти таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ дар донишгоҳ ва ғайра изҳори назар намуд.         
Ҳотами ҲОМИД, 
«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш