Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти донишгоҳ вусъат меёбад

Сана: 2021-02-13        Дида шуд: 814        Шарҳ: 0

- Яке аз дастовардҳои муҳими сол аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштани донишгоҳ ба ҳисоб  меравад, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ Қудрат Давлатзода.- Қабули довталабон ба донишгоҳ яке аз қисмҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ буда, ташкил ва бонизом гузаронидани он барои дар оянда омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар мусоидат менамояд. 
Чунонки ректор иттилоъ дод, соли  2020 ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ қабули 2994  нафар довталабро аз рӯйи 83 ихтисос (73 ихтисос аз кластери як ва даҳ ихтисос аз кластери дуюм) тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта буд, ки аз онҳо 370 нафар буҷавӣ ва 2624 нафар шартномавиро ташкил дод. Мутаассифона, бо сабабҳои  номаълум аз рӯйи нақшаи қабул 155 нафар довталабон барои қабул ба донишгоҳ ҳозир нашуданд. 
      Дар давраи ҳисоботӣ бештар аз панҷоҳ чорабинии  гуногунсамт доир карда шуд. Аммо, ба ҳар ҳол, бо сабаби хурӯҷ ёфтани бемории  сироятии пандемия таҷлили бештари чорабиниҳо ва ҷашн гирифтани санаҳои муҳими таърихӣ дар сатҳи даркорӣ ба   роҳ монда нашудааст.
Гуфта шуд, ки донишҷӯи курси дуюми факултаи технологияҳои инноватсионӣ Сорбон Ҷамолиддинзода дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат намуда, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳунари худро нишон дод. Бар замми ин, ба сохторҳои дахлдори донишгоҳ супориш дода шудааст, ки барои иштирок дар ҳар озмуни ҷумҳуриявӣ  аҳамияти  ҷиддӣ  дода, иштироки донишҷӯён боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. 
Ректор зикр кард, ки донишгоҳ ҳамасола барои харидани воситаҳои техникӣ бо мақсади гузаронидани машғулиятҳои амалӣ маблағ ҷудо менамояд. Имсол низ чунин кор амалӣ карда шуд ва имрӯз донишҷӯён аз онҳо ба таври фаровон истифода мебаранд. 
Рӯзноманигорон ба масъалаҳои дигари ҳаёти донишгоҳ низ мароқ зоҳир карда, ба суолҳои худ посух гирифтанд. Ҳамчунин, бо иштироки роҳбари муассиса ва омӯзгорони соҳавӣ ба лабораторияҳои муҷаҳҳази донишгоҳ ворид гардида, бо усули кори технологияи нав ошно гардиданд.    
Ҳотами ҲОМИД, 
«Омӯзгор»
 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш