Мақсад аз баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баланд бардоштани завқи китобхонии наврасону ҷавонон, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару нуктасанҷ, маърифатнокӣ ва худогоҳию худшиносии ҷавонон мебошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳояшон бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, зиёиён ва адибон борҳо таъкид доштанд, ки: «Танҳо маърифат пеши ҷаҳолатро гирифта метавонад». Оре, баланд бардоштани донишомӯзӣ ва маърифатнокии насли наврас яке аз омилҳои муҳимтарини талаботи давру замон мебошад. Насли наврас ҳамеша ба маънавиёт ва фарҳанг эҳтиёҷ дорад. Омӯзгорону мураббиён бояд таваҷҷуҳи насли наврасро аз рӯзҳои аввали хониш бештар ба китобдӯстию китобхонӣ ҷалб намоянд. Зеро китоб ақлро рӯшан ва заковатро комил мегардонад. Навниҳол парвариш ва нигоҳубини хуб набинад, дарахт намешавад. Насли наврасу ҷавон низ то китобхон нагардаду аз илм бархӯрдор нашавад, ба ҷое намерасад. Китоб аст, ки касро миёни хосу ом соҳибфаросату муътабар мегардонад. Хондани китоб андешаи хонандаро солим ва зеҳнашро қавӣ мегардонад. Агар хоҳед, ки дурри мақсуд ба каф оред, китоб хонед. Танҳо китоб қодир аст, ки дар тафаккури ҷавонон андешаи солимро бедор созад, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намояд, ҷаҳонбинӣ, дониш, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти онҳоро дар назди халқу Ватан даҳчанд афзун гардонад. Як бартарии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» боз дар он мебошад, ки рағбати насли наврас ба китобу китобхонӣ даҳчанд афзуд. Яъне ин озмун баҳри боз ҳам тақвият бахшидан ва беҳтару хубтар ба омӯзиш ҷалб гардидани хонандагон такони ҷиддие бахшид, миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ рақобати солимро ба миён овард. Имрӯз муҳит тақозо дорад, ки мо дар тарбияи насли наврас ҳушёр ва эҳтиёткор бошем, бо кадом роҳу воситае бошад, майлу рағбати онҳоро ба китобхонӣ ва донишомӯзӣ бедор намоем. Чунки танҳо илму дониш, маърифат, бархурдор будан аз илми замон ва омӯзиши пайваста метавонад дар замири насли наврас ва ҷавонон бовар ба ояндаи дурахшон, муҳаббат ва садоқат ба Ватанро бипарварад.
Санавбар РАҶАБОВА
Иловакунӣ
Иловакунии фикр