Равоншиносӣ яке аз илмҳои қадимтарин мансуб шуда, таърихи дунимҳазорсола дорад. Аз тарафи дигар, он илми ҳозиразамон буда, бо ҳамаи илмҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсон алоқаманд мебошад. Равоншиносӣ ҷиҳатҳои ботинии инсонро меомӯзад. Инсон дар навбати худ мавҷудоти мураккаби биологӣ ва иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ сиёсӣ, маънавию ахлоқии ҷамъият буда, хусусиятҳояш низ тағйир пазиранд. Ба хусусиятҳои ботинии инсон на танҳо генҳои ҳаётбахше, ки аз насл ба насл ба таври мерос мегузаранд, балки муҳити табиию иҷтимоие, ки кӯдак дар он ҷо таваллуд мешавад, рушд меёбад ва қонуниятҳои барои ҳамон ҷамъият хос буда, инчунин, таълиму тарбияе, ки калонсолон меомӯзонанд, таъсир мерасонад. Нақши равоншинос дар кӯдакистон дорои аҳамияти бузург аст. Солимии равонӣ ва рушди дурусту тадриҷии фарзандони мо аз равоншинос вобаста аст. Волидайни кӯдакон бояд худ дарк намоянд, ки доштани маълумот дар бораи фаъолияти мутахассис ба ҳайси педагог-равоншинос зарур мебошад. Равоншинос дар кӯдакистон ба гунаи боғбонест, ки барои шукуфоии ниҳолакҳо, нигоҳубини онҳо ва барои ҳар яки онҳо шароити мусоид фароҳам меоварад. Ӯ мекӯшад, то миёни кӯдакон муносибати солим ба роҳ монда шавад. Равоншинос қобилиятҳои инфиродии ҳар як кӯдакро инкишоф дода, ба шавқу ҳавас ва майлу рағбати ӯ диққати махсус медиҳад. Равоншинос фардест, ки ба хотири кӯдакон, худ аз нав кӯдак мешавад ва ба қалби онҳо ҷой мегирад. Ӯ бунёдгузори муҳити солими равонӣ дар коргоҳ ва фаъолгардонии иқтидори эҷодии ҳамагонист. Равоншинос қобилиятҳои инфиродии ҳар як кӯдакро инкишоф дода, ба шавқу ҳавас ва майлу рағбати ӯ диққати махсус медиҳад. Ба волидон зарур аст, ки хусусиятҳои равонии кӯдакистони синни томактабиро дарк кунанд. Дар ин синну сол ташаккули шахсияти кӯдак сурат мегирад. Кӯдак на танҳо бо волидон ва дигар аъзои оила, балки бо бачагони калонтар дар кӯдакистон муносибат мекунад. Самтҳои фаъолияти равоншинос хеле васеъ ва мураккаб буда, аз ӯ дониши амиқу васеъи тахассусиро талаб мекунад. Ӯ бояд касбашро дӯст дорад, одоби муоширатро риоя кунад, шахсияти дигаронро эҳтиром намояд, оид ба фаъолияти маърифатӣ, хусусиятҳои синнусолӣ ва фардию равонии кӯдакон донишҳои чуқуру мукаммал дошта бошад. Ӯ бояд шахси орому ботамкин, дурандешу маданӣ, эҷодкору навовар бошад, сатҳи донишҳои равонӣ, педагогӣ, фарҳангӣ ва сиёсиашро мунтазам баланд бардорад, вазифаи худро ба пуррагӣ донад ва дар раванди фаъолияташ аз он самаранок истифода барад. Равоншинос бояд ҳамкории ҳамешагию пурсамар бо маъмурияти муассиса ва мураббиён дошта бошад.
Нарзиой НАЗИРОВА, равоншинос
Иловакунӣ
Иловакунии фикр