Нашрияи Омӯзгор

Аз «Садбарги хитоӣ» то «Кабӯтарони сулҳ»

Сана: 2021-02-13        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

Ман яке аз ҳикояҳои китобро мутолиа карда, ба ҳусни баён, санъати тасвири нависанда, образҳои хотирмони он мафтун  гардидам ва пеши худ тасмим гирифтам, ки ин китобу дигар асарҳои адиби то ба ҳол ба худ ношиносро дарёфт ва ҷиддан мутолиа мекунам. Китоби дар боло номбаршударо ёфта, бо тааммуқ мутолиа кардам ва рӯҳам болида гашт. Баъдтар китоберо бо номи «Таркиши охирин», ки дар рӯйи муқовааш номи Мустафо  Шарқӣ ва Нарзӣ Одилов сабт гардида буд, аз мағозаи китоб харида, дар як нишаст мутолиа кардам. Инак, пас аз чандин сол китоби мукаммали адиби бомаҳорат, шодравон Мустафо Шарқӣ бо номи «Сабақи аввалин» ба нашр расид, ки туҳфаи арзандаю мондагорест дар арафаи ҷашни 100-солагии нависанда. Дар пешгуфтори китоб, ки «Адиби писандида ва инсони  шикастанафс» ном дошта, ба қалами мунаққид ва адабиётшиноси маъруф Абдухолиқ Набавӣ тааллуқ дорад, зиндагинома ва марҳалаҳои эҷодии Мустафо Шарқӣ таҳлилу рақамзанӣ гардида, хусусиятҳои вижаи услубию образофарии нависанда равшану бармало гардидааст. Аз навиштаи А.Набавӣ маълум мегардад, ки насаби адиб Назаров буда, Шарқӣ тахаллуси адабии ӯ ба шумор мерафтааст. М.Шарқӣ  зодаи деҳаи Қаратоғи водии Ҳисор буда, пас аз хатми мактаби деҳа таҳсилро дар Омӯзишгоҳи саноатӣ идома медиҳад. Ҳамчунин, ба сифати корманди адабӣ дар рӯзномаи ноҳиявии Норак ифои вазифа мекунад. Солир 1940 ба сафи Артиши шӯравӣ даъват мешавад ва танҳо соли 1946 ба диёри худ бармегардад. Ба таъкиди мунаққид А.Набавӣ, М.Шарқӣ асосан дар бораи бачаҳо менавишт ва  ҳамзамон, дар қиссаю очеркҳояш ба тасвири воқеаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон пардохта, симои қаҳрамононаи мардони далеру гурди ватандӯсти тоҷикро меофарад. Дар навиштаҳои адиб ба таври ҳамешагӣ хислатҳои неку ҳамидаи инсонӣ талқин гардида, вокеаҳои дар ҳикояҳою қиссаҳояш тасвиркардаи шодравон М.Шарқӣ дорои пафоси баланди инсондӯстӣ ва ибратомӯз мебошанд. Дар ҳикояи «Садбарги хитоӣ» аз оғоз ҷузъиёте тасвир шудааст, ки моҳияти муассири ахлоқию тарбиявиро доро мебошад.
Агар хато накунам, ҳанӯз дар давраи донишҷӯӣ дар китобхонаи ба номи Фирдавсӣ бо китобе вохӯрдам, ки «Ҳикояҳои даҳ сол» ном дошту муаллифаш  Мустафо Шарқӣ буд.  Қаҳрамони ҳикоя Тоҷӣ баъд аз анҷоми дарсҳо, ба тасдиқи нависанда:
«Ин кор ба вай маъқул буд, вале аз онҳое, ки ин гулҳоро бо ҳамроҳии ӯ тамоми тобистон парвариш намуда, акнун онҳоро аз хотир баровардаанд, нороҳат буд. «Хайр, ҳеҷ гап не, худам нигоҳубин мекунам», - мегуфт вай худ ба худ ва ба амали нек машғул мешавад.
Дар ҳикоя симои ҳамсинфи Тоҷӣ-Шомул хеле боварибахш ба қалам дода шудааст. Бо нишон додани лаҳзаҳои кӯтоҳ  дар бораи муносибати нодурусти Шомул ба Тоҷӣ ва дар охир хатояшро фаҳмида, узрхоҳӣ намудани Шомул нависанда муваффақ шудааст, ки лавҳаи ҷолибу хотирмонеро аз ҳаёти наврасон ба таври бадеӣ таҷассум намояд. Дар китоби тозанашри «Садбарги хитоӣ» 40 ҳикояи Мустафо Шарқӣ, мақолаву резаҳикояҳо ва қиссаи «Таркиши охирин» (бо ҳаммуаллифии Нарзӣ Одил) гирд оварда шудаанд. Ба таъкиди А.Набавӣ, «дар байни асарҳои барои кӯдакон эҷодкардаи М.Шарқӣ тасвири зиндагии ба худ хос ва олами пураҷобату ғароиботи ҳайвонот ва парандагон («Фохтаҳои Гулнора», «Пешонақашқа», «Ба хубӣ –хубӣ…», «Қасос») мақоми хосаеро ишғол намудаанд». 5 октябри соли 1985 Мустафо Шарқӣ, дар 65-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид ва ӯро дар зодгоҳаш-Қаратоғ ба хок супориданд.
Дар китоби «Садбарги хитоӣ» намунаҳо аз эҷодиёти духтари адиб-Галина Назарова (чаҳор ҳикоя) бо забони русӣ оварда шудааст. Ҳамчунин, ду мақолаи омӯзгор Р.Ҷӯраев дар бораи ҳаёту фаъолияти эҷодии Мустафо Шарқӣ ҷой дода шудаанд. Китоби мазкур 500 нусха буда, бо расмҳо оро дода шудааст.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш