Банақшагирии корҳои таълиму тарбия аз ҷониби роҳбари синф асосан дар заминаи таҷрибаҳои педагогӣ сурат мегирад. Дар нақша тамоми кор барои татбиқи тарбияи фарогир равона карда шудааст. Нақшаи комил ҳамон нақшаест, ки он бо воқеияти ҳаёт, бо талаботи маънавии хонандагон мутобиқ бошад. Дар нақша муҳлати ба иҷрои кору вазифаҳо муқаррар шуда, инчунин, имконият, таҷриба, шавқу ҳавас ва майлу хоҳишҳои талабагон инъикос меёбад. Бунёди нақша бо аниқ ифода ёфтани мундариҷаи кор, муҳлати иҷро, шахсони масъул дар иҷрои кор гузошта мешавад. Нақша бояд дурбинона бошад. Ин имкон медиҳад, ки дар он мизон ва ҷараёни кор дуруст қайд гардад. Ин талабот нисбат ба тартиб додани нақшаи кори роҳбари синф, инчунин, бо меъёри вақт ва муқаррароти дигар мувофиқанд. Ҳар қадаре ки нақша пурратар тартиб дода шавад, албатта, ҳамон қадар он пурмазмунтар ва ғанитар мешавад ва бо ҳамин аҳамияти тарбиявиаш ҳам баланд мегардад. Нақшаеро, ки ин талаботро қаноатманд менамояд, санҷидану такмил додан осон аст ва чунин нақша қобили истифода мебошад. Албатта, тартиб додани нақша чун ҳамаи кори роҳбари синф кори эҷодӣ аст. Эҷодиёт дар гуногунии сохт ва мазмуни нақшаҳо мушоҳида мешавад. Ин гуна тағйирот ба сабаби гуногунии ҳайати талабагон ва хусусиятҳои хоси шароити маҳал ба амал меоянд. Вале ҳар як нақша бояд тамоюлҳои асосии раванди тарбиявиро (дар чоряк, нимсола) акс намояд. Ҳар як нақшаи кор бо тавсифномаи мухтасари синф сар мешавад, дар он нишонаҳои асосии аз ҷиҳати ғоявию ахлоқӣ тарбия ёфтани бачагон, муваффақиятҳои онҳо дар таълим акс меёбад. Дар нақша ҳатман вазифаҳои асосӣ ҷудо карда мешаванд ва онҳо дар маркази диққати роҳбари синф меистанд. Дар нақшаи машғулиятҳои педагогӣ доир ба тарбияи ғоявию сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва ҷисмонии мактаббачагон ва инчунин, дар онҳо ташаккул ёфтани шавқу ҳавас ба маърифат ва меҳнати фикрӣ пешбинӣ карда мешавад. Муносибати фарогир ба ташкили ҳаёти талабагон гарави ҳаматарафа инкишоф ёфтани онҳо мебошад. Нақшаи кори роҳбари синф муносибат бо созмонҳои талабагӣ, бо падару модарон ва аҳли ҷамъият, мутобиқатӣ ва ягонагии амалиёти мактаб ва оиларо пешбинӣ мекунад. Дар асоси нақшаи кори роҳбари синф ҳамроҳи фаъолон нақшаи кори хонандагон тартиб ва дар маҷлиси умумӣ тасдиқ карда мешавад.
Наима Файзмамадова, омӯзгори таърих, роҳбари синф
Иловакунӣ
Иловакунии фикр