Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҷлил карда шавад. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани солгарди Шоири халқии Тоҷикистон тибқи супориши Сарвари давлат тадбирҳои зерин амалӣ карда мешаванд: Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон то аввали моҳи майи соли 2021 бахшида ба ҷашни шоири бузург таҳти унвони «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор карда, дар матбуоти даврӣ доир ба хизматҳои шоистаи Мирзо Турсунзода мақолаҳои илмиву оммавӣ ба нашр расонанд. Ҳамзамон, озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин иншо дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мавзӯи «Мирзо Турсунзода – вассофи сулҳу дӯстӣ» баргузор карда мешавад. Вазорати фарҳанг вазифадор карда шуд, ки аз ашъори Мирзо Турсунзода барномаи консертӣ омода карда, онро дар шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав бо риояи чораҳои беҳдоштӣ баргузор намояд. Ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар мавзӯи «Маҳорати шоирии Мирзо Турсунзода» мизи мудаввар ташкил кунад. Рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ (ноҳиявӣ) муваззаф шуданд, ки зери рубрикаи «Ба истиқболи 110-солагии Мирзо Турсунзода» мақолаҳо интишор гардонанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба 110 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода чорабиниҳои илмиву адабӣ доир намоянд. Кумитаи телевизион ва радио, муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» вазифадор гардиданд, ки доир ба фаъолияти адабиву эҷодии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода филмҳо ва барномаҳои алоҳида омода карда, пешкаши тамошобинон созанд.
АМИТ «Ховар»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр