Нашрияи Омӯзгор

Комёбиҳои донишгоҳ меафзоянд

Сана: 2021-02-19        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

Дар  нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ректор  Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ оид ба навигариҳо дар соли таҳсили 2020 сухан гуфта, аз ҷумла, қайд кард, ки дар ин давра се ихтисоси донишгоҳ – молия ва қарз, андоз ва андозбандӣ ва менеҷмент аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ аз тарафи Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон (НААР) гузашта, соҳиби сертификати мутобиқат гардиданд. Ҳамчунин, аввали моҳи октябри соли гузашта аз тарафи Агентии ЕККА – и Ҷумҳурии Эстония комиссияи экспертӣ аз ҳисоби коршиносони байналмилалӣ ва дохилӣ ҷиҳати аз аккредитатсияи институтсионалӣ гузаронидани ДДМИТ ба донишгоҳ ташриф оварданд. Бовар ҳаст, ки донишгоҳ аз ин санҷиш  низ бомуваффақият гузашта, нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам болотар мебарад. Ба иттилои ректори донишгоҳ, бист нафар устоди ин даргоҳ рисолаҳои номзадии худро дар Шӯроҳои диссертатсионии дохил ва хориҷи кишвар бомуваффақият ҳимоя карданд. Ин амал на танҳо ҳиссаи устодони дараҷаи унвони илмидоштаро баланд бардошт, балки синну соли миёнаи дорои дараҷаи илмии донишгоҳ низ ҷавон гардид. Рӯзноманигорон ба дигар паҳлуҳои ҳаёти донишгоҳ, аз ҷумла, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ, навигариҳо дар самти таълим ва корҳои илмӣ  татқиқотӣ, тарбиявӣ  иҷтимоӣ, робитаҳои байналмилалӣ, корҳои маъмурию хоҷагӣ мароқ зоҳир намуданд. Дар ин самт Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ иттилоъ дод, ки дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии Приязовскии Ҷумҳурии Украина дар доираи барномаи Эрасмус +ва татбиқи лоиҳаи ERASMUS + K2 «DigEco» («Иқтисодиёти рақамӣ ҳамчун унсури рушди устувории Украина ва Тоҷикистон») барои солҳои 2020 – 2023 бо маблағи 1 миллион доллари амрикоӣ ҷалб карда шуд. Тавассути шаш лоиҳа ба донишгоҳ таҷҳизоти техникии таълимӣ ва илмӣ ворид карда шуд. Ин имкон медиҳад, ки пойгоҳи моддӣ – техникии донишгоҳ боз ҳам мустаҳкамтар гардида, сатҳу сифати дониш боло равад. Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ба аҳли нишаст оид ба корҳои ободонӣ ибрози назар намуда, гуфт, ки дар ин самт низ комёбиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, се бинои хобгоҳ барои 1100 нафар таъмир карда шуда, дар саҳни ҳавлӣ ва берун аз донишгоҳ 20 ҳазор бех гулу буттаи ороишӣ шинонда шуданд, ки ҳусни донишгоҳро боз ҳам афзун мегардонад. 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш