Саёҳат (экскурсия) дар муассисаҳои таълимӣ яке аз шаклҳои ташкили раванди таълиму тарбия буда, барои сайёҳони ҷавон имконияти мушоҳида намудан, бевосита омӯхтани ашёҳо, рафти амали механизмҳо ва падидаҳои табиат дар шароитҳои табиӣ ё ба таври сунъӣ ташкилкардашударо фароҳам меоварад.
Бо ин восита донишҳои назариявии дар дарсҳо андухтаашонро мукаммал месозанд. Хонандагон чӣ будани саёҳату сайёҳӣ ва бо кадом тартиб гузаронида шудани онро дар раванди амалигардии ин чорабинӣ аз худ мекунанд, талаботҳои онро риоя мекардагӣ мешаванд.
Тақрибан то солҳои 2008 дар аксари барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои гузаронидани саёҳатҳо соатҳои алоҳида ҷудо карда мешуданд. Масалан, дар барномаҳои таълимии фанни физика барои гурӯҳи синфҳое, ки таълими он ҷорӣ шуда буд, барои саёҳат 2-соатӣ вақт ҷудо карда шуда буд ва гузаронида шудани онҳо ҳатмӣ буданд. Айни замон ба ин масъала эътиборе дода намешавад. Танҳо дар барномаҳои таълимии синфҳои ибтидоӣ ва қисме аз синфҳои мактабҳои асосӣ аз фанни ботаника саёҳат ба табиат нишон дода шудааст, вале бояд иқрор шуд, ки сифати амалигадии онҳо ҷавобгӯи талабот нестанд. Тартиби ташкил намудан ва гузаронидани саёҳатҳои фаннӣ ба талаботҳои барномаҳои таълимии ҳар як фан вобастагӣ доранд. Мехоҳам, дар зер намунае аз тартиби гузаронидани саёҳат аз фанни физикаро тавсия намоям: Ташкил намудан ва гузаронидани саёҳат асосан чор давраро фарогир аст:
1) Банақшагирии саёҳат;
2) Тайёрӣ барои гузаронидани саёҳат;
3) Гузаронидани саёҳат;
4) Гузаронидани ҷамъбасти саёҳат;
Саёҳат аз фанни физика ҳамчун узви ҷудонашавандаи раванди таълим бояд аз аввали соли таҳсил ба нақша гирифта шавад. Дар ин давра мақсад, мазмуну мундариҷа ва ҷои гузаронида шудани саёҳатро аниқ намудан лозим аст. Омӯзгори фанни физикаро дар давраи дуюми ташкил намудан ва гузаронида шудани саёҳат лозим меояд, ки корҳои зеринро анҷом диҳад:
а) Ӯ бояд масъалаи розигии роҳбарияти муассисаеро, ки дар он ҷои саёҳат гузаронида мешавад, гирад, рӯз ва вақти гузаронида шудани саёҳатро аниқ намояд, инчунин иҷозати роҳбарияти муассисаи таълимиро гирад ва масъалаи маблағгузории саёҳатро ҳал намояд;
б) Ӯ бояд дар назди хонандагон масъалаҳои мушаххаси таълимӣ гузорад, онҳоро бо рӯйхати саволҳо ва ҷавобҳои онҳо, ки ба мавзӯи саёҳат алоқаманд мебошанд, таъмин намояд. Омӯзгори фанни физика ба хонандагон теъдоди саволҳоеро пешкаш мекунад, ки бояд ба онҳо дар рафти саёҳат ҷавоб ёбанд. Ин ҷавобҳои хонандагон барои муҳокимаи натиҷаи саёҳат зарур мешаванд.
То рӯзи гузаронида шудани саёҳат хонандагон бояд тасаввур намоянд, ки дар рафти саёҳат ба чӣ чизҳо диққати махсус дода шавад ва ҳисоботи натиҷаи онро дар кадом шакл пешниҳод намоянд.
Аз рӯи он, ки омӯзгори фанни физика масъалахои асосии ташкил намудани саёҳатро анҷом додааст, дар давраи сеюми ташкил намудан ва гузаронида шудани саёҳат ӯ бояд, ки ба масъалаҳои риояи қоидаҳои бехатарӣ дар давраи саёҳат диққати зиёд диҳад. Масъулияти муҳофизати саломатӣ ва ҳаёти хонандагон дар рафти саёҳат ба зиммаи муаллим гузошта мешаванд, ки он бояд дар фармони директори муассисаи таълимӣ таҷассуми худро ёбад. Аз ин лиҳоз, муаллимро лозим меояд, ки дар тамоми ин давра рафтори хонандагонро тибқи дастурҳои додааш мушоҳида намояд.
Ниҳоят, давраи «Аз об баровардани ғалбер», яъне, гузаронидани ҷамъбасти саёҳат мерасад, ки ин давра дар муассисаи таълимӣ гузаронида мешавад ва ба ҳар як хонанда аз рӯи сифати ҳисобот ва рафтори ӯ дар давраи сеюм баҳогузорӣ карда мешавад.
Зарурати он расидааст, ки дар ҳама барномаҳои таълимӣ барои гузаронидани саёҳат соатҳои алоҳида ҷудо карда шаванд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Шунидан кай бувад монанди дидан».
Дар муассисаҳои таълимӣ гузаронидани чорабиниҳои гуногун доир ба мавзӯъи саёҳат ва сайёҳӣ имконият фароҳам меоранд, ки таълимро ба ҳаёти хонандагон алоқаманд созем, фаъолияти мушоҳидакорӣ, эҷодӣ, ташаббускорӣ ва азбаркунии донишҳои иқтисодии онҳоро тараққӣ диҳем.
М.ҒАФУРОВ,
саромӯзгори коллеҷи омӯзгории ДДқ ба номи Носири Хусрав, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр