Нашрияи Омӯзгор

Ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот

Сана: 2021-02-19        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

Дар соли таҳсили 2020  2021 муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон бо 2542 нафар кадрҳои равияи омӯзгорӣ таъмин гардиданд, ки 1097 нафари онҳо тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз макотиби олӣ ва миёнаи касбӣ фиристода шуданд. Инчунин 1445 нафар бе роҳхат ба кор ҷалб гардидаанд, гуфт Сайфулло Лутфуллоев, муовини сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ. Мавсуф илова кард, ки мувофиқи роҳхат бояд 1518 нафар дар муассисаҳои таълимӣ ҳозир мешуданд, аммо 421 нафар бо сабабҳои номаълум ба ҷойи кор наомаданд. Намояндагони расонаҳои хабарӣ оид ба шароити кору таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, сифати таҳсилот, ба ҷинояткорӣ даст задани ноболиғон, аз таҳсил дур мондани ҷавондухтарон, ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон, иҷрои барномаҳои давлатӣ, бунёди муассиса ва синфхонаҳои иловагӣ суолҳо дода, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд. Дар нишаст гуфта шуд, ки ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот аз вазифаҳои махсуси соҳаи маориф мебошад. Дар соли таҳсили 2020 – 2021 ба зинаи сеюми таҳсилот 53387 нафар, аз ҷумла, 25497 нафар духтарон фаро гирифта шуданд, ки 89 фоизи умумии ҷавондухтаронро дар бар мегирад. Шурӯъ аз соли 2019 роҳандозӣ шудани  як қатор тадбирҳои ғамхорона, аз қабили таъсиси Стипендияи раиси вилояти Хатлон барои 70 нафар хонандагони болаёқат (ҳар кадоме 200 сомонӣ), бо маблағи 3000 сомонӣ қадрдонӣ шудани директори муассисаи таълимӣ ва 10000 сомонӣ ҳар хонандае, ки синфи 11-ро бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра хатм менамояд, дастгирии кормандони соҳаи маориф, ки ба унвони номзад ё доктори илм мушарраф гардидаанд (3-5 ҳазор сомонӣ) аз тадбирҳое мебошанд, ки барои рушди соҳа ва махсусан, сифати таҳсилот таъсири хуб расониданд. С.АЗИЗӢ, “Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш