Нашрияи Омӯзгор

Факултаи муштарак таъсис дода мешавад

Сана: 2021-02-19        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

Дар нишасти матбуотии ДДҲБСТ, профессор Муъмин Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки дар соли таҳсили 20202021 ихтисосҳои информатика, омор, иқтисодиёт, сиёсатшиносӣ (фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ), фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, санҷиши судӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, соҳибкории иҷтимоӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва ихтисосҳои омӯзгорӣ: омӯзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика ва информатика, забонҳои англисӣ ва назарияи иқтисодиёт ҷорӣ шуда, ба онҳо 443 нафар донишҷӯ қабул шуданд. Ҷиҳати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ машғулиятҳо дар 16 гурӯҳи академӣ бо забони русӣ, 8 гурӯҳи академӣ бо забони англисӣ ва 2 гурӯҳи академӣ бо забони хитоӣ гузаронида мешавад. Дар донишгоҳ 4 нафар рисолаи докторӣ ва 14 нафар омӯзгори ҷавон рисолаҳои номзадиро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Дар Шӯрои диссертатсионии назди донишгоҳ  5 рисолаи илмӣ дифоъ гардид. Аз ҷониби озмоишгоҳи инноватсионӣ ва Парки технологии донишгоҳ тавассути барномаи “Пешсаф” 25 лоиҳаи донишҷӯён пешниҳод шуд, ки аз он 13 лоиҳа амалӣ гардид. Бахусус, дар доираи татбиқи амалии лоиҳаҳои “Пешбурди стартап”дар Тоҷикистон ва “Рӯҳбаланд ва ҳавасмандгардонии ҷавонон барои оғози бизнес” 70 нафар соҳибкори ҷавон ва 20 нафар омӯзгори 4 донишгоҳи вилояти Суғд ҷиҳати такмил додани барномаҳои иноватсионии соҳибкорӣ дар ДДҲБСТ ба омӯзиш ҷалб карда шуданд. Роҳбари донишгоҳ иброз намуд, ки бунёд ва ба истифода додани толори варзишии замонавӣ, бинои факултаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон, азнавсозӣ шудани даромадгоҳи бинои асосӣ, ба пуррагӣ аз таъмир баровардани маҷлисгоҳи бинои асосӣ, сафолакпӯш шудани атрофи биноҳои таълимии донишгоҳ ва майдонҳо, шинонидани дарахтҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ далели омодагии аҳли донишгоҳ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш