Нашрияи Омӯзгор

Илм сарчашмаи комёбиҳост

Сана: 2021-02-19        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

Мартабаи илм дар ҳама айём баланд будааст ва тамоми кишварҳои олам маҳз ба шарофати эътибори ҷиддию ҳамешагӣ ба илм ва фароҳамоварии шароит ба инкишофи он ба марҳилаҳои баланди тараққиёт расидаанд. Ниёгони мо илму донишро ситоиш кардаву  василаи обрӯю эътибор ва ҷойгоҳи шоиста дарёфтани одамон донистаанд. Агар устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ «Дониш андар дил чароғи равшан аст» гуфта бошад, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст: «Қуфлкушои ҳама дарҳост илм». Дар ҷумҳурии мо мартабаи илму дониш ҳамвора боло меравад ва мусоидатгар ба ин, албатта, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сарвари кишварамон ба илму дониш таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд ва худ, воқеан ҳам, дар сафи донишмандони асили мамлакат қарор доранд. Ба ин асарҳои пурмуҳтавои Президенти муҳтарам, аз ҷумла, «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллатҳастии миллат» гувоҳанд. Пешвои миллат зимни тамоми суханрониҳояшон, ҳангоми мулоқоту вохӯриҳояшон аз ҳамагон, махсусан, аз ҷавонон даъват менамоянд, ки ҳамеша аз пайи омӯзишу такмили дониш бошанд, асосҳои тамоми илмҳоро хуб донанд. Дар Паёми пешин ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019) Сарвари кишвар нақши барҷастаи илм, аз ҷумла, илмҳои дақиқро дар рушди минбаъдаи мамлакат таъкид карда, зимнан, солҳои 2020-2040-ро дар Тоҷикистон Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда буданд. Дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат боз ҳам ба ин масъала дахл карда, бештар равнақ бахшидан ба раванди илмомӯзиро дар тамоми ҷумҳурӣ тақозо намуданд. Бо ҳадафи татбиқи талаботи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 таҳия ва қабул карда шудааст. Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин дар Паём чунин таъкид намуданд: «Вазоратҳои молия, маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва вазорату кумитаҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавриди амалӣ намудани қарори зикршуда ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд ва ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои  риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешида, аз натиҷаи корҳо ба Ҳукумати мамлакат гузориш диҳанд». Сарвари кишвар вобаста ба такмили илмомӯзии наврасону ҷавонон ва аҳли таълиму тарбия, муҳаққиқону олимон боз ба як иқдоми тоза даст зада, пешниҳод карданд, ки ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад. Президенти муҳтарам таъкид намуданд, ки озмунҳои «ТоҷикистонВатани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баҳри бештар ба омӯзиш машғул шудани аҳли мамлакат мусоидат карданд ва ин рисолати онҳо минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Ҳамзамон Пешвои миллат изҳори умедворӣ бинмуданд, ки «дар озмуни навбатӣ «Илм-фурӯғи маърифат» истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд. Илм сарчашмаи комёбиҳост. Боварии комил дорем, ки Ватани азизи мо вобаста ба арҷгузорӣ ба илму дониш минбаъд боз ҳам ободу зебо ва пешрафта хоҳад гашт. 

Манзура ҚАНДОВА,
омӯзгори технологияи иттилоотӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш