Эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар қаламрави кишварамон заминаи зиндагии шоистаи мардум ва дарёфти ҳунармандони болаёқатро фароҳам овард. Эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, аз як ҷиҳат, воситаи ҷалб намудани сайёҳон ба манзараҳои зебои ватанамон ва зинда нигоҳ доштани анъана ва расму оини ниёгон бошад, аз як тарафи дигар, омили фароҳам овардани шароити хуби зиндагии мардум мебошад. Агар дар ҳама мавзеъҳои сайёҳии кишварамон макони савдои ҳунарҳои мардумӣ заргарӣ, зардӯзӣ, зардеворӣ, асбобҳои мусиқӣ, бозичаҳои гуногуни сафолин дар заминаи афсонаю ривоятҳои халқӣ, албомҳои манотиқи зебои кишварамон таъсис диҳем, ин худ яке аз ҳадафҳои аслии Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хоҳад буд. Боиси ифтихори мо, тоҷикон аст, ки Тоҷикистон азизамон дар радабандии ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввалин кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намудааст. Ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун таҷрибаҳои муфиди ҳаётӣ дар баробари таъмини ниёзҳои модию маънавии аҳли ҷомеа, инчунин, наёиш ё функсияи муҳими тарбиявиро низ иҷро менамояд. Наслҳои оянда тавассути шинос шудан бо ҳунарҳои суннатии ниёгон ва аз худ кардани онҳо сарнавишт, тарзи зиндагӣ, урфу одат, дину эътиқод ва орзуву ормонҳои наслҳои гузашта огоҳ мешаванд. Ба ибораи дигар, ҳунарҳои мардумӣ намегузорад, ки мо таърихи миллат ва Ватани худро фаромӯш кунем. Аз ин рӯ, таълими ҳунарҳои мардумӣ барои ҳалли мусбати масъалаҳои таҳкими рӯҳияи ватандӯстии аҳли ҷомеа, алалхусус, ҷавонону наврасон аҳамияти бузургро доро мебошад.
Норинҷон НОЗИРОВА,
омӯзгори мактаби №42-и шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр