Нашрияи Омӯзгор

Туризми экологӣ - асоси рушди устувор

Сана: 2018-07-12        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Дар айёми мо ду роҳи муайян намудани сохтори экологии туризм мавҷуд аст. Дар мавриди аввал экотуризм. Ин туризмест, ки объекти асосиаш табиат ёбоӣ мебошад.

Тарафдорони роҳи дувум пешниҳод, мекунанд, ки туризми экологӣ бояд ҳамчун намуди туризми устувор фаҳмида шавад. Агар дар умум фаҳмиши экотуризмро дарк намоем, ин роҳ нисбатан дурусттар мебошад, зеро ин намуди туризм дар асоси принсипҳои асосии рушди устувор асос ёфта, бомуваффақият амалӣ шуда истодааст. Ҳангоми бо мақсади экотуристӣ истифодабарии табиат, он ба деградатсияи захираҳо оварда намерасонад, чунки барои барқарор намудан ва ҳифзи онҳо, як қисми даромад, ки аз фаъолияти экотуристӣ ба даст оварда мешавад, истифода бурда мешавад. Ҳангоми фаъолияти экотуристӣ объектҳои туризм захираҳои ҳам пайдоиши табиӣ ва ҳам сунъӣ дошта метавонанд. Дар асоси таҳлилҳои мазкур шартҳои асосии туризми экологӣ муайян шуданд, ки онҳо чунинанд:

Экотуризм хоҳиши муомила намудан бо табиат тавассути саёҳатҳои мақсаднок ба ҷойҳои дастнорас ва камтағйирёфта мебошад.

Экотуризм бо таъсироти нисбатан пасти манфии худ ба муҳити табиат фарқ карда мешавад, аз ин рӯ, онро баъзан «туризми мулоим» низ меноманд. Маҳз бо ин мақсад, экотуризм намуди ягонаи истифодакунандаи захираҳои табиӣ дар ҳудудҳои махсуси муҳофизатшавандаи табиат мебошад.

Фаъолияти экотуристӣ таъсироти манфиро ба табиат ва фарҳанг пешгирӣ намуда, операторҳои сайёҳӣ ва сайёҳонро маҷбур мекунонад, ки ба масъалаҳои ҳифзи табиат ва рушди иқтисодӣ - иҷтимоӣ мадад расонанд.

Экотуризм -ин туризме мебошад, ки масъалаҳои истироҳат, вақтхушӣ ва маълумотнокии экологиро барои сайёҳон матраҳ месозад ва дорои қонуну қоидаҳои ҷиддии рафтор мебошад, ки итоат ба онҳо шароити принсипиалии рушди бомувафақияти соҳа ба шумор меравад.

Рушди экотуризм барои аҳолии маҳаллӣ муфид буда, бо манфиатҳои онҳо ва рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ мухолифат намекунад; мутаносибан, он чунин пешниҳодоте дошта бошад, ки аҳолии ҷомеаи маҳаллӣ на фақат ба сифати коркунони хизматрасонанда кор кунанд, балки дар ҳудуди ҳифзшаванда зиндагониашонро давом дода, тарзи хоҷагидории анъанавии пешинаашонро, ки реҷаи ҳифзи табииро таъмин менамояд, идома диҳанд.

Экотуризм ҳамчун қисми таркибии саноати туризм мебошад, ки он маҳсулоти сайёҳиро истеҳсол ва ба фурӯш бароварда, аз он даромад ба даст меоварад, ва ин даромадашро, пеш аз ҳама барои ҳифзи табиат ва беҳтар гардонидани некуаҳволии аҳолии маҳаллӣ истифода мебарад.

Мақсадҳои асосии экотуризм, маълумотнокии экологӣ, баланд бардоштани маданияти муносибатҳои байниҳамдигарии инсон ва табиат, коркарди меъёрҳои этикии рафтор дар муҳити табиӣ, тарбияи ҳиссиёти ҷавобгарии шахсӣ ба хотири ояндаи табиат ва элементҳои алоҳидаи он ва инчунин барқарор намудани қувваи табиӣ ва маънавии иисон, таъмин намудани истироҳати пурарзиш дар шароити муҳити табиӣ мебошанд. Ҳамин тариқ, риоя намудани шартҳои дар боло қайдшуда гарави рушди бомуваффақияти ин самти афзалиятноки фаъолияти сайёҳӣ мебошад                                                                                                                     Муҳимияти ҳудудҳои кӯҳистонро ба инобат гирифта, соли 2002 бо қарори Ассамблеяи Олии Созмони Миллали Муттаҳид «Соли Байналхалқии кӯҳ» ва «Соли Байналхалкии экотуризм» эълон шуд.

 

И.Мирзораҳимов,

муовини директори мактаби

№10-и шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш