Нашрияи Омӯзгор

Забони русиро амиқтар омӯзем

Сана: 2021-02-19        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад ва дар ин замина имконоти зиёди мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин самт «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қабул гардидааст. Забони русӣ вазифаи забони муоширати байни миллатҳоро дар қаламрави ҷумҳурии мо иҷро мекунад  ва дар муассисаҳои таълимӣ ба омӯзиши ин забон диққати махсус дода мешавад.  Дар замони ҷаҳонишавӣ донистани забони русӣ барои насли наврас аҳамияти махсусро касб кардааст ва ин забон роҳро ба омӯзиши ганҷинаи илму адаби ҷаҳон ҳамвор месозад. Дар баробари ин, он нафаре дар ҷомеа мавқеи шоиста пайдо мекунад, ки забонҳои хориҷиро ба таври аҳсан медонад. Аз ин рӯ, дар зинаҳои аввали таҳсил ба омӯзиши забони русӣ диқкати ҷиддӣ бояд дод ва аз методу усулҳои гуногун истифода бояд кард. Дар ин замина, нақши омӯзгор бузург буда, пеш аз ҳама, зарур аст, ки дар раванди тадрис пурра бо забони русӣ такаллум намояд. Омили мазкур аз чанд ҷиҳат ба таълими фарогири забон ба насли наврас мусоидат мекунад. Аввалан, нутқи онҳо зуд инкишоф меёбад. Дуюм, омӯзиши луғатҳои нав ва вобаста ба синну соли хонандагон тавсия намудани китобҳои бадеие, ки тавонанд бештар мутолиа намоянд. Ҳамчунин, бо истифода аз технологияи муосир пешниҳоди дарсҳои аудиовию видеоӣ ва слайдҳо манфиатовар аст. Ман дар дарсҳоям мунтазам кӯшиш мекунам, ки ҳама хонандагонро ба баён намудани андешаҳояшон водор намоям. Хонанда нодуруст сухан бигӯяд ҳам, бояд омӯзгор бо суханҳои хуб ва маслиҳатҳои судманд ӯро шавқманд намояд. Инчунин, тарҷумаи матнҳо ба азхудкунии забон мусоидат намуда, зеҳну шуур ва тафаккури хонандагонро сайқал мебахшад. Ҳар калимаи наве, ки онҳо азхуд мекунанд, дар раванди тарҷума чун «нақш дар санг» дар ёди онҳо мемонад. Хулоса, омӯзгор дар омӯзиши забони русӣ ва бо ин забон озодона сухан кардани хонандагон саҳми бузург дорад ва зарур аст, ки дар ин ҷода талошу заҳмат намуда, методу усулҳои фаъоли таълимиро самаранок истифода бикунад.

С. ЭЛЧИБЕКОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии литсейи №3 барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш