Нашрияи Омӯзгор

Дар 50 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе барномаи электронии «eDonish» фаъол гардонида мешавад

Сана: 2021-02-25        Дида шуд: 764        Шарҳ: 0

Аз  ҷониби  Корхонаи  воҳиди  давлатии «Шаҳри  ҳушманд»-и  (Smart  City) мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳри Душанбе  дар  50  муассисаи  таълимии  шаҳри Душанбе барномаи электронии «eDonish» фаъол гардонида мешавад. Сардори  раёсати  муассисаҳои  томактабӣ ва  миёнаи  умумии  Сарраёсати  маорифи шаҳри  Душанбе  Асомиддин  Бобозода  иброз дошт,  ки  бо  ташаббуси  Маркази  технологияи информатсионӣ  ва  коммуникатсияи  шаҳри Душанбе ва ҳамкории Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» ин барнома дар 5 муассисаи таълимӣ фаъол буда, дар 20 муассисаи дигар муаррифӣ гардидааст. Барномаи мазкур тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе  аз  6  августи  соли  2020  «Дар  бораи татбиқи  барномаи  электронии  «eDonish»  дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад. Барномаи  номбурда  бевосита  бо  ташаббуси созанда ва навоваронаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ —  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  бо мақсади  ҷорӣ  намудани  низоми  муосири иттилоотӣ  дар  муассисаҳои  таълимии  шаҳри Душанбе  бо  истифода  аз  технологияҳои иттилоотию  коммуникатсионӣ,  таъмини мунтазами  ҳамкории  муассисаҳои  таълимӣ  бо оила  ва  аҳли  ҷомеа  ва  дар  ин  замина,  баланд бардоштани  самаранокии  хизматрасониҳои давлатӣ  дар  соҳаи  маориф  ба  шаҳрвандон таҳияву амалӣ гардидааст. Барномаи  «eDonish»  хизматрасонии электроние мебошад, ки тавассути он волидони хонандагони  муассисаҳои  таълимӣ  аз  ахлоқу рафтор  ва  пешрафти  донишомӯзии  фарзандони худ  бо  истифода  аз  воситаҳои  иттилоотиву коммуникатсионии  муосир  ва  гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд. Ин  барнома,  ҳамчунин,  шомили  унсурҳои мухталифи  иттилоотӣ,  аз  ҷумла,  журнал  ва рӯзномаи  электронӣ,  ҷадвали  дарсҳои  асосӣ ва  иловагӣ,  назорати  давомоти  хонандагон  ва мониторинги сатҳи дониши онҳо мебошад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш