Нашрияи Омӯзгор

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ

Сана: 2021-02-25        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

22-юми феврали соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Шӯро Сатториён Матлубахон Амонзода ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои Шӯро-намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Прези- денти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор вазо- рату кумитаҳо ва ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ширкат намуданд. Д ар  ҷаласа  вобаста  ба  ра- ванди  тайёр  намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои самти  табиатшиносӣ,  дақиқ  ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии воқеъ дар шаҳри Ду- шанбе гузориши вазири маориф ва  илм  Муҳаммадюсуф  Имом- зода  ва  оид  ба  вазъи  омӯзиши фанҳои  табиатшиносӣ,  дақиқ  ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  касбии  ҷумҳурӣ  гузори- ши  муовини  якуми  вазири  мао- риф ва илм Муҳаммаддовуд Са- ломиён шунида шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки ра- ванди  омода  намудани  мутахас- сисон  аз  рӯи  ихтисосҳои  самти табиатшиносӣ,  дақиқ  ва  риёзӣ дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ дар 11 муассисаи таҳсилоти олии касбии  кишвар  ба  роҳ  мон- да  шудааст.  Дар  муассисаҳои мазкур,  дар  маҷмӯъ,  дар  34 факулта  аз  рӯи  205  ихтисос (бо  такроршавӣ)  дар  доираи 134  кафедраи  тахассусӣ  1437 нафар  омӯзгор  (580  нафар  до- рои  дараҷаи  илмӣ)  ба  беш  аз 33 ҳазор нафар донишҷӯ таълим медиҳанд. Ҷиҳати  баррасӣ  дар  ҷаласаи мазкур раванди омода намудани мутахассисон  аз  рӯи  равияҳои математика,  физика,  химия ва  биология  дар  муассисаҳои таҳсилоти  олии  касбии  воқеъ дар  шаҳри  Душанбе    мавриди омӯзиши  ҳамаҷониба  қарор  ги- рифт.  Аз  ҷониби  гурӯҳи  кории Дастгоҳи  иҷроияи  назди  Пре- зиденти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  Вазорати  маориф  ва  илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  ҷалби мутахассисони  касбӣ  моҳи  ноя- бри соли 2020 омӯзгорони самти табиатшиносӣ,  дақиқ  ва  риёзии муассисаҳои таълимии мазкур аз аттестатсия гузаштанд ва ҳайати омӯзгорон  барои  такмили  ихти- сос,  таълифи  китобҳои  дарсӣ  ва маводи  дигари  таълимӣ,  омо- да  намудани  мутахассисони соҳибкасб ва рафъи камбудиҳои дигар муваззаф гардиданд. Дар  се  соли  охир  дар Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон 142  номгӯй  китоби  дарсӣ  ва дастурҳои  таълимӣ-методӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  74  китоби  дарсӣ,  190  да- стури  илмӣ-методӣ,  Донишгоҳи славянии  Россия-Тоҷикистон 8  китоби  дарсӣ  ва  16  дастури таълимӣ  -  методӣ  ва  дар  фили- али  Донишгоҳи  давлатии  Мо- сква ба номи М. Ломоносов дар шаҳри  Душанбе  зиёда  аз  15  ки- тоби  дарсӣ  ва  дастури  методӣ- таълимӣ таҳия ва нашр гардида- аст. Айни  замон,  дар  ин муассисаҳои  таҳсилоти  олии касбӣ  шумораи  донишҷӯёни ихтисосҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва  риёзӣ  11779  нафарро  ташкил медиҳанд. Ҳамчунин,  иттилоъ  дода шуд,  ки  алҳол  дар  ҷумҳурӣ  78 муассисаи  таҳсилоти  миёнаи касбӣ  ба  таълиму  тарбия  ва омоданамоии  кадрҳои  зинаи миёнаи  касбӣ  машғуланд.  Аз теъдоди  умумии  коллеҷҳо  дар 57  муассисаи  таълимӣ  дар  за- минаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи  9)  донишҷӯ  қабул  карда мешавад,  ки  дар  баробари  ги- рифтани  тахассус  таҳсилоти  ми- ёнаи умумиро низ азхуд менамо- янд. Зимни баррасии масъалаҳо як қатор иштирокдорони ҷаласа ба музокира баромада, фикру анде- ша ва таклифу пешниҳодоти ху- дро иброз доштанд. Дар  охир  раиси  ҷаласа  во- баста  ба  татбиқи  саривақтии Фармони  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  (аз  31  январи  соли 2020,  №1445)  «Дар  бораи  Бист- солаи  омӯзиш  ва  рушди  фанҳои табиатшиносӣ,  дақиқ  ва  риёзӣ дар  соҳаи  илму  маориф»  эълон намудани  солҳои  2020-2040, бартараф  намудани  норасоии кадрӣ ва таъмини муассисаҳо бо омӯзгорон,  баланд  бардоштани сифати  таҳсилот,  мустаҳкам  на- мудани  базаи  моддию  техникӣ, такмили  ихтисоси  омӯзгорон, таъмини  муассисаҳои  касбӣ  бо китобҳои  дарсӣ,  истифодаи  тех- нологияи  муосир  дар  раванди таълим,  ҷалби  омӯзгорон  ба маҳфилҳои илмӣ ва чанде дигар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш