Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2021,№225,ш. Душанбе
Бо мақсади ташкил ва баргузор намудани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар анҷоми соли таҳсили 2020-2021 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2017, №1/26) мутобиқи моддаи 33-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва банди 11 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03.2014, №145 тасдиқ шудааст, ФАРМОИШ МЕДИҲАМ: 1. Машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 7 июни соли 2021 ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 14 июни соли 2020 ба анҷом расонида шавад. 2. Аттестатсияи аз синф ба синф гу- заронидани хонандагони синфҳои 4-8 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 15 июн то 22 июни соли 2021 гузаро- нида шавад (Замимаи 1). 2.1. Аттестатсияи аз синф ба синф гу- заронидани хонандагони синфҳои 5-8 ва 10-11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона аз 16 июн то 24 июни соли 2021 гузаронида шавад (Замимаи 2). 3. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 10 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (рӯзона) аз 16 июн то 22 июни соли 2021 аз рӯи фанҳои зерин гузаронида шавад (Замимаи 3). 3.1. Барои равияи умумӣ-“ Химия” (тест) - 16 июн, “Адабиёт” (эссе)-18 июн, “Алгебра” (хаттӣ) - 21 июн. 3.2. Барои равияи ҷамъиятӣ- гуманитарӣ ва зерравияҳои он: “Таъри- хи халқи тоҷик” (тест) - 16 июн, “Забони хориҷӣ” (шифоҳӣ) - 18 июн, “Адабиёт” (эссе)--21 июн. 3.3. Барои равияи табиӣ-математикӣ ва зерравияҳои он: -“ Химия” (тест) - 16 июн, “Забони русӣ” (шифоҳӣ)-18 июн, “Алгебра” (хаттӣ) - 21 июн. 3.4. Барои равияи технологӣ ва зерравияҳои он: “Технологияи иттилоотӣ” (тест)-16 июн, “Забони русӣ” (диктант)-18 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-21 июн. 4. Аттестатсияи аз синф ба синф гу- заронидани хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ғоибона (ба истиснои Муасси- саи ғоибонаи калонсолон ва наврасони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор) аз 15 июн то 23 июн аз рӯи фанҳои зерин гуза- ронида шавад: Барои синфи 10: “Забони русӣ” (дик- тант)-15 июн, “Адабиёт” (шифоҳӣ) - 17 июн, “Алгебра” (хаттӣ)--19 июн. Барои синфи 11: “Алгебра” (хаттӣ)-16 июн, “Таърихи халқи тоҷик” (шифоҳӣ)-18 июн, “Адабиёт” (эссе)-22 июн. 5. Аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 15 то 25 июни соли 2021 аз рӯи фанҳои зерин гу- заронида шавад: 5.1. Барои синфи 9 (таҳсили рӯзона): «Адабиёт» (эссе)-15 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-17 июн, “Забони русӣ” (дик- тант) дар синфҳои таълимашон бо за- бони тоҷикӣ, “Забони давлатӣ” (дик- тант) дар синфҳои таълимашон бо за- бони ғайритоҷикӣ -19 июн, “Биология” (шифоҳӣ) -22 июн ва “Физика” (шифоҳӣ) - 24 июн (Замимаи 4). 5.2. Барои синфи 9 (таҳсили ғоибона) «Адабиёт» (эссе)-16 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-18 июн, “Физика” (шифоҳӣ) -21 июн, “Забони русӣ” (диктант)-23 июн ва “Таърихи халқи тоҷик” (шифоҳӣ)-25 июн (Замимаи 4). 6. Аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯзҳои 15-28 июни соли 2021 аз рӯи фанҳои зе- рин гузаронида шавад (Замимаи 5). 6.1. Барои равияи умумӣ “Хи- мия” (тест) - 15 июн, “Забони хориҷӣ” (шифоҳӣ)-17 июн, “Адабиёт”(эссе)-19 июн, “Таърихи халқи тоҷик”(тест)- 22 июн, “Алгебра” (хаттӣ)- 24 июн, “За- бони русӣ” (шифоҳӣ) дар синфҳои таъ- лимашон бо забони тоҷикӣ, “Забони давлатӣ” (шифоҳӣ) дар синфҳои таъли- машон бо забони ғайритоҷикӣ-26 июн. 6.2. Барои равияи ҷамъиятӣ- гуманитарӣ ва зерравияҳои он: “Ҳуқуқи инсон” (тест) -15 июн, “Таърихи халқи тоҷик” (тест)-17 июн, “Адабиёт” (эссе)- 19 июн, “Забони русӣ” (шифоҳӣ) дар синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, “Забони давлатӣ” (шифоҳӣ) дар синфҳои таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ -22 июн, “Алгебра” (хаттӣ) -24 июн, “Забо- ни хориҷӣ” (шифоҳӣ)-26 июн. 6.3. Барои равияи табиӣ-математикӣ ва зерравияҳои он: “Химия” (тест) -15 июн, “Технологияи иттилоотӣ” (шифоҳӣ)-17 июн, “Адабиёт” (эссе)-19 июн, “Физика” (шифоҳӣ)-22 июн, “Ал- гебра” (хаттӣ)-24 июн, “Геометрия” (шифоҳӣ)-26 июн. 6.4. Барои равияи технологӣ ва зерравияҳои он: “Химия” (тест) -15 июн, “Технологияи иттилоотӣ” (шифоҳӣ)-17 июн, “Адабиёт” (эссе)-19 июн, “Физика” (шифоҳӣ) -22 июн, “Алгебра” (хаттӣ)-24 июн, “Биология” (шифоҳӣ)-26 июн. 6.5. Барои синфи 12 (таҳсили ғоибона): “Алгебра” (хаттӣ)-15 июн, “Забони хориҷӣ” (шифоҳӣ)-17 июн, “Таърихи халқи тоҷик” (тест)-19 июн, “Химия” (тест) - 22 июн, “Забони русӣ” (шифоҳӣ)-24 июн, “Адабиёт” (эссе) – 26 июн. 7. Ба директорони муассисаҳои таъ- лимие, ки зиёда аз 3 синфи мувозӣ (параллелӣ) доранд, иҷозат дода меша- вад, ки муҳлати аттестатсияи аз синф ба синф гузарониданро дар асоси қарори Шӯрои педагогӣ 3 рӯз тамдид намоянд. 8. Аттестатсияи аз синф ба синф гуза- ронидан ва хатм дар Мактаби байнал- милалии Президентӣ дар шаҳри Душан- бе, литсейи филиали Донишгоҳи давла- тии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Муассисаи таъ- лимии назди Ҷамъияти саҳомии шак- ли пӯшидаи Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ дар Тоҷикистон ва синфҳои таълимашон бо забони хориҷии мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо ба- рои хонандагони болаёқати мақоми ҷумҳуриявидошта тибқи муҳлатҳои муқаррарнамудаи фармоиши мазкур аз рӯи маводи пешниҳоднамудаи ин муассисаҳо баъди мувофиқа бо Марка- зи ҷумҳуриявии таълимию методии наз- ди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад. 9. Барои литсейи ҳарбии Вазорати му- дофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи генерал-майор М. Д. Тошмуҳаммадов ва Муассисаи давлатии гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ворисони Куруши Кабир” бо назар- дошти хусусияти таълими ҳарбӣ до- штан муҳлати аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм аз 15 июн то 30 июн муқаррар гардида, иҷозат дода мешавад, ки бо қарори Шӯрои педагогӣ иловатан аттестатсияи тахассусӣ (то 2 фан) ворид намоянд. 10. Аттестатсияи аз синф ба синф гу- заронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10 (ба истиснои саволномаҳои тестӣ барои хонандагони синфи 10) дар асо- си маводи пешниҳоднамудаи раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 5-11-и мактаби ғоибона ва аттестатси- яи хатми синфҳои 9 ва 11 (12) дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ново- баста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар асоси маводи пешниҳодкардаи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад. 11.Барои кӯдакони бемор ва дорои имкониятҳои маҳдуд, ки дар хона таъ- лим мегиранд, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм тибқи муқаррароти мавҷуда вобаста ба на- муди беморӣ ва дараҷаи дарсазхудку- нии онҳо дар мувофиқа бо раёсат ва шуъбаҳои маориф гузаронида мешавад. 12.Барои кӯдакони бемор ва имко- нияташон маҳдуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии барои онҳо пешбини- шуда таҳсил менамоянд, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар асоси маводи таҳиянамудаи муассисаи таълимӣ, дар мувофиқа бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. 13. Аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, но- вобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барои довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра дар ҳудуди муассисаи таълимие, ки довталаб дар он таҳсил мекунад, гузаронида шуда, натиҷаи он барои ташхис ба раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадах- шон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарра- ёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар муҳлатҳои муай- яннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод карда шавад. 14. Муассисаҳои таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ натиҷаи аттестат- сияи довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқраро дар ҳудуди муассисаи таълимие, ки довталаб таҳсил мекунад, гузаронида, барои ташхис бевосита ба Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо пешниҳод намоянд. 15. Ба сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадах- шон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарра- ёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардо- рони раёсат ва мудирони шуъбаҳои ма- орифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супорида шаванд, ки ҳуҷҷатҳои довта- лабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқраро тибқи талаботи муқаррарнамудаи Ни- зомномаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттеста- ти аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2014, №215) ва Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тил- ло ва нуқра мукофотонидани хатмкар- дагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушова- раи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.08.2019, 7/20) ба Мар- кази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо пешниҳод намоянд. 16. Сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ вазифадор карда шаванд, ки ҷадвали аттестатсияҳои аз синф ба синф гузаронидан ва хатми муассисаҳои таҳсилоти умумиро дар асоси фармои- ши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як моҳ пеш аз саршавии аттестатсия тасдиқ карда, муҳлати гузаронидани аттестатсияи такрорӣ (тобистона)-ро дар моҳи август муайян намоянд. 17. Ба Маркази ҷумҳуриявии таъли- мию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ш. Ёрмуҳаммадзода) супорида шавад: 17.1. Намунаи маводи аттестатсия (корҳои хаттӣ, саволномаҳои шифоҳӣ ва тест)-ро барои хатмкунандагони синфҳои 9, 11 ва саволномаҳои те- стиро барои хонандагони синфи 10 муассисаҳои таҳсилоти умумии ва синфҳои 9, 12 муассисаҳои таҳсилоти ғоибона сарфи назар аз шакли ташки- лию ҳуқуқӣ ҷиҳати омодагӣ ба аттестат- сия то 20 феврали соли 2021 таҳия наму- да, тибқи дархост то 20 марти соли 2021 ба раёсатҳои маорифи Вилояти Мух- тори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, литсей-интернат ва мактабҳои Президентӣ, литсей-интернатҳои давлатӣ барои хонандагони болаёқат, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои таълимии махсус дастрас намояд. 17.2. Нусхаҳои (вариантҳои) асосӣ ва захиравии корҳои хаттӣ, саволномаҳои шифоҳӣ ва тестиро барои хатмкунан- дагони синфҳои 9, 11 (12) ва хонанда- гони синфи 10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз ҷумла, ба равияҳои таълимӣ ва зерравияҳои он), сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ як моҳ пеш аз аттестатсия ба раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадах- шон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сар- раёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, литсей-интер- нат ва мактабҳои Президентӣ, литсей- интернатҳои давлатӣ барои хонанда- гони болаёқат, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои таълимии махсус дастрас намояд. 18. Директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ вазифадор карда ша- ванд, ки маводи иловагии аттестатсияи шифоҳии аз синф ба синф гузаронидан ва хат- мро, ки омӯзгорони фаннӣ дар асоси барномаҳои таълимӣ тартиб додаанд, як моҳ пеш аз саршавии аттестатсия бо тавсияи иттиҳодияҳои методӣ ва Шӯрои методӣ тасдиқ ва дар ҷойи махсус маҳфуз доранд. 19. Масъулияти махфӣ нигоҳ доштани нусхаҳои (вариантҳои) асосӣ ва захиравии корҳои хаттӣ, саволномаҳои шифоҳӣ ва тестиро барои хатмку- нандагони синфҳои 9, 11 (12) ва хонандагони син- фи 10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз ҷумла, ба равияҳои таълимӣ ва зерравияҳои он) ба зиммаи сардорони раёсат, мудирони шуъбаи маориф ва директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, но- вобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ вогузор кар- да шавад. 20. Сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои мао- рифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор карда шаванд, ки аз натиҷаи ҷамъбасти атте- статсия ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то 10 июли соли 2021 маълумотно- маи муфассал ирсол намоянд. 21. Раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ (Қ. Муҳиддинзода) вазифадор карда шавад: 21.1. Фармоиши мазкурро дастраси раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, литсей-интернат ва мактабҳои Президентӣ, литсей-интернатҳои давлатӣ барои хонандагони болаёқат, мактаб- интернатҳои ҷумҳуриявӣ, муассисаҳои таълимии махсус ва ғайридавлатӣ гардонад. 21.2. Дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти омодагӣ ва баргузории аттестатсияҳои аз синф ба синф гу- заронидан ва хатмро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷааш ба маҷлиси назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2021 маълумотнома манзур намо- яд. 22. Сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор” (Н. Нурализода) вазифадор карда шавад, ки фармои- ши мазкурро дар ҳафтанома ба табъ расонад. 23. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зим- маи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Л. Назирӣ гузошта шавад. Асос: Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонанда- гон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазир М. ИМОМЗОДА
Иловакунӣ
Иловакунии фикр