Дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф дар сиёсати Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон афзалиятнок эълон шуд ва корҳои зиёде дар ин самт ба анҷом расиданд. Баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия даҳҳо барномаи давлатӣ қабул гардид, ки барои азхуд кардани донишҳои муосир ба муҳассилин замина фароҳам меоранд. Ҳамин аст, ки сол то сол шароити муассисаҳои таълимӣ беҳтар ва дастоварди хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ бештар мегардад. Ба масъалаи маориф ва таълиму тарбияи худшиносиву худогоҳии миллии наврасону ҷавонон дар Паёмҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бо дастури Пешвои миллат озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ гардид, ки таваҷҷуҳи хонандагонро ба омӯзиш бештар ва масъулияти омӯзгоронро зиёд намуд. Озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба муаррифии соҳибистеъдодҳо мусоидат намуданд. Мо омӯзгоронро зарур аст, ки ҳангоми баргузории дарсҳо ба хонандагон муҳиммияти омӯзишро бифаҳмонем ва китобҳои мувофиқ ба синну соли онҳоро барои мутолиа пешниҳод кунем. Ҳангоми тадрис ман кӯшиш мекунам, аз китобҳои бадеӣ воқеаҳои хубу ибратбахшро ба хонандагон ба таври сода фаҳмонда, ба ин васила, шавқу рағбати шогирдонро ба мутолиа бедор намоям. Таҷриба нишон дод, ки хонандагон шавқманд мегарданд ва худашон мустақилона кӯшиш мекунанд, ки асарро ёфта мутолиа кунанд. Шоистаи таъкид аст, ки кишвари мо ба рушди саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 қабул гардид, ки як ҳуҷчати муҳим ҷиҳати рушди фанҳои бунёдӣ ба ҳисоб меравад, ки метавонад кишвари моро ба давлати рушдкардаву пешрафта табдил бидиҳад. Дар ин замина, дар ҷумҳурӣ озмуну олимпиадаҳои гуногун оид ба ба илмҳои дақиқ роҳандозӣ гардид, ки бешак, ба рушди илмҳои дақиқ мусоидат мекунанд. Ҳамчунин, дар Паёми Пешвои миллат вазоратҳои молия, маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва вазорату кумитаҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор шуданд, ки дар амалӣ гардидани ин барнома ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд ва ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд. Ба хотири фаротар омӯзонидани илмҳои дақиқ, ҷалб намудани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ба озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» такони ҷиддӣ дар ин самт хоҳад бахшид. Пешвои миллат бамаврид таъкид карданд, ки «ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад». Аз ин рӯ, мо омӯзгоронро зарур аст, ки наслеро ба камол расонем, ки дар рушду пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми босазо гузоранд.
Раҳмонқул НУРОВ,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №25-и ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр